Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Ваҳдат мошини ҳомили гази моеъ ба коми оташ рафт. ВИДЕО


Дар натиҷаи таркиши як мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ як фурӯшгоҳи маводи сӯхт дар шаҳри Ваҳдат инфиҷор кард. Вазорати умури дохилаи гуфт, ки сабаби ин ҳодиса риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ аст. Ҳеҷ нафаре осеб надид. Шоҳидони ҳодиса ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мошини ҳомили газ ҳангоме таркид, ки бояд гази моеъро ба амбори гази ҳудуди истгоҳи маводи сӯхт интиқол медод.

Дар ҷои ҳодиса полис ва хадамоти сӯхторнишонӣ сафарбар шуда, роҳҳои наздики ин истгоҳи маводи сӯхт муҳосира шудааст. Тамбаи мошин мушоҳида мешавад ва ба раҳгузарон амр шудааст, ки дар масофаи дур ва бехатар аз макони сӯхтор қарор гиранд.

Шаби 30 ва 31 августи имсол ҳам бар асари таркиши як мошини ҳомили даҳ тонна газ дар минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, бинои Осоишгоҳи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдаконаи дилу тарбод, осеби ҷиддӣ дидааст. Ин ҳодиса соати 12-и шаби гузашта рух дод ва мақомот мегӯянд, ки таркиш талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Таркиши Ҳушёрӣ
Таркиши Ҳушёрӣ

Ба гуфтаи масъулон, дар пайи оташ гирифтани чархи ин мошин, забонаи оташ ба бушкаи даҳтонаи газ печида ва таркиш ба амал омадааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин таркиш бинову манзилҳо то 500-метрии ҷои ҳодисаро осеб расонидааст. Дар пай мақомот 39 кӯдакеро, ки дар Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбод дар Ҳушёрии Варзоб ба муолиҷа фаро гирифта шуда буданд, ба ҷои дигар интиқол доданд.

Мақомот мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо адами риояи қоидаҳои бехатарӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мешавад. Дар моҳи июли соли 2016 дар пайи таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар, як нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин мошин замоне таркид, ки дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд газашро холӣ мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG