Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ мехоҳанд, падараш Исрои 12-соларо ба шавҳар надиҳад. ВИДЕО


“Бо кадом ақл духтари 12-соларо ба шавҳар медиҳанд?”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Интизор меравад, додгоҳи Ироқ ҳафтаи оянда қарор дар бораи ақди никоҳи духтари 12-солаеро содир кунад, ки ба гуфтаи падараш, худаш хостааст, ба марде издивоҷ намояд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ба гуфтаи падар бовар надоранд ва мегӯянд, тифлеро, ки бояд мактаб хонаду кӯдакӣ кунад, маҷбур ба шавҳар доданӣ ҳастанд.

Як духтари 12-сола бояд бо бозичаҳояш бозӣ кунад ва филмҳои тасвирӣ бибинад, на ин ки бори масъулиятеро бикашад, ки вазнинтар аз синну ҷисму ақли ӯcт.
Ҷаннат Ал-Ғозӣ,

Рӯзи 21-уми ноябр гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар назди Додгоҳи шаҳри Козимия, зодгоҳи Исрои 12-сола, ҷамъ омада, эътироз карданду гуфтанд, ба издивоҷи кӯдакон бояд хотима дода шавад.

Фотима Абдулҳамид, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи занон, гуфт, “мо инҷо ҳастем, то ба таҷовузи кӯдакон, ки бо номи издивоҷ сурат мегирад, мухолифат кунем. Додгоҳҳои Ироқ рӯзона садҳо ақди никоҳи кӯдакони 11, 12 ва 15-соларо расмӣ мекунанд. Мо инҷоем, ки на танҳо барои Исро, балки ба даҳҳо ақди никоҳе мухолифат кунем, ки баста мешаванд.”

Дар Ироқ синни издивоҷ аз 18-сола болост ва дар сурати ризоияти волидон, додгоҳ метавонад ба 15-солаҳо ҳаққи шавҳар кардан ё зан гирифтанро бидиҳад.

Модари Исро гуфтааст, духтарашро таҷовуз кардаанд ва падараш ӯро дуздидааст, то ба шавҳар бидиҳад. Аз ин сабаб қазияи ӯ ҳомиёни ҳуқуқи занро дар Ироқ ба хашм овардааст.

Ҷаннат Ал-Ғозӣ, ҳомии ҳуқуқи занон, гуфт: “Бо кадом ақл духтари 12-соларо барои манофеи хусусӣ ба шавҳар медиҳанд? Бо кадом ҳақ, бо кадом мантиқ? Магар виҷдони инсоне инро қабул мекунад? Ман барои тасвири падари ӯ калима намеёбам. Беҳаё, бевиҷдон, ноодам. Калима ҳам кофӣ нест. Никоҳи динӣ омили асосии фурӯпошии ҷомеа, азҳампошии хонаводаҳо ва рабудани кӯдакӣ аз фарзандон аст. Як духтари 12-сола бояд бо бозичаҳояш бозӣ кунад ва филмҳои тасвирӣ бибинад, на ин ки бори масъулиятеро бикашад, ки вазнинтар аз синну ҷисму ақли ӯcт.”

Мақомоти Ироқ гуфтаанд, бо Исрову падару шавҳараш мулоқот кардаанд ва гуё духтар наврас гуфтааст, касе ӯро ба издивоҷ маҷбур накардааст.

Додгоҳи Ироқ гуфтааст, ки тақдири Исро рӯзи 28-уми ноябр ҳал мешавад. Издивоҷи кӯдакон дар деҳаҳои Ироқ ва кишварҳои дигари арабӣ зиёд аст, анъанаи иртиҷоие, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ “ҷиноят ба зидди кӯдакиву кӯдакон аст.”

XS
SM
MD
LG