Пайвандҳои дастрасӣ

Як мард дар Узбакистон ба таҷовузи духтари даҳсолааш муттаҳам шуд


Сокини 35-солаи минтақаи Андиҷони Узбакистон ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ алайҳи духтари 10-солааш муттаҳам мешавад. Дар ин бора идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар доданд.

Биноба гузориши бахши Узбакии Радиои Озодӣ, ки рӯзи 2 январ пахш шуд, дар бораи дастдарозии падар ба духтари даҳсолааш бори аввал холаи ин духтарак огоҳ шуд. Ӯ баъди дидани ин саҳна модар ва хоҳари духтарро огоҳ кард.

"Дар тӯли 10 моҳ модари духтар борҳо рафтори шавҳарашро назорат кард ва аломатҳоеро дарёфт, ки фаротар аз муҳаббати як падар бо духтар буд. Баъди комилан мутмаъин шудан модар ба пулис муроҷиат кард",- гуфт холаи ин духтарак ба Радиои Озодӣ.

Пулис парванда боз кард ва падарро таҳти боздошт қарор дод. Дар идораи пулс ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парванда аз рӯи банди 119-и қонуни ҷиноии Узбакистон боз шуд ва агар падар муҷрим эътироф шавад, ӯ дар ростои аз 15 то 20 соли зиндон қарор хоҳад гирифт.

Як манбаъ дар пулиси Андиҷон, ки нахост номаш ошкор шавад гуфт, ки падар бо истифода аз нотавонии духтараш, аз моҳи декабри соли 2016 ӯро таҷовуз кард. Ин ҳолат соли 2017 низ сурат гирифтааст. Ҳоло маълум нест, ки вазъи сиҳатии духтараки 10-сола баъди таҷовузҳои бамаротиб чигуна аст. Хонаводи ӯ нахост бо хабарнигори "Озодлик" сӯҳбат кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG