Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба номусам таҷовуз кард." Даъвои як духтар ба зидди падараш

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як духтари 17-сола аз ноҳияи Косон дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон мегӯяд, дар даҳсолагӣ аз тарафи падараш мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифта, аз тарси он ки ба модар ва хоҳару бародаронаш осебе нарасад, солҳои зиёд сукут кардааст.

“Моҳи ноябри соли 2019 маро ба хонаи ҳамсари дуюмаш бурд, то фарзандони ин занро нигаҳбонӣ кунам. Занаш аз хона рафт. Падарам талаб кард, ки дар меҳмонхона либосамро бадар кунам. Ман розӣ нашудам. Бо зӯр ба номусам таҷовуз кард," – нақл кард ӯ. Бахши узбекии Радиои Озодӣ ин духтарро ба таври мустаор Дилбар номидааст.

Падари Дилбар соли 2019 бо гуноҳи дуздӣ ба ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуда, моҳи сентябри соли 2025 пеш аз муҳлат озод шуд. Дилбар иддао дорад, ки падараш пас аз раҳоӣ аз зиндон бори дуюм ба номусаш таҷовуз кардааст.

Ҳоло аъзои хонадон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аммо иттиҳоми таҷовуз ба номус дар он нест.

“Гуфтанд, ин ҷиноятҳо ҳукуматро беобрӯ мекунад”

Ба иддаои бобои Дилбар, роҳбарони маҳаллӣ, муовини раиси ноҳияи Косон дар умури занон ва додситони ноҳия кӯшиш кардаанд, ки бо роҳи гуё “оштӣ” додани духтари ноболиғ ва падараш парвандаро бибанданд.

Танҳо пас аз ошкор шудани ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ, 29-уми июни соли 2026, Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Косон бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси шахсе, ки ба синни 18 нарасидааст (банди “б”, қисми 3, моддаи 118-и Кодекси ҷиноии Узбекистон), парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Вале ба қавли наздикони ҷабрдида, ҳоло парванда бар асоси азобу шиканҷа додани ноболиғ, таҳдид ба куштан ё истифодаи зӯроварӣ ва бисёрзанӣ айб эълон шудааст. Ба гуфтаи вакилони мудофеи Дилбар, парвандаи ҷиноие, ки бар асоси таҷовуз ба номуси шахси ноболиғ оғоз шуда буд, беасос ва ғайриқонунӣ қатъ карда шудааст.

Бобои Дилбар ҳам гуфт: “Ҳама, раҳбарони маҳалла, милиса ва ҳукумат бо як овоз мехоҳанд, ки ҷонибҳоро ба ҳам оварда, ба мусолиҳа расонанд. Ба ақидаи онҳо, ин гуна ҷиноятҳои вазнин ҳукуматро беобрӯ мекунад. Аз ин рӯ, мехоҳанд қазияро хомӯш кунанд.”

Бахши узбекии Радиои Озодӣ чанд рӯз пай дар пай ба телефони мобилии муовини додситони ноҳияи Косон Лазиз Ҳақбердиев, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок дорад, занг зад. Аммо ӯ ҳар дафъа бе посух тамосро қатъ мекард. Ҳоло парвандаро додрас Ф. Юсупов баррасӣ мекунад.

Пешниҳоди ҷазои сахттар

Дар Узбекистон мавридҳои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ зиёд рух медиҳанд. Аз ҷумла, хабари зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба духтари панҷсола дар кӯдакистони ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон дар моҳи сентябри соли 2026 боис ба эътирози шадиди ҷомеа гардид.Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корманди масъули корҳои хоҷагии кӯдакистон ҳамчун гумонбар ба ҳабс гирифта шуд.

Саида Мирзиёева, роҳбари дастгоҳи ҳукумат ва духтари раисҷумҳури Узбекистон, рӯзи 27-уми сентябр ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, гуфт, на танҳо шахси содиркунандаи ҷиноят, балки масъулоне низ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, ки амнияти кӯдакро таъмин накардаанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 14-уми октябр қонунеро имзо кард, ки ба ҳимояи кӯдакон аз зӯроварӣ равона шудааст. Тибқи тағйироте, ки аз 15-уми октябр эътибор пайдо карданд, барои таҷовуз ба кӯдаки то 14-сола ва дигар ҷиноятҳои вазнини зӯроварии ҷинсӣ аз 15 то 25 сол зиндон ё ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Таҷовузи духтари худ, ё иддаои бардурӯғи фарзанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG