Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Маскав, шумораи мусофирони қаторҳо дар ин самтро ба маротиб боло бурдааст. Масъулини Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон далели дигари ҷалби таваҷҷӯҳи дубораи мусофирон ба қатори самти Маскавро ироаи тахфиф дар нархи роҳкиро мегӯянд.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи соли равон тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофиронро ба манзил расондааст, ки дар қиёс ба 3 соли пеш, се баробар бештар будааст.

Анвар Латифзода, сардори котиботи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, агар мусофирон аз 40 то 31 рӯз пеш билет харидорӣ кунанд, барои онҳо 900 сомонӣ ва агар 21 рӯз қабл чипта харанд, барои онҳо то 700 сомонӣ камтар аз нархи умумӣ, тахфиф пешниҳод мешавад.

Анвар Латифзода афзуд, ҳамакнун шумораи мусофироне, ки тариқи қатор сафар мекунанд, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 163 дарсад афзудааст. Ба гуфтаи вай, дар гузашта, мусофирон ба далели мушкилоти роҳ, бо қатор камтар ба Русия сафар мекарданд ва тарҷеҳ медоданд, ки бо ҳавопаймо сафар намоянд.

Аммо як сабаби ба қатор рӯ овардани мусофиронро метавон ба тангдастиашон рабт дод. Орзугул Рафиева, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, қимати билети ҳавопаймо ҳоло 4550 сомонӣ буда, тавоноии хариди онро надорад ва бинобар ҳамин, бо 1335 сомонӣ чиптаи қатор харида ба Русия меравад.

Мусофироне, ки тоза аз Маскав бо қатор баргаштанд, мегӯянд, шароити сафар бо қаторҳои Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Ҳоло таваққуфҳои тӯлонӣ дар роҳ, махсусан марзҳо аз байн рафтааст ва қатор дар рӯз ва соати муқаррашуда ба Душанбе мерасад.

Муносибати сард миёни Тошканду Душанбе дар чанд соли пеш боиси монеагузориҳои ҷиддӣ дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мешуд. Ба изофаи манъи тӯлонии қаторҳои ҳомили бор дар марзи Узбакистон, ҳатто қаторҳои мусофирбар низ дар қаламрави ин кишвар соатҳо тафтиш ва ҳатто мусофирон таҳқиру таҳдид мешуданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар баробари ин кореро анҷом дода наметавонистанд ва ин мушкилро таҳаммул мекарданд.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи соли равон тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофиронро ба манзил расондааст, ки дар қиёс ба 3 соли пеш се баробар бештар будааст. Дар гузашта бинобар мушкилоти роҳ, хусусан дар марзи Узбакистон ва Русия, мусофирон аз сафар бо қатор парҳез мекарданд. Аммо ҳоло сафар бо қатор аз Душанбе ба Маскав барои муҳоҷирон дигар дардисарсоз нест ва ба роҳатӣ метавонанд сафар намоянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG