Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риши дарозу шими кӯтоҳ дар Қазоқистон манъ мешавад. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, истилоҳҳои нав ба мисли “равияи табаҳкори динӣ” ё “ифротгароии мазҳабӣ”-ро ба қонунгузории ин кишвар дохил кунанд. Вазири корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон мегӯяд, бо ин роҳ метавонанд, ки ба фаъолиятҳои тахрибкорона баҳои қонунӣ диҳанд.

Қазоқистон дар садади таҳияи тарҳи нави қонун дар бораи дин аст ва намояндагони равияҳои мазҳабӣ ба ин лоиҳа пешниҳодҳои худро ироа кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, риши дарози бидуни мӯйлаб ва шимҳои кӯтоҳро мамнуъ эълон кунанд. Нурлан Ермекбоев, вазири умури дини Қазоқистон охири ҳафта гуфт, ба зудӣ дастурамале нашр хоҳад шуд, ки дар он ришҳои ҷоиз ва мамнӯъ нишон дода мешавад.

“Агар чунин иттилое пайдо шавад, ки нафаре пайрави ҳаракатҳои ифротист ва дар ҷамъомадҳои пинҳонӣ ширкат мекунад, риши бидуни мӯйлаб ва шими кӯтоҳ дорад, бо ӯ ҳатман сӯҳбат хоҳанд кард. То муайян намоянд, ки воқеан ӯ ифротгаро аст, ё не”, - шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Қазоқистон манъи равияи салафияро арзёбӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:33 0:00

Бар пояи ин дастурамал аз ин ба баъд занҳое, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб мепӯшанд, ҷарима хоҳанд шуд. Ҳамчунин, пӯшидани кӯлоҳе, ки чеҳраро пинҳон мекунад, мамнӯъ мешавад.

Нурлан Ермекбоев
Нурлан Ермекбоев

Мақомоти Қазоқистон ҷалби ноболиғони то 16-соларо ба маросими динӣ, бидуни иҷозаи волидон, манъ кардаанд. Ҳангоми ошкор шудани далели иштироки бачаҳо дар маросими динӣ рӯҳониён ва волидон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Имом-хатибон муваззаф шудаанд, ки дастурҳоро дар даромадгоҳи масоҷид насб кунанд.

Гузашта аз ин, Вазорати дини Қазоқистон дар садади тартиб додани рӯйхати ҳаракатҳои мамнуъ дар он кишвар аст. “Масалан, равияи “Салафия”-ро мо ҳаракати табаҳкори мазҳабӣ мешуморем ва эҳтимол онро дар ин рӯйхат ворид кунем”, - гуфт вазири умури дини Қазоқистон Нурлан Ермекбоев.

Қазоқистон дар садади таҳияи тарҳи нави қонун дар бораи дин аст ва намояндагони равияҳои мазҳабӣ ба ин лоиҳа пешниҳодҳои худро ироа кардаанд.

Серикбой Қозӣ Ораз
Серикбой Қозӣ Ораз

Муфтии Қазоқистон Серикбой Қозӣ Ораз гуфт, “дар Интернет, дар ҳамагуна мавзӯъи мазҳабӣ, ифротиён мавқеи худро ба дигарон бор мекунанд. Барои ҳар нафаре, ки мехоҳад маълумоти динӣ бигирад, ин монеаи бузург аст. Аз ин хотир, пешниҳод дорам, дар доираи баррасии ин лоиҳа бори дигар ба махзанҳои иттилоотии динӣ дар ин интернет таваҷҷӯҳ ва агар лозим омад маҳдудият ҷорӣ шавад.”

Шаҳрвандони Қазоқистон барои таҳсил дар мадрасаҳои динии хориҷӣ танҳо баъд аз хатми таълимгоҳҳои мазҳабии дохилӣ иҷозат мегиранд. Ҳамчунин, ба ходимони давлатӣ тоату ибодат дар соатҳои корӣ ва сӯистифода аз мансаб ба хотири дин манъ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG