Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси таҷовуз ба номус. Падар боздошт шуд, духтар қасди худкушӣ кард


Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Суғд шикояти як духтари 19-соларо таҳқиқ мекунанд, ки иддао дорад падараш ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Мард моҳи сентябри имсол дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳ аст. Масъулони созмони ҷамъиятии "Гулрухсор", ки аз ҳаққи ин духтар ҳимоят мекунанд, гуфтанд, "санҷиши тиббию додгоҳӣ вуҷуди ҳодисаро тасдиқ кард". Аммо тафтишот идома дорад. Дар Тоҷикистон соли 2017 беш аз 50 ҳолати таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки дар муоқиса ба соли аз ин пеш бештар будааст. Маълумоти нав дар ин бора ҳанӯз дастрас нест.

Духтари 19-сола дар ҳолати асабонияти шадид ҳафтае пеш дар як бемористони Хуҷанд бистарӣ шуд. Саргузашти ӯ на танҳо наздикон, балки пизишкон ва мақомоти милисаро "ваҳшатзада кардааст".

Ӯро шартан Гулнора ном мебарем (Ҳувияти ин духтар ба Радиои Озодӣ пурра маълум аст, аммо бо далелҳои ахлоқӣ нашр намешавад). Ба гуфтаи худи ӯ ва ҳимоятгарон, "се моҳ пеш падар барои бароварда кардани ниёзҳои шаҳвонии худ, рӯи Гулнораро бо зӯр ба девор пахш карда, дар ҳолате ки духтарро аз пушт зер карда буд, эҳтиёҷи худро қонеъ кардааст. Пардаи бакорати духтар осеб надидааст."

Баъди талоши худкушии духтар дар дарёи Сир дар таърихи 17-уми сентябр, раҳгузаре монеи ин кор шуд ва духтарро ба назди нозирони минтақавии пулис бурд. Санҷиши тиббию додгоҳӣ, ки бо талоши ходимони пулис барпо шудааст, расман гумонбари таҷовуз ба номуси фарзандаш будани падарро тасдиқ кард. Назари вакили мудофеи мард дастрас нест. Хоҳару бародарони мард ин вазъиятро туҳмат меноманд.

Ҳоло падари чаҳор духтар дар боздоштгоҳ аст ва таҳқиқи қазияро додситонии аз ноҳияҳои вилояти Суғд пеш мебарад. Духтар мегӯяд, хешовандони мард ба қурбонии озори ҷинсӣ фишор меоранд, ки аз даъво даст кашад.

"Моҳи сентябр буд..."

Гулнора мегӯяд, ҳодиса миёнаҳои моҳи сентябри имсол рух дод. Падар, ки ҳанӯз аз чанд сол пеш одат дошт ба тани духтари ҷавонаш даст занад, ин навбат ӯро шабонгоҳ ба хонаи хоби худ даъват кард. Гулнора рӯзи 2-юми декабр Озодӣ гуфт, "соати 11-и шаб ҷеғ заданд. Намеравам гуфтам. Модаркалонам "рав" гуфтанд. Ҷогаҳашон андохтагӣ будааст. Маро дурӯғ ҷеғ зада, ин корро карданд. Нарасед, ман духтаратон гӯям, се-чаҳор бор ба девор заданд. Ман беҳуш шудам. Ҳамон вақт (таҷовуз) карданд."

Аз Гулнора пурсидем, оё талош кард бифаҳмонад, ки ин кори падар бо духтар раво нест? Ӯ гуфт: "Агар шикоят кунӣ, милиса худатро панҷ сол зиндонӣ мекунад, давлат ба ту бовар намекунад гуфтанд. Ба модарам ҳам гуфтам, бовар накарданд. Ҳама бо ман чап шуданд."

Гулнора мегӯяд, хешовандони падар – модаркалон, амакҳо ва аммаҳо баъди боздошти падараш ӯро зери фишор қарор доданд. Вай гуфт, дар баробари амакҳову аммаҳо, модаркалон - модари падараш ҳам ҳеч намехоҳанд бовар кунанд, ки ин шикоят ҳақиқат дорад ва агар ҳам буд, падар “набояд зиндонӣ шавад”.

