Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, гиря накун, мекушам." Ҳукми марде, ки 10 сол духтарашро таҷовуз кардааст. ВИДЕО


Як духтари 19-сола дар Қирғизистон мегӯяд, даҳ сол аз сӯйи падараш таҷовуз шудааст.

Ҷазира (Жазира, ном иваз карда шудааст), ки тамоми ин муддат аз тарс ба касе лаб накушода буд, ба зидди падараш ба Додгоҳ шикоят бурд. Мардро рӯзи 25-уми май ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд.

Ба нақли духтар, падараш таҳдид кардааст, ки агар ҳодиса ошкор шавад, ӯро қатл ва хоҳарашро низ таҷовуз мекунад. Ҷазира зиндагии пурмоҷарои худро ба хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ нақл кард.

Ӯ мегӯяд, рӯзи таваллуди хоҳараш рӯзи ваҳшатноки зиндагияш шуд. Модар дар зоишгоҳ буд ва ӯ бо падар дар хона танҳо монду таҷовуз шуд. Ҷазира он замон ҳафт сол дошт.

"Хоб будам. Ба наздам омад ва гуфт, модарат духтар таваллуд кард, бояд бо ту коре кунам. Бо зӯр аз қафо таҷовуз кард. Бисёр гиря кардам, дод задам, ки даст нарасонед. Гуфт, гиря накун, вагарна мекушам. Агар ба модарат гап занӣ, ӯро ҳам мекушам. Вақте ӯ аз таваллудхона баргашт, рафторат бояд маъмулӣ бошад,” – нақл кард Ҷазира.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҷазира мегӯяд, падараш даҳ сол ӯро таҷовуз кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Аз тарси таҳдидҳои падар Ҷазира даҳ сол дар ин бора ба касе, ҳатто ба модараш, чизе нагуфт.

Тамоми ин муддат падар пайваста духтарашро таҷовуз кардааст. Замони наврасӣ, Ҷазира қасди худкушӣ кард. Ҳодиса замоне ошкор шуд, ки духтар бо ҳадафи таҳсил аз деҳа берун рафт. Вай ба мақомоти тафтишотӣ аз 43 мавриди дастдарозии падараш нақл кард.

"Ӯ пайваста маро ба хона даъват мекард. Маҷбур мекард, ки биёям. Ман аз ин ҳама хаста шудам ва маҷбур шудам, ки ошкор кунам. Фикр мекардам, касе бовар намекунад, зеро хурд ҳастам. Ҳама падари маро одами хуб фикр мекарданд. Вақте хурд будам, ба падарам бовар мекардам. Ӯ мегуфт, ки ин корро барои он мекунад, ки маро дӯст медорад," – афзуд духтар.

Ду моҳ пеш падари Ҷазираро дастгир карданд. Ҳоло духтар бо модараш ба фишор аз сӯйи хешовандони падар рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи вакили мудофеи Ҷазира, падари ӯ худро бегуноҳ медонад ва гуфтааст, ба ӯ туҳмат заданд.

"Модарам хеле хароб шудааст, ӯ чизе намехӯрад. Онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд, “ту вайрон шудаӣ, модарат ҳам. Шумо барои пул ва хона падарро туҳмат карда истодаед”. Вале барои ман чизе даркор нест, фақат мехоҳам, падарам ба ман даст нарасонад.”

Ҳоло Ҷазираи 19-сола дар Донишгоҳ мехонад ва орзу дорад, ки зудтар ин ҳама даҳшатҳое, ки аз кӯдакӣ ба ҳамроҳ дорад, поён ёбад. Духтар ҳоло аз он тарс дорад, ки мумкин аст падараш озод шавад.

"То ҷое фаҳмидам ба додгоҳ пул пешниҳод кардаанд. Ман пул надорам, наметавонам додрасҳоро бо пул харам. Ӯ мегуфт, “ман аз чизе наметарсам, ман метавонам шуморо бикушам. Туро ва модаратро қатл ва хоҳаратро таҷовуз мекунам” мегуфт. Ӯ бояд тамоми умр дар зиндон бимонад."

Ин суҳбати Ҷазира пеш аз эълони ҳукми додгоҳ сабт шуда буд. Замоне ки муҳокима идома дошт. Додгоҳе дар Қирғизистон рӯзи 25-уми май марди 43-соларо аз вилояти Ҷалолобод ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Мунира Оқиблекова, вакили мудофеи мард, гуфт, додгоҳ шахси зери ҳимояташро "бар асоси 42 ҳолат" гунаҳкор донист. Наздиконаш ҳанӯз ҳукми додгоҳро шарҳ надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG