Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирорӣ ва тарсноки ҳавопаймои хатсайри Хоруғ-Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳавопаймои хатсайри Хоруғ-Душанбе пас аз як парвоз аз фурудгоҳи Хоруғ ба мушкил дучор шуда, дубора ба фурудгоҳ баргаштааст. Шоҳидон мегӯянд, ҳавопаймо баъди бархостан аз замин яктарафа шуд ва бисёре аз мусофирон сахт тарсиданд.

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, рӯзи 25 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ яке аз мусофирон зимни фуруди изтирорӣ осеб надидаанд ва мутахассисон дар пайи муайян кардани мушкили ҳавопаймо мебошанд.

Хонум Асланишоева аз қавли Шуҳрат Мақсудшоев, роҳбари нави Фурудгоҳи Хоруғ гуфт, “мутахассисони аз Душанбе тариқи чархбол ба Хоруғ омада, ҳавопайморо таъмир мекунанд. Мусофирони ин ҳавопаймо тариқи чархбол ба Душанбе фиристонда шуданд.”

Ҳавопаймо аз шаҳри Хоруғ парид ва муҳаррикаш дар ҳаво аз кор монд.

Яке аз мусофирони ҳавопаймо дар "Фейсбук" навиштааст, ки ҳангоми парвоз яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймои Ан-28 аз кор монд, вале хушбахтона халабонҳо онро беосеб нишонданд.

Мирзо Файёзов, яке дигар аз мусофирони ҳавопаймо, ки ҳамроҳ бо кӯдаконаш дар ҳавопаймо будааст, дар "Фейсбук" навишт, ки бисёре аз мусофирон сахт тарсиданд.

“Ҳавопаймо аз шаҳри Хоруғ парид ва муҳаррикаш дар ҳаво аз кор монд. Дар ҳавопаймо 25 мусофир бо шумули кӯдакон буданд. Бачаҳои ман ҳам дар дохили ин ҳавопаймо буд. Ҳама дар ҳолати шок қарор доранд. Худо нигаҳ дошт. Ҳавопаймо дар ҳаво яктарафа шуд ва боз ба Хоруғ баргашт” - менависад ӯ.

Ширкати "Тоҷик Эйр" ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст. Аз Душанбе ба Хоруғ ва баръакс ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” парвоз анҷом медиҳанд. Ширкат моҳи июли имсол эълон кард, ки барои азсар гирифтани парвозҳо ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон омода шудааст. Арзиши билет ба Хоруғ 680 сомонӣ аст.

XS
SM
MD
LG