Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашмакаши бебарқӣ дар як деҳаи Восеъ. ВИДЕО


Сокинони деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чанд рӯз ба ин тараф бо мақомот бар сари нерӯи барқ кашмакаш доранд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот бидуни иттилои қаблӣ, дар ин мавсими сармо онҳоро аз нерӯи барқ маҳрум карданд.

“Чӯби рахти хобамон як тарафаш комилан сӯхту лачха шуд. Матрас ҳам сӯхт, ҳамаҷо сӯхт” - Замира Ғафурова хабарнигори Радиои Озодиро ба дохили утоқаш бурд ва хонаеро нишон дод, ки аз беэҳтиётии кӯдаки хурдсолаш оташ гирифтааст.

Истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он на танҳо дар рустои Нонҷемаси Восеъ, балки дар тамоми Тоҷикистон мавзӯи доғ аст.

Писари 9-солаи Замира Ғафурова чанде пеш дар торикӣ тарсида, шамъ рӯшан кардааст, чун нерӯи барқ надоштаанд. Қариб тамоми хона оташ бигирад. Замира аз он хашмгин аст, ки маъмурони идораи барқи ноҳияи Восеъ сими барқи деҳаи онҳоро бурида ва мардумро дар торикӣ гузоштаанд. “Меоянд, бе протокол, бе ҳеҷ чиз сими барқи моро мебуранд. Мегӯянд, ки аз боло раис фармон дод“ – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

“Як бор огаҳ накарданд, ки чаро сими барқи моро буриданд. Як бор нагуфтанд, ки шумо ин тавр ҳастед, ё он тавр ҳастед. Мо одамони навхонадор, ина бубинед, кӯчаи моро чӣ хел аст”,- гуфт, Бунафша Аҳмадова ба кӯчае ишора кард, ки ҷангалзори симчӯбҳоро мемонад.

Дар ин кӯча се рӯз барқ набуд. Худи мақомот нахостанд, дар бораи сабабҳои қатъи нерӯи барқ дар деҳа бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд, вале ба мардум гуфтаанд, чун пули барқро напардохтаанд ва симчӯбҳояшон худсохту хатарнок аст, маҷбуранд, барқро қатъ кунанд.

Ин посухи маъмурони идораи барқ сокинонро қонеъ накарда, ба дари ҷамоат бурдааст. Гурӯҳе аз занони русто, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекарданд, ба ҳам навбат намедонанд ва аз он шикоят мекарданд, ки касе аз мақомот ба додашон намерасад.

"Дар ҷамоат будам, хонаамро писарам қариб оташ зад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

“Се рӯз шуд мо ба дари ҷамоат меравем. Ҳеҷ чора намебинанд. Ин дафъа гуфтем, ки меравем, сангшап мекунем, дигар чӣ кор кунем. Чора надорем. Ягон чора нест. Чӣ кор кунем, пеши кӣ равем” -гуфтанд онҳо ба Радиои Озодӣ.

Як мушкили дигар, ки тақрибан 50 хонаводаи деҳаи Нонҷемасро дар торикӣ гузоштааст, трансформатори камиқтидори деҳа аст, ки зуд-зуд аз кор мемонад. Аз онҳо хостаанд, ки трансформатори нав харида гузоранд. Маҳмад Холмирзоев, яке аз сокинони деҳа мегӯяд, агар мардум пулу имконият медоштанд, мунтазири касе наменишастанд.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Инҳо ҳама камбизоатанд, дасташон намерасад, 15 рӯз фурсат додаанд, ки пулашро бипардозанд, баъд боз мебуранд, халқ ба куҷо меравад.” Албатта халқ боз ба назди идораи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ меравад, ки деҳа шомили он аст. Вале ба иддаои сокинон, дар онҷо ҳам ба захмашон намак мепошанд.

“Вақте мо маслиҳатпурсӣ меравем, дуруст маслиҳат намедиҳанд, ки чӣ кор бояд кунем, ё накунем. Гапи қабеҳ мезананд, магар муомила чунин мешавад. Раиси ҷамоат моро дид мегурезад”,- гуфт, яке аз бонувони деҳа бо асабоният.

Истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он на танҳо дар рустои Нонҷемаси Восеъ, балки дар тамоми Тоҷикистон мавзӯи доғ аст. Маъмурон тақрибан ҳар рӯз барои гирифтани пули барқ пушти дари мардум меоянд ва мардум ҳам посухи мантиқӣ доранд.

“Халқ камбизоат аст. Баъзеашон аслан надоранд, афроди маълул бисёр доранд. Чӣ кор мекунем. Чаро ҳукумат ин қадар одамро ёрдам кардааст, дастгирӣ кардааст, наход барои ҳамин 40-50 нафар як трансформатор оварда часпонда наметавонад“,- гуфт, Марворид Рустам, яке аз сокинони Нонҷемас.

XS
SM
MD
LG