Пайвандҳои дастрасӣ

“Фазоро боз кунед”. Чанд маслиҳати Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Номнависӣ барои парвоз ба Маскав дар фурудгоҳи Душанбе

Бонки Ҷаҳонӣ пас аз як таҳлил ва арзёбии вазъи авиатсияи Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар машварат додааст, ки ширкати ҳавопаймоии давлатиро хусусӣ карда, бозори авиатсияро ба пуррагӣ ба рӯи ширкатҳои байналмилалӣ боз намояд. Натиҷаи ин арзёбӣ ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа бо ҳузури вазири молия, намоянадгони Вазорати рушди иқтисод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Хадамоти зидди инҳисорӣ ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон шудааст.

“Тоҷик Эйрро хусусӣ кунед”

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои муаррифии натиҷаи “Арзёбии соҳаи авиатсия дар Тоҷикистон” ҳайати вижаи Бонки ҷаҳонӣ дар садри Кардула Ратоги, иқтисоддони аршади ин бонк доир ба нақлиёт ва сармутахасис Даниэл Сославский ба Тоҷикистон омада буданд. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми сентябр гуфт, хусусигардонии ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва либерализатсияи бозори авиатсия аз машваратҳои асосии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон буд.

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ омода нашуданд, ки шакли комили арзёбии хешро бо Радиои Озодӣ дар миён гузоранд.

Бархе аз мақомдорони тоҷик, ки дар муаррифии хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ иштирок доштанд, гуфтанд, бонк барои рушди арсаи авиатсия чанд машварат дод, вале барои иҷрои он ба Тоҷикистон маблағ ҷудо намекунад. Шералӣ Ганҷалзода, гуфт, “коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ вазъияти авиатсияро таҳлил карда, натиҷаи онро дар як презентатсия ба мо нишон доданд. Ин арзёбиро коршиносони мустақили кирокардаи Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додаанд. Онҳо ба Тоҷикистон вобаста ба талаботу таҷрибаҳои байналмилалӣ барои беҳтар кардани вазъияти авиатсия якчанд машварат доданд. Ин ба қавле “кумаки институтсионалӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ ба мост, аммо ҷудо кардани маблағ ва сармоягузории ягон лоиҳаро дар назар надорад.”

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Нархи гарони билетҳо ва таъхири парвозҳо

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон солҳост, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матубот барои гарон будани нархи билетҳо ва бебандуборӣ дар иҷрои парвозҳо танқид мешунаванд. Ахиран шикояти муштариёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз таъхири парвозҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” боз бештар шуд, ки ҳарду дар ними масири парвоз дар шаҳрҳои Қазоқистон фуруд омада, сӯзишворӣ мегиранд. Дар натиҷа мусофирон ба парвозҳои минбаъдаашон дер мекунанд ва барномаи сафарашон ба кишварҳои дигар вайрон мешавад.

Дар пайи ин шикоятҳо ҳафтаи гузашта ширкати “Сомон Эйр” расман изҳорот дод, ки бинобар камбуди маводи сӯхт дар Душанбе ҳавопаймоҳояш маҷбуранд дар ними масир барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд оянд ва аз ин рӯ ҳар парвоз аз Душанбе ба хориҷа бо як соат таъхир анҷом дода мешавад.

Сабаб танҳо дар корҳои таъмир дар полоишгоҳҳои нафти Русия аст, ки боис ба камбуди маводи сӯхт гашт. Баробари ба кор шурӯъ кардани корхонаҳои Русия ин мушкил рафъ мешавад

“Камбуди сӯзишворӣ муваққатист”

Аммо коршиносон ва собиқадорони авиатсия дар Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди шикоятҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои охир рушд карда, парки ҳавопаймоҳояшонро нав намуданд. Сӯҳроб Ҷӯраев, таҷрибадори соҳаи авиатсия, ки солҳои тӯлонӣ мудирияти ширкати “Тоҷик Эйр”-ро бар ӯҳда дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, новобаста аз интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва шикояти мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои охир дастовардҳои хубе доштанд. Ӯ гуфт, “муҳимтарин дастоварди ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар солҳои охир ин аст, ки ширкати “Сомон Эйр” ба узвияти IATA пазируфта шуд. Барои қабул шудан ба узвияти ин созмон сифати кори ширкати ҳавопаймоӣ тайи ду сол санҷида мешавад. Сатҳи хидматрасонӣ, бехатарӣ ва омилҳои дигар санҷида мешавад. Танҳо баъди ин ширкатро ба узвияти созмон қабул мекунанд.”

Ҷӯраев афзуд, камбуди маводи сӯхт, ки ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон айни замон бо он гирифторанд ва бо ин сабаб парвозҳояшон бо таъхир анҷом дода мешавад, муваққатист. “Ҳоло натанҳо ширкатҳои Тоҷикистон, балки ширкатҳои Қазоқистон низ аз камбуди сӯзишворӣ мушкил доранд. Танҳо ширкати “Остона Эйр” ахиран аз қатъи 50 парвозаш хабар дод. Сабаб танҳо дар корҳои таъмир дар полоишгоҳҳои нафти Русия аст, ки боис ба камбуди маводи сӯхт гашт. Баробари ба кор шурӯъ кардани корхонаҳои Русия ин мушкил рафъ мешавад”, - афзуд Ҷӯраев.

Айни замон ба Тоҷикистон 10 ширкати хориҷӣ, бо шумули “Turkish Airlines”, “Astana Air”, парвоз иҷро мекунанд.

Тоҷикистон айни замон ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”-ро дар ихтиёр дорад, ки аввалӣ ширкати давлатист. Ду соли қабл ширкати “Ист Эйр” ба далели бозхонд шудани муҷаввизи парвозаш аз сӯи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маҷбур шуд, Тоҷикистонро тарк кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG