Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин парвандаи молии 35 соли ахир дар Эрон


Бобаки Занҷонӣ

Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки парвандаи Бобаки Занҷонӣ аз назари ҳаҷми молӣ бузургтарин парвандаи дастгоҳии қазоии ин кишвар баъд аз Инқилоби исломӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ, Аббос Ҷаъфарӣ Давлатободӣ, додситони шаҳри Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, ки дар парвандаи Бобаки Занҷонӣ паҳлӯҳои мушкил ҷой дорад, ки пайгирии он ниёз ба вақт дорад ва ин, ки бигӯянд, ин парванда дар чанд рӯз ҷамъбаст шавад, содалавҳона аст.

Додситони Теҳрон дар идома бо зикри ин ки "ин парванда паҳлӯҳои мухталиф ва гуногун дорад", гуфт, иқдомоти Бобаки Занҷонӣ дар се ҳавза анҷом мешавад.

Ба гуфтаи додситони Теҳрон, "ҳавзаи аввал коргузории асъор ё арз буд, ки вай дар ин бахш нуфуз карда ва таҳқиқоте шомил ва пурра дар ин хусус анҷом шудааст ва яке аз мудирони бонке низ дар ин бахш дастгир шудааст.

Бахши дувум фаъолият дар ҳавзаи нафт буд. Вай афзуд, савумин ҳавзаи фаъолияти Бобаки Занҷонӣ дар ҳавзаи тиҷорат аст, ки вай аз соли 2009 ба баъд фаъолияти тиҷоратии худро дар Кеш ва Дубай анҷом дод.

Бобаки Занҷонӣ, ки аз гурӯҳе аз намояндагони парлумони Эрон аз ӯ ба унвони "амини вазорати нафт" дар замони президентии Маҳмуд Аҳмадинажод ёд мекунанд, тоҷир ва миллиардери эронӣ аст, ки маблағҳои ҳангуфте аз даромади нафтии Эрон ба Бонки марказии он кишвар қарздор аст.

Вай ҳамчунин аз чеҳраҳои аслии матраҳ дар парвандаи дур кардани таҳримҳо алайҳи Эрон аз тариқи нақлу интиқоли пул ва дороӣ аз Туркия ба Эрон аст.

Бобаки Занҷонӣ, ки худро "сарбози басеҷӣ дар ҷабҳаи иқтисодӣ" муаррифӣ мекунад, дар авохири моҳи декабри соли гузашта боздошт шуд.

Ин миллардер, ки аз тоҷирони наздик ба давлати Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳисоб меравад, ҳамчунин ширкатҳо ва тарҳҳои иқтисодии дигар низ дар Эрон, Дубай, Туркия ва Тоҷикистон дорад. Бино ба гуфтаи мақомҳои эронӣ, ӯ барои коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон, нафт мефурӯхт. Дар айни замон Занҷонӣ ба иттиҳомоти мухталифе дар робита ба фасоди молӣ низ рӯбарӯ аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG