Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Узбекистон газро ба Тоҷикистон бо нархи биржаи ҷаҳонӣ мефурӯшад"


Дар ҷараёни ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон дар охири ҳафтаи гузашта, ширкатҳои газии ду кишвар дар бораи азсаргирии интиқоли гази тибии Узбекистон ба Тоҷикистон созишнома имзо карданд. Интиқоли гази табиӣ баъд аз тасвиби ин қарордод аз сӯи порлумонҳои ду кишвар шурӯъ хоҳад шуд.

Гази Узбекистон ба Тоҷикистон

Созишномаи интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон яке аз 16 санади ҳамкории имзошуда дар форуми соҳибкорони ду кишвар мебошад. Мақомоти ду ҷониб дар поёни рӯзи 9-уми март эълон карданд, ки ҳаҷми умумии созишномаҳои имзошуда 620 миллион долларро ташкил медиҳад ва яке аз онҳо марбут ба интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Cоли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расид ва руасои ҷумҳури ду кишвар ахиран эълон карданд, ки мехоҳанд ин рақам ба як миллиард доллар расонида шавад.

Раҳбарияти ширкати “Тоҷиктрансгаз” то замони тасвиби ин қарордод аз сӯи Маҷлиси намояндагон аз эълони ҷузъиёти ин санад худдорӣ мекунанд. Вале манобеи наздик ба раҳбарияти ширкати "Тоҷиктрансгаз" ва огоҳ аз ин созиш дар сӯҳбати бидуни микрофон рӯзи 13-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки минбаъд Узбекистон ҳар як ҳазор метри мукааб гази табии худро ба Тоҷикистон бо қимати биржаи ҷаҳонӣ мефурӯшад ва талаби пешпардохт, ки хоси замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон буд, дигар матраҳ нест.

Тибқи иттилои сомонаҳои биржаи ҷаҳонии сӯзишворӣ барои имрӯз ҳар як ҳазор метри мукааби гази табиӣ 263 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар соли 2012, замоне, ки Тоҷикистон бори охир аз Узбакистон газ дарёфт карда буд, 350 доллар арзиш дошт.

Шавкат Шоимов, муовини мудири кулли "Тоҷиктрансгаз" хабарҳо дар бораи 120 доллар арзиш доштани 1000 метри мукааб арзиш доштани гази воридотӣ аз Узбекистонро бепоя хонд. Ӯ гуфт, "то замони тасвиби қарордоди газӣ миён ду кишвар, вай наметавонад нархи аслии гази воридотӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистонро эълон кунад. Аммо дақиқ ин аст, ки нархаш 120 доллар нест. Бо ин вуҷуд метавонам бигӯям, ки нархи пешниҳодӣ қобили қабули ҷониби Тоҷикистон аст."

Қадами ҷиддӣ дар самти истиқлолияти энержӣ

Шамсиддин Ҷалолов, як ходими Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон 13-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ҷузъиёти ин созишнома ошно аст ва онро қадами ҷиддие дар самти дастрасӣ ба истиқлолияти энержии Тоҷикистон меномад.

Шамсиддин Ҷалолов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон.
Шамсиддин Ҷалолов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон.

Зеро, ба гуфтаи вай, воридоти гази табиӣ аз Узбекистон имкон медиҳад миқдори бузурги нерӯи барқ сарфа шуда, он ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шавад. Ба эътиқоди ин иқтисоддони тоҷик, минбаъд бештаре аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон метавонанд аз истифодаи ангиштсанг дар тавлидоти худ даст кашида, бо гази табиӣ маҳсулоти хушсифат истеҳсол кунанд.

Вай афзуд: "То ҳол мантиқӣ набуд, ки Узбекистон гази табииро ба кишварҳое мисли Чин мефурӯхт ва худ аз нерӯи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истифода мекард. Ҳамакнун Узбекистон гази табииро ба Тоҷикистон мефурӯшад ва бар ивазаш аз мо нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Ин амр имкон медиҳад ҳамзамон муҳити зист ҳам дар Узбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон ҳифз карда шавад".

Шаш сол бе гази Узбакистон

Ҳарчанд сокинони Тоҷикистон интизори интиқоли гази табиӣ ба манзилҳои худ ҳастанд, вале раҳбарияти ширкати "Тоҷиктрансгаз" дар гузашта гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал танҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон солона аз 350 то 800 миллион метри мукааб гази табиӣ аз Узбакистон ворид карда мешавад. Ҳарчанд то ҳол миқдори дақиқи ниёзи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба ин навъи сӯзишворӣ мушаххас нашудааст.

Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар тӯли 6 соли ахир бозори гази табиӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шуда, бештаре аз корхонаҳо ба истифода аз ангиштсанг авлавият медиҳанд. Ҳамзамон ба далели тахриби лӯлаҳои гази табиӣ дар бештаре аз манзилҳои сокинон интиқоли ин сӯзишворӣ ба хонаҳои мардум хатарнок дониста мешавад. Аммо раҳбарияти "Тоҷиктрансгаз" гуфтааст, ки солҳои баъдӣ баъд аз бозсозии ин лӯлаҳо имконияти интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинон низ имконпазир мешавад.

"Гази Узбакистон оби душанбегиҳоро гарм мекунад"

Баҳром Сироҷов, собиқ раиси ширкати "Барқи тоҷик" қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар сурати азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон, Маркази гармидиҳии пешини шаҳри Душанбе фаъол шуда, сокинони пойтахти Тоҷикистон метавонад бо оби гарм низ таъмин шаванд. Оби гарми марказонидашуда, ки сокинон онро солҳои тӯлонӣ пазмон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе соҳибназарон мегӯянд, ки ҳамкорӣ бо ҳукумати пешини Узбакистон ҳанӯз ҳам дар хотирот боқӣ мондааст ва дар амри иҷрои ин ва дигар тавофуқот, ҷониби Тоҷикистон самимият ва пойбандӣ ба ӯҳдадориҳоро мехоҳад. Аммо Шамсиддин Ҷалолов аз асри нави ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Узбекистон хушбин аст ва мегӯяд, ин ҳама таҳаввулот хеле рамзӣ ва пурмӯҳтаво мешавад ва мақомоти амалкунандаи ҳарду кишвар инро хуб дарк мекунанд:

"Ин ҳамкории якрӯза ё дурӯза нест. Ва бояд фаромӯш накард, ки ин ҳамкории ду ҷониб аст ва бояд ҳар ду тараф дар он нақши бештаре дошта бошанд. Бояд ҳарду кишвар аз сарватҳои ҳамдигар, яъне гази табиӣ ва нерӯи барқи арзон ба фоидаи иқтисод ва сокинонаш фаровон истифода кунад".

Ин дар ҳолест, ки соли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расида, руасои ҷумҳури ду кишвар ахиран эълон карданд, ки мехоҳанд ин рақам ба як миллиард доллар расонида шавад.

Гуфта мешавад, ки панҷоҳ дарсади ин маблағ ба ширкати “Талко”, тавлидкунандаи алюминий дар Тоҷикистон вобаста аст. Яъне, Узбекистон мехоҳад барои тавлиди алюминий ба ин ширкат гази табиӣ фурӯшад ва сипас бархе аз тавлидоти онро харидорӣ кунад. Аммо, раҳбарияти ин ширкат ҳанӯз ба истифода аз ангиштсанг авлавият дода, мегӯяд, ки қимати он барои "Талко" арзонтар аст.

XS
SM
MD
LG