“Бӯса мекарду ба оғӯш мекашид”

Дар суҳбат бо равоншиносони созмони ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” дар Хуҷанд, ки Гулнораро бо кумакҳои тиббию ҳуқуқӣ таъмин кардаанд, ин духтар гуфтааст, хонандаи синфи 9-и мактаб буд ва аз ҳамон замон падар ба баданаш даст мезад. Гулнора мегӯяд, вақте хоҳари калониаш ба тӯйи арӯсӣ омода мешуд, ба модараш гуфтааст, "хайрият аз ин хона духтар берун меравам". Баъди боздошт шудани падар, хоҳари калонӣ ҳам ба пулис нақл кардааст, ки падар ӯро ҳам аз пушташ таҷовуз кардааст.

Гулнора бо сабаби нодории хонавода баъди синфи 9 мактабро тарк кард ва хонанишин шуд. Мегӯяд, аз замоне ки худро мешиносад, медонад, ки падару модараш мушкили нирӯи чашм доранд, гӯши модараш вазнин аст, аз ин хотир, онҳо кор намекунанд ва зиндагиашон аз пайи нафақаи волидон мегузарад. Духтар мегӯяд, дар гузашта вақте ба модараш талош мекард бифаҳмонад, ки падар бо ӯ рафторҳои ғайриахлоқӣ мекунад, бефоида буд. Ҳоло модараш мегӯяд, шояд он замон бо сабаби бемориҳояш дарди духтарро дуруст дарк накарда буд.

"Наздикони модаррам бовар мекунанд, тарафи падарам не. Амакам баъди боздошти падар маро дар хона маҳкам карданд. Амаку аммаҳоям ёд медиҳанд, ки бигӯям, ки ман туҳмат кардам. Агар ин гапро нагӯям, ҳамаашон "туро ба кӯча мепартоем" мегӯянд", -- афзуд ӯ.

Қурбонии таҷовуз зери таҳдиди хешони падари озордиҳанда

Сарнавишти Гулнора ва хонаводааш баъди ҳабси падар печидатар шудааст: ҳавлие, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, ба номи модаркалонаш аст ва ӯ гуфтааст, ҳавлиро ба номи писари дигараш, яъне амаки Гулнора ба мерос мемонад. Амак соҳиби писар аст ва ба гуфтаи модаркалон, ин хонаи духтардор рӯзе холӣ хоҳад шуд. Гулнора мегӯяд, рӯзи 2-юми декабр аз беморхона озод мешавад ва намедонад ба куҷо биравад: дар ҳавлии падар ӯро амакҳо азият мекунанд ва дар хонаи тағоҳо ҳам зиёд истода наметавонад. Моҷарое, ки рух додааст, ба онҳо ҳам хуш намеояд.

Ин духтар, ки мегӯяд, орзу дошт рӯзе “бо сари баланд келин” шавад, хеле дилшикаставу озурда, ҳаросону нигарон аст. “Дилам аз дадаам монд. Метарсам, ки аз он ҷо (аз зиндон) бароянд, боз ҳамин корашонро мекунанд. Бо хоҳарам ҳам мекунанд, метарсам", -- гуфт ӯ.

Беморхонаҳои хусусӣ кумак карда натавонистанд

Сабоҳат Бобоҷонова, корманди маркази “Гулрухсор”, яке аз он нафаронест, ки Гулнораро дар паноҳгоҳи занони хушунатдидаи ин марказ қабул кард. Бобоҷонова мегӯяд: "Вақте ба назди мо омад, дар ҳолати буҳронӣ қарор дошт, тамоман гап зада наметавонист, беист гиря мекард. Ҳоло хеле ором шудааст. Чунки ӯ як давраи муолиҷаи реабилитатсиониро гузашт, ҳолаташ беҳтар шудааст. Ҳарчанд вақте ҳоло дубора ба ёд меорад, ба эҳсосот дода мешавад. Вале вақте ба назди мо омад, аз ҳаёт дилсард шуда буд."

Сабоҳат Бобоҷонова мегӯяд, баъди аз ҳолати бӯҳронӣ раҳо кардани духтар, мутахассисони маркази "Гулрухсор" дарк карданд, ки бояд ба ӯ ёрии тиббӣ расонида шавад. Вале маълум шуд, дар беморхонаҳои хусусии вилояти Суғд барои ба муолиҷа қабул кардани онҳое, ки кӯшиши худкушӣ кардаанд, омода нестанд.

