Пайвандҳои дастрасӣ

Русия чархболҳояшро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. ВИДЕО


Ширкати “Чархболҳои Русия” дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 март қудрату тавоноии чархболҳои русиро нишон дод, то харидоре пайдо кунад. Харидорони эҳтимолӣ ҳам ниҳодҳои давлатӣ ба мисли Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буданд.

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол умедҳои Русия барои лағви таҳримҳо аз ҷониби ҳукумати нави Доналд Трамп дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барбод рафта ва ҳамакнун Маскав таваҷҷӯҳашро ба кишварҳои пасошӯравӣ мутамаркиз кардааст.

Чархболҳои тамғаи МИ-8АМТ, МИ-17А2 ва КА-226Т, аз чархболҳои пешрафтаи русист, ки дар кишварҳои зиёде ва бахусус Шӯравии собиқ харидор дорад. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки чархболҳои ба мисли МИ-8АМТ ва МИ-17А2 барои посбонии марзҳои кӯҳистонӣ мувофиқанд, вале зӯри кишвар ба харидани онҳо намерасад.

"Нархаш гарон аст"

Полковник Рустам Иброҳимов, муовини фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфт, “нархҳое, ки намояндагони ширкати Русия гуфтанд, барои Тоҷикистон хеле гарон аст. Ҳарчанд ин чархбол аз ҳамсонҳои хориҷии худ арзонтар мебошанд. Барои Тоҷикистон бояд имтиёзҳо дода шавад. Зеро сарҳадбонҳои тоҷик сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳимоя мекунанд”.

Гузоришро дар инҷо бубинед:

Зимни муаррифӣ мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам гуфтанд, ки чархболҳои русӣ барои шароити кӯҳистони Тоҷикистон созгор аст, зеро муҳаррикҳои нерӯманд доранд ва то 4-5 тонна бор мебаранд. Дар гармои беш аз 40-дараҷаӣ парвоз барояшон мушкилие надорад. Тарафи Русия мегӯяд, агар харидор дар Тоҷикистон пайдо шавад, шояд имтиёзе ба он дода шавад.

Рустам Иброҳимов
Рустам Иброҳимов

Олег Пилкевич, сардори Маркази таъиноти махсуси Кумитаи ҳолфатҳои фавқулодаи Русия гуфт, “дар чорчӯби ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Русия ва созмонҳое чун Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мумкин аст, нархи чархболҳо поин бурда шавад. Дар натиҷаи музокирот бо ширкати Русия имкон дорад қимати чархбол на бо пули нақд ва баякбор, балки қисм-қисм пардохт шавад”.

Аз 8 то 14 миллион доллар

Хайрулло Раҳимов, раиси кулли ширкати “Тоҷик Эйр” низ таъкид кард, ки чархболҳои Русия ба ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон мувофиқ буда, ҳоло ин ширкат бо масъулони Иттиҳодияи давлатии “Вертолёты России” шарту шароити воридоти ин воситаҳои нақлиёти ҳавоиро баррасӣ мекунад. Андрей Степанов, як масъули Иттиҳодияи давлатии “Вертолёты России” дар ин ҳамоиш гуфт, чархболҳои тамғаи МИ-8АМТ, МИ-17А2 ва КА-226Т бисёрсоҳавӣ буда, имкон дорад ба ҳайси мусофирбар бо 27 мусофир, борбар, наҷотдиҳанда ва “Ёрии таъҷилӣ” истифода шавад.

Олег Пилкевич
Олег Пилкевич

Қимати ин чархболҳо ба ҳисоби миёна аз 8 то 14 миллион доллар буда, дар сурати тағйир додани самтҳои фаъолияташ арзиши онҳо боло хоҳад рафт. Масалан, дар сурати истифодаи онҳо ба унвони “Ёрии таъҷилӣ” ба онҳо таҷҳизоти замонавии тиббӣ барои расондани кумаки аввалия насб мешавад, ки метавонад ҳамзамон ба 4 осебдида хидмати тиббӣ расонда шавад, эҳтимол баҳои чархбол то 3-4 ҳазор доллар боло равад.

Масъулони Иттиҳодияи давлатии “Вертолёты России” гуфтанд, ки ин чархболҳо дар Қазоқистон аз озмоиш гузашта ва дар соли ҷорӣ дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон аз санҷиш мегузаранд.

Ҳадаф - Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё?

Дар соли ҷорӣ ҳузури намояндагони соҳаҳои мухталифи Русия дар Тоҷикистон фаъол шуда ва ҳайатҳои ин кишвар аз Душанбе ва шаҳрҳои дигари он дидан карданд. Дар канори дидори расмии Владимир Путин ва Комиссияи муштараки иқтисодию тиҷоратии Русия ба раҳбарии Игор Шувалов, муовини нахуствазир дар охири феврали имсол, даҳҳо ҳайатҳои ниҳодҳои умури дохилӣ, гумрук ва соҳибкорон вориди Тоҷикистон шуданд. Ҳафтаи ҷорӣ ҳайати соҳибкорону ширкатҳои тиҷоратӣ имкони ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар миён гузоштанд.

Коршиносони мустақил далели таваҷҷӯҳи бештари Русия ба Тоҷикистонро ба талоши ин кишвар барои боло бурдани нуфузаш дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ташвиқи Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё марбут медонанд. Вале ба қавли коршиносони дигар, тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳое мисли Тоҷикистон барои Русия бештар зарурат ё ночорӣ аст.

Русия мехоҳад, ба марзи Афғонистон баргардад?

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол умедҳои Русия барои лағви таҳримҳо аз ҷониби ҳукумати нави Доналд Трамп дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барбод рафта ва ҳамакнун Маскав таваҷҷӯҳашро ба кишварҳои пасошӯравӣ мутамаркиз кардааст.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Вай гуфт, “бо ин вуҷуд, бовар надорам, ки Русия дар Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ дошта бошад. Танҳо ин кишвар қазияи Толибон ва вазъи ноороми Афғонистонро бо ҳадафи бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон бузург мекунад. Мумкин аст, Русия боз ваъдаҳои кумак ба Тоҷикистонро диҳад, вале то ба ҳол бештари ваъдаҳояш ҷомаи амал напӯшидаанд”.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дошта ва то соли 2005 ҳифозати ин марзро нирӯҳои марзбони Русия ба ӯҳда доштанд. Баъд аз хуруҷи ин нирӯҳо борҳо мақомоти баландпояи низомиву сиёсии Русия ба номуваффақ будани марзбонони тоҷик дар ҳимояти хатҳои марз ишора карда ва мавзӯи имкони бозгашти нирӯҳои марзбони рус ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро матраҳ карда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG