Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати молия: "Хеле пеш аз болои "Умед 88" шикоят бурдаем"


Вазорати молияи Тоҷикистон баъд аз ду ҳафтаи моҷарои атрофи ширкати “Умед 88” ва боздошти раҳбаронаш, ба ҳодиса вокуниш ва тамоми масъулияти қазияи истифодаи пулҳои давлатро бори ин ширкати бензинфурӯш кард.

Масъулони вазорати молия, ки дар санадҳо ҳамроҳ бо “Умед 88” қарзгиранда зикр шудаанд, ҳоло мегӯянд, ки ширкати номдор “дархостҳои зиёди онҳоро барои бозгардони пулҳо нодида гирифт” ва билохира қазия додгоҳӣ шуд. Қазияи “Умед 88”, яке аз хушномтарин ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон ногаҳон рӯзи 14 октябр баъди интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ шуд.

Вазорати молия ба Суди иқтисодӣ, Додситонии кул ва Оҷонсии зидди фасод аз болои ширкати “Умед 88” шикоят бурд. Мо ба Суди олии иқтисодӣ замоне шикоят карда будем, ки раиси он Наим Мансуров буданд

Президент вазорати молияи Тоҷикистонро барои барнагардонидани даҳҳо миллион маблағҳои давлатӣ интиқод кард, ки барои ширкати хусусӣ 170 миллион сомонӣ қарз дода ин маблағҳо баргардонида нашудааст. Дар пай оҷонсии зиддифасод даст ба кор шуд, роҳбарони ширкат боздошт ва дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам шуданд. Коршиносон мегӯянд, ширкати “Умед 88” қурбони бозиҳои носолими рақибонаш шуд ва бо эҳтимоли зиёд роҳбаронашро тақдири дигар соҳибкорони зиндонӣ интизор аст.

“Вазорати молия: Моликияти “Умед 88” шояд мусодира шавад”

Вазорати молияи Тоҷикистон, ки тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод ҳамроҳ бо ширкати “Умед 88” аз ҶСК “Роғун” 171 миллион сомонӣ қарз гирифтааст, мегӯяд, феълан як комиссияи махсус қазияро омӯхта истодааст. Масъулони Вазорати молия танҳо баъди ду ҳафтаи оғоз шудани қазияи “Умед 88” ҳозир шуданд, ки дар ин бора мавқеашонро рӯшан кунанд ва тамоми гуноҳро ба гардани ширкат бор карданд.

Бахтиёр Қобилов, сухангӯи Вазорати молия рӯзи 27 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи санадҳои марбут ба ширкати “Умед 88” мавриди омӯзиши комиссияи махсус қарор гирифтааст. Ҷаноби Қобилов барканории чанд масъули Вазорати молия дар робита ба ин қазияро рад кард.

Сухангӯи Вазорати молия аз ширкати “Умед 88” интиқод кард, ки ба огоҳономаҳои онҳо аҳамият надод ва баҳс то суду додситонӣ кашида шуд:

“Онҳо як-ду моҳ не, балки сеюм сол рафта истодааст огоҳинома мегирифтанд. Баъд аз он ки сарвивақт маблағро надоданд, ҷаноби вазир супориш доданд, ба суди иқтисодӣ муроҷиат кунем. Вазорати молия ба Суди иқтисодӣ, Додситонии кул ва Оҷонсии зидди фасод аз болои ширкати “Умед 88” шикоят бурд. Мо ба Суди олии иқтисодӣ замоне шикоят карда будем, ки раиси он Наим Мансуров буданд,” - гуфт Бахтиёр Қобилов.

Наим Мансуров аз соли 2012 то феврали соли 2017 раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон буд.

Бахтиёр Қобилов гуфт, феълан баҳисобгирии амволи ширкати “Умед 88” идома дорад ва барои баргардондани пули буҷет шояд онҳо мусодира мешаванд. “То охирин тин пули буҷет бояд баргардонда шавад.”

Дар давоми ду ҳафтаи охир ҳеҷ як аз намояндагони ширкати «Умед 88» қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки дар баёноти худ дар боздошт ду раҳбар, сармуҳосиб ва се корманди дигари ширкат дар ин замина чӣ мегӯянд. Зоҳиран ин парванда ҳам пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

“Мо як қисм фоиз гирифтему тамом”

Қазияи қарзгирии ширкати “Умед 88” зоҳиран хеле қабл аз интиқоди раисҷумҳур оғоз шудааст. Масъулони ҶСК Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод ба ширкати “Умед 88” қарз додаст, мегӯянд, хеле қабл аз болои раҳбарияти ин ширкат ба додгоҳ шикоят карда буданд.

Бобохон Ҳасанов, як масъули ҶСК нерӯгоҳи “Роғун” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “як қисми фоизро гирифтем ва ҳоло ба суд муроҷиат кардем. Раванд рафта истодааст.” Ин масъули нерӯгоҳи “Роғун” гуфт, акнун бояд интизори натиҷаҳои тафтишот мемонанд.

“90 фоизи заправкаҳо кор намекунанд”

Дар ҳамин ҳол, кормандони ширкати бензинрасон мегӯянд, дар як ҳолати бӯҳронӣ ва бефаъолиятӣ қарор доранд. Шаҳром Содиров, як корманди ширкати “Умед 88” рӯзи 27 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дирӯз онҳоро аз кор рухсатӣ дода гуфтаанд, баъдан барояшон хабар медиҳанд, ки кай ба кор ҳозир шаванд.

Шаҳром Содиров гуфт, чанд рӯзи ахир дигар ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳсулот намеоранд ва ҳоло танҳо як нафар дар ин нуқтаҳо ҳамчун посбон меистад. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, тақрибан 90 дарсади нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Умед 88” аз кор мондаанд:

“Як моҳ мешавад, ки бензин надорем, ҳоло дигар солярка ва газ ҳам намеояд. Ҳозир як танзимгар ё газовшик омада хабар мегирад, тамом. Ҳоло ягон намуд маҳсулот надоранд”, - мегӯяд Шаҳром.

Шаҳром Содиров мегӯяд, дар ҳар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз 6 то 12 нафар кор мекард ва ҳоло қисмати бештари онҳо ҷойи корашонро аз даст доданд.

Қаблан низ кормандони “Умед 88” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се моҳ мешавад, ки ҳақмузди худро аз ин ширкат дарёфт карда наметавонанд.

Қарздиҳандаҳои калон дар канор монданд?

Паси панҷара рафтани раҳбарони ширкати “Умед 88”-ро гурӯҳе кори дасти рақибони онҳо дар бозори нафти Тоҷикистон медонанд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, баъди ин таъқибҳо яке аз бозингарони муҳими бозори нафти Тоҷикистон аз бозор ихтисор мешавад ва роҳро барои рақибон боз мекунад. Коҳиши рақобат ҳеҷ гоҳ барои пешрафти бозор манфиатовар нест, мегӯянд иқтисоддонон.

Нашрияи «Азия-Плюс» рӯзи 27 октябр навишт, ки дар қазияи мазкур гумонбарони асосии имзои созишномаи қарзӣ ду сохтори дигари бузургтар – Вазорати молия ва ҶСК «Роғун» мебошанд, вале то ҳанӯз хабаре дар бораи ба ҷавобгарӣ кашида шудани раҳбарони ин сохторҳо дар даст нест. Нашрия мегӯяд, тасмими ироаи қарзҳои калони давлатӣ ба як ширкати хусусӣ танҳо дар сатҳи раҳбарияти сохторҳои давлатӣ гирифта мешавад.

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст. “Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Ин ширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG