Пайвандҳои дастрасӣ

"Справка" – барои риш. "Қорӣ-Ишкамба" ва ду "муллобача" ҳуҷҷат гирифтанд


Театри драммавию мусиқии шаҳри Конибодом ба се ҳунарманди ришдораш ҳуҷҷате додааст, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо бо мушкил рӯбарӯ нашаванд. Ин се ҳунарманд, ки дар намоишномаи нави “Қорӣ-Ишкамба” нақш бозӣ мекунанд, бори охир рӯзи 7-уми октябри имсол барои доштани риши машкук аз тарафи маъмурони пулиси маҳаллӣ бозпурсӣ шудаанд. Риши ҳарсеи онҳо шабеҳ ба қаҳрамонони асари маъруфи Садриддин Айнӣ гузошта шудааст, ки 80 сол қабл иншо шудааст.

Бо ин ҳуҷҷат дигар мушкил пеш намеояд. Дар ҳуҷҷат навишта шудааст, ки онҳо ҳунарманд ҳастанд ва дар театри шаҳри Конибодом кор мекунанд.

Ҳуҷҷат: “Инҳо риши ҳунармандӣ доранд”

Хушнуди Дадо дар ин намоишнома нақши “Қорӣ-Ишкамба” ва Фаррух Ваитову Фарҳод Тухташов нақши ду "муллобача"-ро мебозанд. Ғайратҷон Қодиров, мудири театри давлатии драмавию мусиқии шаҳри Конибодом, ба номи Тӯҳфа Фозилова, рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони ҳуҷҷат додан ба ҳунармандон онҳо зуд-зуд мавриди пурсиш қарор мегирифтанд.

Ба қавли ҳунарпешаҳо, аз замони шурӯи намоишнома дар моҳи майи имсол, ҳадди ақал даҳ бор ҳар яке аз онҳоро барои доштани риш нигоҳ дошта, пурсуҷӯ кардаанд. Ҳуҷҷате, ки дар онҷо муҳр ва имзои раҳбари театр гузошта шудааст, акси ҳар ҳунармандро бо риши саҳнавиаш ҷой додааст. Ин ҳуҷҷат то соли 2018 мӯҳлати эътибор дорад.

Ғайратҷон Қодиров гуфт, "барои онки нороҳатиҳо нашавад, мо як ҳуҷҷат омода кардем, ки шахсияти бачаҳоро бишносанд. Кӣ ҳастанду дар куҷо кор мекунанд. Бо ин ҳуҷҷат дигар мушкил пеш намеояд. Дар ҳуҷҷат навишта шудааст, ки онҳо ҳунарманд ҳастанд ва дар театри шаҳри Конибодом кор мекунанд. Ҳоло мавсими даъвати ҳарбӣ ҳаст, чанд дузду ҷинояткор дар ҷустуҷӯ ҳаст, пас, ҳар гуна пурсишҳо ҳаст ва мақомот бояд шахсиятҳоро бишносанд. Вақте ҳуҷҷат надоранд, албатта, мепурсанд."

“Мушкил бартараф шуд”

Ин се ҳунарманди ҷавон соли равон аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд ва аз оғози корашон дар театр ним сол гузаштааст. Ғайратҷон Қодиров, мудири театр, мегӯяд, ин се нафар пас аз хатми Донишгоҳи санъат ба Русия рафта буданд ва вақте ӯ раҳбари театр таъин шуд, онҳоро ба кор даъват кард.

Директори театри Конибодом мегӯяд, аз бозпурсӣ шудани кормандонаш ба хотири доштани риш комилан бардошти дигар дорад: "Вақте бачаҳои моро пурсиданд, мо ифтихор кардем, ки мақомот кори худашонро хеле дуруст анҷом медиҳанд. Албатта, ин бачаҳо ҳамин сол ба театр қабул шуданд. Чеҳраи нав ҳастанд, онҳоро касе намешинохт, чун театр нав фаъолияташро ба роҳ мондааст. Вақте ин ҳолат шуд, бо бачаҳо сӯҳбат карданд, донистанд, ки дар театр ҳамин хел бачаҳо кор мекунанд, хурсанд шуданд. Ин кор ҳоло пурра ҳал шуд."

“Қорӣ-Ишкамба”: Ҳуҷҷат мушкилро ҳал кард

Намоишномаи “Қорӣ-Ишкамба”, ки ин се ҳунарманд дар он нақш бозӣ мекунанд, мавриди истиқболи бинандагон қарор гирифтааст. “Қорӣ-Ишкамба”, қаҳрамони асари “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнист, ки соли 1937 дар замони Шӯравӣ нашр шудааст.

Дар ин асар “Қорӣ-Ишкамба” дар Аморати Бухоро марде тасвир шудааст, ки риши жӯлида дорад, судхӯру мумсик аст ва сокинонро фиреб дода, аз ҳисоби фоидаҳои чандинкарата сарвати худро зиёд ва корафтодаро бехонаву дар мекунад. Асаре, ки ба андешаи мунаққидони адабӣ, дар солҳои охир дар Тоҷикистон дубора аҳамият касб мекунад. Муаллифони намоишнома мегӯянд, таваҷҷӯҳ ба театр тавассути ин намоишнома зиёд шуд ва онҳо шоданд, ки метавонанд яке аз беҳтарин асарҳои адиби саршиноси тоҷикро бо шеваи нав ба тамошобини қарни 21 тақдим кунанд.

Яке аз муваффақиятҳои ҳунармандон – шабоҳат доштанашон ба қаҳрамонҳои воқеии асар, аз ҷумла аз роҳи риши табиӣ мебошад. Хушнуди Дадо, ки нақши "Қорӣ-Ишкамба"-ро иҷро мекунад, гуфт, "ҳоло ҳар нафаре пурсад, ҳуҷҷатро нишон медиҳам. Дар онҷо навишта шудааст, ки ҳунарманд ва корманди театр аст. Мегӯям, ки нақши “Қорӣ-Ишкамба”-ро дар театр иҷро мекунам, дигар ҳеҷ мушкил намешавад."

Чаро мақомот ба ришдорон машкук ҳастанд?

Мақомоти тоҷик рад намекунанд, ки бо ришдорон бо шубҳа муносибат мекунанд. Як масъули идораи пулиси вилояти Суғд рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ингуна ҳодисаҳо гоҳе рух медиҳад ва сокинон набояд тааҷҷуб кунанд.

Шариф Назарзода
Шариф Назарзода

Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, моҳи июл дар як посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин замина гуфта буд, ки воқеан, кормандони пулис ба “риши дарози бемаънӣ” шубҳа мекунанд. Ӯ гуфт, “дар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ маълум мешавад, ки шаҳрванд вақте ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешавад, вазифаи аввалиндараҷааш риши дароз гузоштан аст. Аввал омада, оилаашро ба пӯшидани сатру ҳиҷоб маҷбур мекунад. Вақте оилаҳояшонро мепурсем, мегӯянд, моро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур карданд.”

Мақомот мегӯянд, бештар рафтори ҷавононе таҳти назорат қарор мегирад, ки риши дароз ва мӯйлаби тарошида доранд. Аммо мақомот борҳо гуфтаанд, ки риши касе маҷбурӣ тарошида нашудааст, балки аз онҳо хостаанд, то риши дарози худро ба тартиб дароранд. Баҳром Шарифзода, сардори пешини раёсати умури дохили вилояти Хатлон моҳи январи соли гузашта гуфта буд, ки давоми соли 2015 намуди зоҳирии 12 818 шаҳрвандеро, ки “ришҳои бениҳоят баланди бетартиб” доштанд, ба тартиб дароварданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG