Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусаввараҳои Беҳзод Боймуродов

Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии мусавирони ҷавон таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари азизам” поён ёфт. Дар ин озмун ҷавонону наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии пойтахт ширкат доштанд. Озмуни мусавирони ҷавон, ки 5 май шурӯъ шуд ва 21-уми май ҷамъбаст гардида буд. Дар ин озмун, 30 рассоми наврас сабқат карда 12 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, танҳо 5 нафар ғолиби озмун дониста шуданд. Дар ин озмун мусаввараҳои Беҳзод Боймуродов донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайнри Тоҷикистон сазовори ҷои аввал дониста шуд. Беҳзод, ки ба гуфтаи худаш аз сесолагӣ ба расмкашӣ рағбати зиёд дошт, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта низ дар озмуни ҷаҳонии муссавирони ҷавон дар шаҳри Новосибирски Русия, бо мусаввараҳои офаридааш миёни ҷавонони 70 давлати дунё мақоми панҷумро сазовор шуд. Мавзуъи мусаввараҳои Беҳзод, ки бештар табиати зебои Тоҷикистон ва симои занони зеборо дарбар мегирад, аз суи меҳмонони хориҷӣ харидорӣ бештар доштааст. Ба гуфтаи Беҳзод Боймуродов ҳар як мусаввараи вайро бо нархи миёна 300 доллар харидорӣ мекунанд. Беҳзод Боймуродов мехоҳад дар оянда як мусаввирри номӣ дар ҷаҳон шӯҳрат ёбад ва бо тасвирҳои худ манзараҳои зебои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. 12 АКС

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG