Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҷонӣ- сарбози ҷасури вилояти фақеҳ ё ҷинояткори иқтисодӣ?


Номи Бобаки Занҷонӣ замоне дар доираҳои иқтисодӣ, ба вижа бонкдории Тоҷикистону Эрон сари забонҳо омад, ки 2 млд евро пули нафти Эрон ғайб зад ва ҳоло дар Теҳрон бар ин ақидаанд, ки ин пулҳо бо номи ӯ иртибот дорад.

Рӯзи чаҳоршанбе, 8-уми январ сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба матбуот гуфт, истисно намедонад, ки Занҷонӣ ин пулҳоро ба Тоҷикистон интиқол додааст ва ин пулҳо эҳтимолан дар Тоҷикистон аст ва барои интиқоли ин пулҳо ба Эрон мушкиле пеш омадааст.

Абдуғаффор Қурбонов-сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" аз посухи мушаххас дар бораи интиқоли ин пулҳо ба Тоҷикистон канор рафт ва гуфт, баъд аз эълони таҳримҳои зидди Эрон Бонки Миллии Тоҷикистон аз моҳи августи соли гузашта бо “Конт инвестмент бонк” амалиёти бонкӣ анҷом надодааст ва таҳримҳо риоят мешавад: “Бонки Миллии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2013 бо “Конт инвестмент бонк” аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок кардан дар бозори муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маҳрум карда шуда буд. Сипас худи “Конт-Бонк” ҳуҷҷатҳои заруриро барои вазорати молии амрико таҳия ва ин ҳуҷҷатҳоро ба сафорати Амрико дар Душанбе супурд”.



Бо вуҷуди он, ки оқои Қурбонов аз сӯҳбат дар бораи интиқоли 2 млд доллари Занҷонӣ ба Тоҷикистон чизе нагуфт, вале таъйид мекунад, ки як ҳайати эронӣ ба сарпарастии Меҳдии Гударзӣ-муовини раиси Бонки Марказии Эрон моҳи октябри соли гузашта бо раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот доштаанд. Ҳайати эронӣ гувоҳиномаи Бобаки Занҷониро дар бораи интиқоли пули вай ба Эрон баррасӣ кардааст. Вале Бонки Марказии Тоҷикистон ин гувоҳиномаро сохтаву дурӯғин медонад. Гузашта аз ин, оқои Қурбонов дар сӯҳбаташ бо радиои "Озодӣ" илова кард, ки Бобаки Занҷонӣ аз Русия низ ҳамин гуна санад дар бораи интиқоли пул ба Эрон доштааст.

Аз сӯи дигар, Далери Абдулло-сухангӯи Ҳолдинги “Конт групп Тоҷикистон” инкор намекунад, ки дар оғози фаъолият ин ҳолдингро Бобаки Занҷонӣ сармоягузорӣ кардааст: “Чизе дар саргаҳи таъсисаш буд ва ҳамон маблағи зиёда аз як миллиарду 250 миллион сомоние, ки ҳолдинги “Конт-групп Тоҷикистон” ба Тоҷикистон ҷалб кард, дар саргаҳаш оқои Занҷонӣ қарор дошт. Ин чизро мо такрор мекунем”.

Сухангӯи Ҳолдинги «Kont Investment bank» ташкили гурӯҳи вижаи Бонки Миллии Тоҷикистонро барои расидагӣ ба фаъолияти “Конт исвестмент бонк” таъйид ва аз он истиқбол мекунад, вале мегӯяд, ин гурӯҳ ҳаққ надорад ба ҷуз аз ин бонк ба фаъолияти зерсохторҳои дигари ҳолдинги мазкур расидагӣ кунад. Вай дар ин маврид ширкатҳои «Asian Express Terminal», «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», «Asian Express Airline» ва «Конт – сохтмон» ва “Asian Express Airline”-ро дар назар дорад, ки дар феҳристи таҳримҳои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ қарор доранд.

Далери Абдулло- сухангӯи Ҳолдинги “Конт групп Тоҷикистон” мегӯяд, дар оғоз саҳмияҳои “Конт инвестмент бонк” дар ихтиёри Бобаки Занҷонӣ қарор дошт ва ҳоло ин саҳмияҳо ба хонум Мерве Илмек-сармоядори Туркия фурӯхта шудааст: “Воқеан ҳам оқои Занҷонӣ саҳмияҳои худро дар асоси талаботи иқтисоди бозаргонӣ ба як нафари дигар дод ва ин нафар воқеан ҳам шаҳрванди Туркия аст. Айни замон “Конт инвестмент бонк” мутааллиқ ба он нафар аст”.

Суоле пеш меояд, ки Бобаки Занҷонӣ чӣ қудрату тавоноӣ дорад, ки дар зарфи чанд сол ба чунин қулла расид ва чӣ касоне иҷозаи рушди вайро доданд ва барои ин рушд чӣ шароите фароҳам карданд? Муртазо Козимиён-рӯзноманигор дар Порис мегӯяд: “Занҷонӣ ба шакли ғайримустақим ё мустақим бо давлати Аҳмадинижод дар иртибот будааст, бо мафиёи Сипоҳи Посдорон бо он бахше, ки дар ҳавзаи иқтисод фаъол ҳастанд ё ниҳодҳои иттилоотӣ-амниятӣ, ки бо дигар конунҳои қудрат иртибот доранд”.

Аъмоли Занҷонӣ зери заррабин қарор гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:26 0:00

Бо шунидани ин суханон суоли дигаре пеш меояд: Оё Занҷонӣ як шахси танҳо ва ё як ниҳоди ғайриқонунии молӣ дар дохили ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури вақт ва ё як ҷараён буд, ки амалиёти ғайриқонунии молӣ дар атрофи номи вай мечархид? Меҳрангези Кор-ҳуқуқшиноси эронии муқими Амрико мегӯя: “Бобаки Занҷонӣ як фард нест, Занҷонӣ як ҷараён аст, як ҷараён пушти сараш будааст. Як ҷараён аз истеъдодҳои хос истифода кардааст ва вақте, ки ин корҳо рӯи об баромад, эҳтимолан ин ҷараён вайро танҳо гузоштааст”.

​Бобаки Занҷонӣ дар ҳоле боздошт шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон барои мубориза бо ғулҳои иқтисодӣ иҷоза дод, яъне мубориза бо ононе, ки аз таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон суистифода карданд ва сармояи зиёд ба даст оварданд.

Хонум Меҳрангези Кор бар ин ақидааст, ки агар Бобаки Занҷониро шабакаи ҳамкори вай аз зиндон берун наорад, мумкин аст баъзе аз аъзои ин шабака садама бинад, яъне пои баъзе аз аъзои ин шабака низ ба зиндон кашонда шавад: “Ба ҳеҷ ваҷҳ ин нишонаи он нест, ки бо фасоди ҳукуматӣ мубориза мекунанд. Фикр мекунам, ки як иттифоқи хубе меафтад ва дар он шабакае, ки масалан, Бобаки Занҷониро ҳимоят мекунад ва он иттифоқи хос таврест, ки агар шахсе мисли Занҷониро раҳо накунанд, кулли он шабака мумкин аст садама бубинад”.

Меҳрангез Кор, вакили мудофеи эронӣ муқими Амрико.
Меҳрангез Кор, вакили мудофеи эронӣ муқими Амрико.
Раиси яке аз комиссияиҳои парлумони Эрон баъд аз боздошти Бобаки Занҷонӣ дар 30-юми декабр сабаби боздошти вайро қарзҳои нафтӣ эълон кард ва гуфт, агар Занҷонӣ ин қарзҳоро пардохт кунад, метавонад ҳамин имрӯз ҳам озод шавад. Бар асоси гузоришҳо, қарзи вай аз вазорати нафти Эрон 2 млду 60 млн евро будааст.

Бобаки Занҷонӣ дар яке аз ёддоштҳое, ки бори ахир қабл аз боздошташ 26 декабр дар сафҳаи Facebook-и худ навишт, дар ҷавоб ба номаи 12 нафар намояндагони парлумон ибрози шармсорӣ кардааст ва чунин гуфтааст: “Ман ҳам мисли шумо аз ҷону молам гузаштаам ва барои хидмат ба кишвар кор кардам ва чизе барои аз даст додан надорам. Дар ҳар сурат сарбози кӯчаки ҷасури вилоятам, на ҷинояткори иқтисодӣ”.

Ғуломҳусейн Муҳсини Эжеӣ-додситони кулли Эрон дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ҳоло парвандаи беш аз 2 млд евро қарзи БЗ ба дастгоҳҳои давлатӣ ҳастанд. Вай дар бораи сабаби боздошти ӯ гуфт, чун имкон дошт, ки Занҷонӣ ба хориҷ фирор кунад, вайро боздошт кардаанд. Додситони кулл ҳамчунин раҳоии Занҷонӣ бо васиқаи 50 млн туманиро рад кард. Вай изҳор дошт, ки ҳоло парванда боз шудааст ва бояд расидагӣ ба парванда ба поён расад, то натиҷаҳо маълум шавад. Вай афзуд, шояд Бобаки Занҷонӣ муттаҳам набошад ва кишвар аз боздошти вай зарар бинад.
XS
SM
MD
LG