Мушкили асосӣ ин аст, ки ба чунин гурӯҳи қурбониҳои хушунат бисёриҳо ёрӣ кардан намехоҳанд, пеш аз ҳама хешовандони наздики қурбониҳо. "Дар аввал модараш мехост, духтараш аризаашро бигирад. Вале ман бо модараш ҳаматарафа суҳбат кардам, гуфтам, ки шукр кунанд, ӯ худкушӣ накардааст. Баъди чунин суҳбатҳо модараш фаҳмид, ки дар ин қазия бояд тарафи духтарашро гирад. Ҳоло тағоҳояш ҳам аз ӯ ҳимоят мекунанд. Вале вақте бо Идораи шуғли аҳолии Суғд дар бораи бо кор таъмин карданаш суҳбат кардам, онҳо (тағоҳояш) "роҳаш дур" гуфта, ӯро нагузоштанд, ки кор кунад”.

Маркази "Гулрухсор" дар вилояти Суғд яке аз даҳҳо созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо занону наврасони дучори хушунат кор мекунад. Аз миёни наздики 1400 муроҷиат ба унвонии ин созмон дар 10 моҳи имсол, ду ҳодисааш марбут ба озори ҷинсӣ будааст. Аз ин шумор беш аз 500 муроҷиат бо дархости ёрии ҳуқуқӣ буда, беш аз 70 нафар дар ҷустуҷӯи кумаки иқтисодӣ муроҷиат кардаанд.

Сабоҳат Бобоҷонова мегӯяд, дар асл бисёр ҳодисаҳои озори ҷинсӣ аз ҷомеа пинҳон мемонад. "Аксари занҳои мо "сари кафида зери тоқӣ" гуфта, сирри худро пинҳон медоранд. Баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки ба мо омада мегӯянд, вале ба мақомот рафта, шикоят карданӣ нестанд. Як зане буд, ки духтарашро ба Русия гирифта рафт ва гӯё ба ин чиз хотима бахшид".

Таҳқиқи қазияи Гулнора идома дорад ва додситонҳо ба маркази "Гулрухсор" гуфтаанд, ҷузъиёти бештари ин қазияро то замони анҷоми тафтишот фош намекунанд. Аз ҷумла, феълан маълум нест, ки оё нисбат ба падари Гулнора бар асоси кадом модда тафтишот ҷараён дорад. Вале Гулнора гуфт, дар доираи тафтишот ӯ то ҳол се дафъа бо падар рӯ ба рӯ карда шуд ва дар ин пурсишҳо қазияро тавре ҳаст, нақл кард. Рӯзи 28-уми ноябр талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти ҷузъиёти ин парванда дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд бенатиҷа анҷом шуд. Маълум нест, оё падари Гулнора ба гуноҳи худ иқрор шудааст, ё на.

Қонунҳои Тоҷикистон ба дастдарозӣ ба номус муҷозоти сангинро пешбинӣ мекунанд. Бахусус, ҷиноятҳои шаҳвоние, ки дар миёни аъзои як оила рух медиҳад. Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Душанбе як мардро барои дастдарозӣ ба номуси духтари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум кард. Додгоҳ дар ҳукми худ гуфт, "ин сокини пойтахт ба номуси духтари ноболиғи худ дастдарозӣ карда, чанд дафъа такроран ӯро таҷовуз намудааст".

Дар Тоҷикистон соли 2017 – 53 ҳодисаи таҷовуз ба номус сабт гардидааст, ки дар муқоиса ба соли 2016 нӯҳ ҳолат бештар будааст. Ҳоло қонунгузории Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус аз се то ҳафт соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Агар ин ҳолат нисбат ба шахси ҳанӯз ба 14-солагӣ нарасида ё хеши наздик сурат гирифтааст, муҷрим метавонад то ба ҳабси абад маҳкум гардад.

Тибқи омори расмии Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо дар нуҳ моҳи имсол 185 ҷинояти ҷинсӣ содир шудааст. Мақомот мегӯянд, "ҳодисаҳои таҷовуз ба номус кам шудааст, аммо амалҳои хусусияти дорои шаҳвонӣ ташвишовар мемонад."

Шарҳҳоро бинед (18)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG