Пайвандҳои дастрасӣ

Як сӯхтор ҳангоми ихроҷи гази моеъ дар шаҳри Ваҳдат, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мошини калони боркаш ва як сабукравро пурра ба коми оташ кашид ва яке аз шоҳроҳҳои муҳими кишварро барои чанд соат масдуд кард.

Ҳодиса соатҳои 12 зуҳри 7-уми сентябр дар нуқтаи фуруши сӯзишворӣ воқеъ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат сар зад. Роҳи муҳиме, ки маркази Тоҷикистонро ба шарқу ҷануби кишвар мепайвандад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат бо

Ҳоло сабабҳои оташсузӣ дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сафина” аз сӯи мақомоти тафтишотии шаҳри Ваҳдат таҳқиқ мешавад

радиои Озодӣ гуфт, “сӯхтор бо сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ихроҷи гази моеъ аз автомашинаи «Дулан», ба зарфҳои нигоҳдории газӣ” рух дода хисороти ҷонӣ дар пай надошт.

Аммо шоҳидон мегӯянд, сӯхтор ҳудуди ним соат идома кард ва бо сабаби зиёд будани алангаи оташ ба сухторнишонҳо саривақт муясар нашудааст саривақт оташро хомуш кунанд. Ҳарчанд мақомоти оташнишонӣ мегӯянд, ба ҷои ҳодиса шаш мошини оташхомушкунӣ сафарбар шуда ҳатто яке аз онҳо бо 40 тонна захираи об дар лаҳзаҳои аввали оташсӯзӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст. Аммо бо вуҷуди талоши оташхомӯшкунҳо, таҷҳизоти техникии нуқтаи сузишворӣ ва ду мошини дар он ҷо бударо аз коми оташ наҷот наёфт.

Шоҳидони ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор дар лаҳзаҳои аввал хеле даҳшатнок буд ва аналнгаи он то даҳ метр ба фазо печид. Акмал, як шоҳиди ин оташсузӣ гуфт, то хомӯш кардани оташ роҳи мошингузар аз ҳарду ҷониб муваққатан дар масофаи то 200 метр баста шуд, ки тамбашавии зиёди мошинҳо ба амал омад.

Хисорот ҳисоб нашудааст

Ҳоло сабабҳои оташсузӣ дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сафина” аз сӯи мақомоти тафтишотии шаҳри Ваҳдат таҳқиқ мешавад. Яке аз ин масъулон, ки нахост номаш оварда шавад, гуфт ҳар лаҳза хатари таркиши мошини пур аз газ ҳангоми оташсӯзӣ имкон дошт. Аз ин хотир онҳо барои эҳтиёт дар маҳаллаи аҳолинишин, ки дар пушти ин нуқтаи фурӯши сузишворӣ ҷойгир буд ва садҳо сокинон зиндагӣ мекарданд, ду мошини оташхомӯшкуниро дар ҳолати омодабош қарор доданд.

Дар ҷойи ҳодиса поккорӣ идома дорад ва мақомот мегӯянд, рӯзҳои наздик ҳаҷми хисороти ин ҳодисаро эълон мекунанд. Аммо маълум аст, ки молики нуқтаи фурӯши газ ба ин зудиҳо онро барқарор карда наметавонад, чун тамоми таҷҳизоту абзори он аз байн рафтааст. Бори дуввум аст, ки дар зарфи камтар аз 10 рӯз дар Тоҷикистон мошини маводи сӯхт оташ мегирад.

Шаби 30 ва 31 августи имсол ҳам бар асари таркиши як мошини ҳомили даҳ тонна газ дар минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, бинои Осоишгоҳи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдаконаи дилу тарбод, осеби ҷиддӣ дидааст.

Як ҳафта пеш таркише дар Ҳушёрӣ шуд
Як ҳафта пеш таркише дар Ҳушёрӣ шуд

Мақомот мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо адами риояи қоидаҳои бехатарӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мешавад. Моҳи июли соли 2016 дар натиҷаи таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар, як нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шуданд.

Мақомот мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо адами риояи қоидаҳои бехатарӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мешавад. Дар моҳи июли соли 2016 дар пайи таркиши як мошини ҳомили газ дар ноҳияи Бохтар, як нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин мошин замоне таркид, ки дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд газашро холӣ мекард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG