Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷиктрансгаз": "Имкони бозпас додани қарзро надорем" ВИДЕО


Додгоҳи иқтисодии Душанбе қарор кард, ки корхонаи давлатии “Тоҷиктрансгаз” бояд ба вазорати молияи Тоҷикистон 10 миллион сомонӣ маблағи қарз ва наздики 6 миллион сомонӣ ҷаримаи қарзи дар соли 2011 гирифтаашонро, бозпас диҳад. “Тоҷиктрансгаз” ин қарорро, ки ҳафтаи гузашта содир шуд, қисман қабул дорад, вале мегӯяд, ки танҳо баъд аз дубора фаъол шудани кори ширкат, имкон пайдо хоҳад кард, ки ин маблағро баргардонад.

"Шароити молии ширкат фарқ мекунад"

Баъди ду ҳафтаи шурӯи бозрасиҳои фаъолияти ширкати таъминкунандаи маводи сӯхти "Умед 88", ки ба иттиҳоми мақомот, бо вазорати молияи Тоҷикистон 170 миллион сомонӣ маблағҳои ҶСК “Роғун”-ро соли 2015 гирифта барнагардондааст, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ширкати газро ба бозпас додани қарзи гирифтааш аз ин вазоратхона, муваззаф кардааст.

Масъулини корхонаи “Тоҷиктрансгаз” мегӯянд, ки дар сурати азсар гирифтани интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон, ин ширкат метавонад ҳамаи қарзҳои худро бозпас диҳад.

Олимҷон Раҳимов, сармуҳосиби ширкати “Тоҷиктрансгаз” рӯзи 30 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қарори Додгоҳи иқтисодии пойтахтро тасдиқ кард. Вай гуфт,“Тоҷиктрансгаз” қабул дорад, ки ин қарзро бояд баргардонад, вале шароити молии ин ширкат фарқ мекунад.

Сармуҳосиби ширкати "Тоҷиктрансгаз" афзуд, ки қарзро бояд баргардонанд, вале ҳоло корхонаи онҳо чунин имкониятро дар ихтиёр надорад, зеро, аз соли 2013 ба ин тараф онҳо ба интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон машғул нестанд.

"Қарзи гирифтаи мо барои пардохти маблағи гази истифодашуда аз сӯи корхонаҳои бузурги саноатӣ ба мисли “Лаъл”, “Талко” ва ғайра масраф шудааст. Ҳатто додгоҳ ҳукм кардааст, ки танҳо корхонаи “Лаъл”, ки дар Хуҷанд машғули тавлиди зарфҳои шишагӣ буд, аз корхонаи мо беш аз 6 миллион сомонӣ қарздор мондааст",-афзуд вай.

Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Олимҷон Раҳимов гуфт, ки «Тоҷиктрансгаз» бо сабаби надоштани маблағ аз соли 2013 «дар реҷаи нигаҳдорӣ» қарор дорад, ки ба маънои мутаваққиф шудани фаъолияташ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, буҷаи ин ширкат чор соли охир ба сифр баробар аст ва инро ҳукумат медонад. Дар давоми шаш соли баъди қарзи гирифтаи ширкат аз вазорати молия, «фоидаи аҳдшиканӣ» ё фоизи пардохтношуда аз истифодаи маблағи қарз 5 то 6 миллион сомонӣ афзудааст.

"Трансгаз" шикоят мебарад

Ҳоло, бо назардошти воқеиятҳои ҳоли ширкат, маъмурияти “Тоҷиктрансгаз” тасмим гирифтааст аз ин қарори додгоҳ ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад. Зеро ситонидани ҷарима барои пардохти қарз дар ҳоли фаъол набудани худи корхона мантиқан ва қонунӣ дуруст нест. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар расонаҳои Тоҷикистон аз Вазорати молия ба унвони даъвогар дар чанд қазияҳои иқтисодӣ ном бурда мешавад.

Як ҳафта баъди интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати молия иддао кард, ки ба ширкати хусусии “Умед 88” ду сол пеш беш аз 170 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро қарз додааст ва ширкат бояд онро бозпас диҳад. Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон аз қарзҳои ширкати “Талко”, бузургтарин корхонаи саноатии кишвар низ баёнияҳои шадидуллаҳн пахш карда буд.

"Вазорат ба чӣ асосе ширкатҳои хусусиро сармоягузорӣ мекунад?"

Шамсиддин Ҷалолов, таҳлилгари иқтисодии тоҷик бар ин назар аст, ки баъд аз расонаӣ шудани ин қазияҳо фаъолияти Вазорати молия ба бозбинӣ ва таҷдиди сохтор ниёз дорад. Вай гуфт, барои ӯ тааҷҷубовар аст, ки Вазорати молия ба чӣ асосе корхонаву ширкатҳои хусусиро сармоягузорӣ мекунад.

Шамсиддин Ҷалолов.
Шамсиддин Ҷалолов.

"То ҷое ман огаҳӣ дорам, ширкатҳои хусусӣ бояд танҳо аз бонкҳо қарз бигиранд, на аз будҷа. Гузашта аз ин, маълум мешавад, ки Вазорати молия мутахассисони сатҳи баландро дар ихтиёр надоранд, ки тавонанд вазъи молии корхонаву ширкатҳоро дуруст арзёбӣ карда, имкони пардохти қарзҳои додаашонро пешгӯӣ кунанд. Фаъолияти “Тоҷиктрансгаз” аз оғоз чандон шаффоф набуд ва мутахассисон бояд раҳбарияти Вазорати молияро аз хатарҳои пардохтнашуани қарзҳои додаашон огаҳ месохтанд",-афзуд Шамсиддин Ҷалолов.

"Агар Узбакистон газ бидиҳад, қарзро бозпас медиҳем"

Дар ҳамин ҳол масъулини корхонаи “Тоҷиктрансгаз” мегӯянд, ки дар сурати азсар гирифтани интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон, ин ширкат метавонад ҳамаи қарзҳои худро бозпас диҳад. Олимҷон Раҳимов хабар дод, ки қарор аст рӯзи сешанбе мудири кулли “Тоҷктрансгаз” барои ширкат дар даври дувуми музокироти азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон, озими Тошканд шавад. Ба гуфтаи вай, дар пайи баргузории марҳилаи аввали ин музокирот Тоҷикистон ҳаҷми гази табиии мавриди ниёзи худро муқаррар кардааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар марҳилаи аввал, ки эҳтимол дорад соли 2018 шурӯъ шавад, Тоҷикистон танҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои корхонаҳои саноатӣ, бахусус корхонаи тавлиди доруҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Вахш аз 200 то 600 миллион кубометр гази табийиро аз Узбакистон харидорӣ кунад. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Раҳимов ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст то он замон хатти ҳудудуи 60 километри интиқоли гази табиӣ дар минтақро бозсозӣ кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG