Пайвандҳои дастрасӣ

Гази моеъ гаронтар шуд. Навбати роҳкиро ва маҳсулот? ВИДЕО


Дар Душанбе арзиши гази моеъ, ки 60 дарсади мошинҳои сабукрав аз он истифода мекунанд, дар ҳафтаи равон якбора 60 дирам боло рафт. Агар ҳафтае пеш як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд, ҳоло онро 4 сомонӣ мефӯрушанд.

Ронандагон мегӯянд, гази моеъ яке аз маводи арзонтарини сӯхт аст ва гарон шудани он, ба ҳамёни онҳо зарбаи сахт мезанад. Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо шудааст. Коршиносон мегӯянд, набуди рақобат ва берун шудани яке аз бозингарони аслӣ нархи гази моеъро боло бурд.

Мо аз ночорӣ гази моеъро истифода мебарем

Ҳасан Ҷалолов, хизматчии оддии давлатӣ, чанд сол қабл барои камхарҷтар шудани мошини “Опел”-аш онро ба гази моеъ гузаронд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, вақте бензин гарон шуд, ӯ қарор дод ё мошинашро фурӯшад ва ё аз баҳри мошинсаворӣ бигзарад. Маҳз қимати поини гази моеъ ба ӯ имкон медод, ки аз мошинсаворӣ даст накашад. Ҳасан Ҷалолов мегӯяд, акнун маҷбур аст мошинсавориро камтар кунад.

Ҳоло ҳам дигар чора надорем, газ қиммат ҳам шавад, маҷбур мешавем боз харидорӣ кунем, ҳарчанд он ба ҷайби мо таъсири бад мерасонад.

“Ман барои он аз газ истифода мебарам, ки нархаш нисбат ба бензин арзонтар аст. Яъне мо аз ночорӣ маҷбурем, ки аз гази моеъ истифода барем. Ҳоло ҳам дигар чора надорем, газ қиммат ҳам шавад, маҷбур мешавем боз харидорӣ кунем, ҳарчанд он ба ҷайби мо таъсири бад мерасонад.”

Рақобат вуҷуд дорад ва нарх сохтакорона боло нарафтааст

Баландравии нархи гази моеъ дар шаҳри Душанбе аз оғози ҳафтаи равон шуруъ шуд. Дар ҳафтаи равон қиммати гази моеъ дар Тоҷикистон аз 3,4 то ба 4 сомонӣ расид. Яке аз ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон “Фароз” то ҳол сабабҳои аслии гарон шудани газро шарҳ надодааст.

Масъулини Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон ниҳоди назораткунандаи нархи бозор мегӯянд, дар пайи дақиқ кардани сабабҳои гарон шудани нархи гази моеъ ҳастанд.

Гази моеъ гаронтар шуд. Навбати роҳкиро ва маҳсулот?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:39 0:00

Як масъули Раёсати танзими монополияҳои табиии Оҷонсии зиддиинҳисорӣ рӯзи 15 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳамаи ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ расман дархост фиристода, талаб кардаанд, ки сабабҳои гарон шудани нархи гази моеъро шарҳ диҳанд.

Ин масъули Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ба таври сохта ва аз ҷониби ширкатҳои алоҳида ба таври сунъӣ боло бурдани нархро рад карда мегӯяд, “ягон ширкат дар бозори гази моеъи Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармоӣ надорад.”

Азҷумла ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, дар бозори гази моеъи Тоҷикистон 16-17 ширкат ба ворид кардани ин навъи маҳсулот машғул мебошанд.

“Иддаои ширкатҳо: Узбакистон ва гарон шудани боҷӣ гумрукӣ”

Дар ҳоле, ки Оҷонсии зиддиинҳисорӣ аз шарҳи сабабҳои аслии гарон шудани қиммати гази моеъ худдорӣ мекунад, ки ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт омилҳои гуногунро боис ба гарон шудани ин навъи маводи сӯхт медонанд.

Дар ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар марз барои маҳсулоташон боҷи зиёдтар супурдаанд ва ба ҳамин хотир маҷбуранд, нархро боло баранд.

“Як ҳафта пеш дар мо умуман сӯзишвории гази моеъ набуд. Вақте бори нав омад он каме қиммат шуд. Дар гумрук қиммат шуд,”-афзуд ин масъули “Газпромнефт-Тоҷикистон”. Зимнан нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкат 4,10 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба дигар ширкатҳо гаронтар аст.

Тағоймурод Арипов, соҳиби чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе мегӯяд, мушкилӣ дар роҳи оҳани Узбакистон боис ба гарон шудани гази моеъ гардид.

Тағоймурод Арипов, ки чаканафурӯш аст мегӯяд, вақте аз ширкатҳои яклухтфурӯши гази моеъ сабабҳои гарон шудани онро пурсид, онҳо гуфтанд, ки дар Узбакистон роҳи оҳанро таъмир мекунанд.

“Ба мо гуфтанд, ки дар роҳи оҳанеро, ки тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон меояд таъмир мекунанд ва рӯзона танҳо 10 соат ба гузаштани поездҳо иҷозат медиҳанд. Ба мо ҳаминхел гуфтанд, дигар намедонам,”-афзуд Тағоймурод Арипов. Бино ба омори расмӣ моҳи сентябр ба Тоҷикистон бештар аз 22 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардаанд, ки дар муқоиса ба моҳи сентябри соли гузашта 30 дар сад камтар аст.

Баланд шудани нарх хосияти даллолӣ дорад

Таҳлилгарон ва огоҳони бозори маводи сӯхт дар Тоҷикистон мегӯянд, ягон асоси иқтисодӣ барои боло бурдани гази моеъ вуҷуд надорад.

Рустам Самиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, баландшавии нархи гази моеъ дар шароити феълӣ хосияти тиҷоратӣ ё даллолӣ дорад.

“Ба мо гуфтанд, ки дар роҳи оҳанеро, ки тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон меояд таъмир мекунанд ва рӯзона танҳо 10 соат ба гузаштани поездҳо иҷозат медиҳанд.

Ба қавли ҷаноби Самиев, “бозингарони асосии ин бозор аз ихроҷ шудани ширкати “Умед 88” истифода мебаранд. Вақте муштариён дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Умед 88” гази моеъ пайдо намекунанд, маҷбур мешаванд, ки ба ширкатҳои дигар муроҷиат кунанд. Ин ширкатҳо вақте афзоиши муштариҳо ва талаботро мебинанд, ба худ иҷоза медиҳанд ки нархи гази моеъро боло баранд. Сабабҳои дигари обективии иқтисодӣ барои боло бурдани нарх дар инҷо вуҷуд надорад.”

“Қимати гази моеъ баланд шуд. Навбат ба роҳкиро ва маҳсулот”

Баланд шудани нархи гази моеъ беш аз ҳама ронандагони мусофирбарҳоро нигарон кардааст. Ронандагони мусофирбарҳо дар шаҳри Душанбе ва атрофи он мегӯянд, баланд шудани нархи гази моеъ кори онҳоро зарарнок кардааст ва маҷбуранд ё нархи роҳкироро баланд кунанд ва ё аз баҳри мусофиркашонӣ бароянд.

Тибқи ҳисобҳо ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд. Сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз он маҳсулоте мебошад, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии мардум таъсири мустақим дорад. Баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар гузашта ба баланд шудани роҳкиро ва ҳамин тавр маҳсулоти бозор мерасонад.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG