Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гаронии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон таваррумро бештар кард"


Болоравии нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон боис ба афзоиши таваррум ваё инфлятсияи пул шудааст. Бонки Миллии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта мизони таварруми пулро дар моҳи июли имсол шарҳ дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии Бонки Миллӣ, "мизони таваррум дар моҳи июл ба 2,3 банди фоизӣ" баробар шудааст.

Арманистон соли 2010 ин сиёсатро пеш гирифт. Гурҷистон хеле пештар сиёсати “фазои боз”-ро пеш гирифт. Дар натиҷа мусофиркашонӣ дар Арманистон 50 дарсад бештар шуд ва нархи билети ҳавопаймо хеле поин омад.

"Нархи билет 47 дарсад афзуд"

Ба гуфтаи масъулони Бонки Миллӣ, сатҳи таваррум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 дарсад бештар аст ва яке аз омилҳои болоравии таваррум якбора гарон шудани нархи билети ҳавопаймоҳост.

Бино ба арзёбии Бонки Миллӣ дар моҳи июл нархи билети ҳавопаймоҳо якбора 47 дарсад ва қимати чиптаи Душанбе - Маскав 60,2 дарсад гарон шуд.

Якбора гарон шудани нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон падидаи нав нест ва ҳар сол бо фаро расидани мавсими муҳоҷират чиптаҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳангоми бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба кишвар боло меравад.

Мавсим - аз баҳор ба тобистон

Имсол Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, ки маҳдудиятҳое нисбат ба муҳоҷирони корӣ ба ҳамроҳ дошт, мавсими сафари муҳоҷиронро каме ба қафо андохт. Бо анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол муҳоҷирон якбора роҳ сӯи Русияро пеш гирифтанд ва чиптаҳои ҳавопаймоҳо низ якбора то 4,5 ҳазор сомонӣ гарон шуд.

Ин бори аввал аст, ки афзоиши якбораи нархи билети ҳавопаймоҳо боис ба афзоиши таваррум шуда ва онро Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам эътироф кардааст.

Муштариёни асосӣ: муҳоҷирон

Муштариёни асосии билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон муҳоҷиронанд, ки пулҳои интиқолкардаашон ба кишвар бақои иқтисод шинохта мешавад. Аммо як бахши аъзами пулҳои ба сад машаққат ба даст овардаи муҳоҷирон сарфи хариди билети ҳавопаймо мешавад. Дар оғози мавсими муҳоҷират қимати чиптаҳо то ҳадде гарон мешавад, қи қисме аз муҳоҷирон маҷбуранд барои хариди он қарз бигиранд.

Чанде аз созмонҳои хурди қарзӣ ҳам - барномаҳои вижаи қарздиҳиро барои муҳоҷирон пиёда кардаанд ва ба онҳо барои хариди чиптаи ҳавопаймо қарз медиҳанд. Баҳраи ин гуна қарзҳо аз 30 дарсад кам нест, аммо бо вуҷуди фоизҳои гарон муҳоҷирон ночоранд қарз гирифта ба муҳоҷират раванд.

"Баъзеҳо аз одамон қарз мегиранд, ман - аз бонк"

Нозим Шарифов, муҳоҷири кории тоҷик аз деҳаи Миршикорон, 10-килотмерии канори шаҳри Душанбе мегӯяд, пулҳое, ки дар анҷоми мавсим аз Русия бо худ меорад, аксар вақт тамом мешаванд ва дар оғози мавсим маҷбур аст, қарз гирифта чипта харад.

“Дар деҳаи мо нафароне ҳастанд, ки қарз медиҳанд, лекин фоизаш хеле баланд аст - 50 дарсад. Баъзеҳо аз ҳамин хел одамон қарз гирифта билет мехаранд. Ман аз бонк қарз мегирам. Дарсадаш андаке пасттар аст - 32 фоиз. Ҳамин ки пул кор кардам, ба завҷам мефиристам, то қисм-қисм қарзи маро баргардонад”, - мегӯяд Шарифов.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, нархи билети ҳавопаймо хеле гарон аст, вале ӯ ва садҳо муҳоҷири дигар ба ҷуз харидани чипта чораи дигаре надоранд. “Бо автобус ё поезд рафта мешавад, арзонтар аст. Лекин бисёр вақт яке дар Русия кор пайдо мешаваду занг мезананд, ки пагоҳ ё ҳафтаи дигар расида биё. Наравӣ аз кор мемонӣ. Барои ҳамин, маҷбурем бо ҳавопаймо равем”, - иброз дошт ин муҳоҷири корӣ.

Тоҷикистон кай "сиёсати фазои боз"-ро пеш мегирад?

Иқтисоддонҳо мегӯянд, бо назардошти онки аксари муштариёни нақлиёти ҳавоӣ муҳоҷиронанд, ҳукумати Тоҷикистон ба нархи нақлиёти ҳавоӣ бояд ба ҳайси як хадамоти муҳими иҷтимоӣ, ба мисли нархи нерӯи барқ ва ё қимати орду равған муносибат кунад.

Акрамшо Холбобоев, иқтисоддони тоҷик, ки таҷрибаи кор дар ширкатҳои ҳавопаймоиро дорад мегӯяд, нархи чиптаи ҳавопаймо дар зиндагии ҳазорон нафар муҳоҷири кории тоҷик сахт таъсир дорад. Ба ҳисоби миёна як муҳоҷир то 30-35 дарсади даромадашро сарфи хариди чипта мекунад.

Ин иқтисоддон мегӯяд, бо назардошти ин, Тоҷикистонро зарур аст сиёсати “фазои боз”-ро дар арсаи ҳавпаймоии шаҳрвандӣ пеш бигирад, ки иҷозаи вуруди ҳама ширкатҳои бузурги ҳавпаймоиро ба бозори кишвар дар назар дорад.

Таҷрибаи Арманистону Гурҷистон

“Бубинед, Арманистон соли 2010 ин сиёсатро пеш гирифт. Гурҷистон хеле пештар сиёсати “фазои боз”-ро пеш гирифта буд. Дар натиҷа мусофиркашонӣ дар Арманистон 50 дарсад бештар шуд ва нархи билети ҳавопаймо хеле поин омад. Ҳоло аз Арманистон чиптаи рафту бозгашт ба Маскавро бо нархи 190 доллар харидан мумкин аст”, - шарҳ дод ӯ.

Холбобоев мегӯяд, агар Тоҷикистон ҳам "сиёсати фазои боз"-ро пеш бигирад, ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ вориди бозор мешаванд ва рақобат ба вуҷуд меояд, ки боиси поин рафтани нархи чиптаҳо мешавад. “Ин на танҳо ба фоидаи муҳоҷирон хоҳад шуд, балки боиси афзун шудани сайёҳон ба кишвар ҳа мегардад”, - иброз дошт ӯ.

Ҳароси Тоҷикистон аз чист?

Як хавфи эҳтимолии сиёсати “фазои боз”-ро масъулони соҳаи авиатсияи Тоҷикистон дар гузашта заъфи ширкатҳои ҳавпаймоии ватанӣ хонда буданд, ки дар сурати ба бозор ворид шудани ширкатҳои бузург эҳтимол ба рақобат тоб наоварда варшикаста шаванд. Аммо Холбобоев мегӯяд, давлат бо роҳи арзон кардани хидматрасониҳои фурудгоҳ ба ширкатҳои ватанӣ ваё додани имтиёзҳои андозӣ метавонад, ширкатҳои ватаниро аз варшикаста шудан эмин дорад.

Тоҷикистон айни замон ду ширкати ҳавопаймоӣ - “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” –дорад, ки аввали ширкати давлатӣ ва дувуми хусусӣ аст.

XS
SM
MD
LG