Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи мақомот ба шикояти сокинон: Нархи барқ 15% афзуд ва... ВИДЕО


Посухи мақомот ба шикояти сокинон: Нархи барқ 15% афзуд ва...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Идораи барқи шаҳри Хуҷанд барои расидагӣ ба шикояти сокинон дар мавриди зиёд ҳисоб шудани маблағи истифодаи нирӯи барқ 10 гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Дар пайи шикоятҳои сокинони Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сардори идораи шабакаи барқи маркази вилояти Суғд рӯзи 12-уми январ як нишаст баргузор кард ва ин мушкилро ба рӯзноманигорон шарҳ дод.

Бархе шиква доранд, ки имкони дар давоми як моҳ пардохт кардани ин маблағҳоро надоранд.

Беш аз 500 сокини маркази вилояти Суғд ба мақомот шикоят бурдаанд, ки барои моҳи декабр пули барқи манзили онҳо аз моҳҳои қаблӣ то ду баробар ва аз ин ҳам бештар ҳисоб шудааст.

Қабл аз ин, гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди идораи барқи ин маҳал таҷаммӯъ карда, сабаби дар моҳи декабр “зиёд пул задани ҳисобкунаки барқ”-ро аз мақомот талаб карда буданд. Ба гуфтаи сокинон, агар масалан, моҳи ноябр барои нерӯи барқ 150 – 200 сомонӣ пардохт карда буданд, ҳоло ба 300 ва зиёдтар аз он “чек”-и истифодаи нирӯи барқ дарёфт кардаанд. Бархе шиква доранд, ки имкони давоми як моҳ пардохт кардани ин маблағро надоранд.

Рустам Пӯлодов, сардори идораи барқи Хуҷанд, гуфт, барои расидагӣ ба шикоятҳои сокинон 10 гурӯҳи махсуси иборат аз мутахассисон таъсис дода шудааст. Ӯ гуфт, ин гурӯҳҳо ба хонаҳои мардум рафта, вазъро шарҳ медиҳанд.

Пӯлодов якбора боло рафтани пули истифодаи нирӯи барқро ба сардтар шудани ҳаво дар моҳи декабр ва зиёд кор бурдани асбоби барқӣ рабт дод. Ӯ гуфт, ягон мавриди биноба вайронӣ ё кадом нуқси дигари ҳисобкунаки барқӣ бештар ҳисоб шудани пули истифодаи барқ ошкор ва сабт нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, “дар моҳи соли гузаштаи 2016, сокинони Хуҷанд ҳудуди 47 миллион киловатт/соат нерӯи барқ ва моҳи охири соли гузаштаи 2017 беш аз - 52 миллион киловатт/соат нерӯи барқро истифода карда, мутаносибан наздики 7 ва 9 миллион сомонӣ маблағи барқ ҳисоб карда шудааст.” Вай инчунин гуфт, аз моҳи октябр нархи барқ 15 дарсад афзуда, ин омил низ ба ҳисоби пули истифодаи барқ таъсир гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки як сол пеш сокинон аз афзоиши нархи барқ шикоятми ҷиддие надоштанд. Имсол сокинон аз хеле боло рафтани маблағе, ки бояд пардохт кунанд, нигаронӣ доранд.

Дар маркази вилояти Суғд 2 сол қабл ба таври озмоишӣ ва бори нахуст дар Тоҷикистон насби ҳисобкунакҳои барқӣ ба манзилҳои сокинон шурӯъ шуда, дар моҳи ноябри соли 2017 анҷом ёфтааст.

XS
SM
MD
LG