Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳавопаймоӣ ва бошгоҳи футболи Занҷониро мегиранд


Мақомоти Эрон мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии Қишм ва бошгоҳи футболи "Роҳи оҳан", ки мутааллиқ ба ширкати Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ аст, ба афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ вогузор мешаванд.

Раиси Комиссияи мустақили асли 90 дар парлумони Эрон рӯзи якшанбе ба ИРНА-хабаргузории расмии Эрон гуфтаааст, амволи Бобаки Занҷонӣ пас аз ҷамъоварӣ, ба афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ вогузор мешавад.

Бобаки Занҷонӣ, бозаргони миллиардери эронӣ дар моҳи декабри соли гузашта боздошт шуд. Додситони кулли Эрон дар замони боздошти оқои Занҷонӣ гуфта буд, парвандаи ӯ ба ҷароими иқтисодӣ рабт дорад. Аз ин қабл, муовини аввали қувваи қазоияи Эрон аз боздошти амволи оқои Занҷонӣ хабар дода буд.

Ҳамзамон Ғуломмуҳсини Эжаӣ, додситони кулли Эрон низ гуфта буд, ки "муттаҳам (Занҷонӣ) амволашро дар дохил ва хориҷи кишварро дар ихтиёри мо қарор дода ва барои он низ қимате муъайян кардааст."

Дар гуфтугӯи мунташиршуда дар хабаргузории ИРНА, раиси Комиссияи асли 90-и парлумони Эрон ишорае ба қимати ширкатҳое, ки наздик ба вогузорӣ ҳастанд, накардааст.

Қабл аз боздошташ Бобаки Занҷонӣ дар як нишасти хабарӣ аз нияташ дар мавриди харидани 17 фарвандаи ҳавопаймо ба ширкати ҳавопаймоии Қишм хабар дода буд. Дар ҳамон замон, оқои Занҷонӣ шумораи ҳавопаймоҳои фаъоли ин ширкатро панҷ то гуфта буд.

Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустари Эрон гуфтааст, ки арзиши амволи Бобаки Занҷонӣ камтар аз маҷмуи қарзҳои ӯ ба давлат аст. Аз ҷумлаи ширкатҳои ӯ, Ҳолдинги тавсеаи сувиринитети Қишм, аввалин бонки сармоягузории исломӣ дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии "Анвар" дар Туркия, як муассисаи молӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва "Кант бонк" дар Тоҷикистон аст.

Ин миллардер, ки аз тоҷирони наздик ба давлати Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳисоб меравад, ҳамчунин ширкатҳо ва тарҳҳои иқтисодии дигар низ дар Эрон, Дубай, Туркия ва Тоҷикистон дорад. Бино ба гуфтаи мақомҳои эронӣ, ӯ барои коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон, нафт мефурӯхт. Дар айни замон Занҷонӣ ба иттиҳомоти мухталифе дар робита ба фасоди молӣ низ рӯбарӯ аст.
XS
SM
MD
LG