Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Саидов: “Ман дар Теҳрон бозпурсӣ нашудаам”


Раиси ҳолдинги "Конт Групп Тоҷикистон" таъйид кард, ки ба Эрон сафаре доштааст, вале мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанаш дар иртибот ба ғайб задани пулҳои нафтии Эронро радд кард.

Баъд аз боздошти Бобаки Занҷонӣ-сармоядори машҳури эронӣ дар кишвараш ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани вай дар бораи ғайб задани бештар аз 2 миллиард доллар пули фурӯши нафти Эрон дар матбуот хабарҳо пахш шуд, ки Рустам Саидов, раиси ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон»-ро додситонии Теҳрон ба Эрон даъват кардааст. Ин хабар замоне пахш шуд, ки оқои Саидов ба Теҳрон сафаре анҷом дод.

Дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Рустам Саидов аз вай пурсидам, дар матбуот хабарҳое пахш шуд, ки гӯё шумо бо даъвати додситонии Теҳрон ва шахсан бо дархости Бобаки Занҷонӣ ба Теҳрон рафтаед ва дар он ҷо мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаед. То чӣ андоза ин хабарҳо ба воқеият дуруст меояд?

Рустам Саидов: Бояд бигӯям, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва бар пояи тахаюлоти баъзе хабарнигорон, ки дар сомонаҳои интернетӣ ё воситаҳои ахбори омма паҳн шуд, дар ҳамон замина паҳн шудаанд. Мо воқеан сафаре ба Ҷумҳурии Исломии Эрон доштем. Ин сафар дар доираи барномаҳои қаблан тарҳрезишудаи сафарҳои хидматии банда ба ҳайси директори генералии ҷамъиятии саҳомии пӯшидаи ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон» сурат гирифт, на зиёда аз ин. Ин сафарҳо қаблан тарҳрезӣ шуда буданд. Барои тавсеа бахшидани фаъолият ва ҷалби бештари сармоя гуфтушунидҳо доштем. Он андешаҳо, ки гӯё бо даъвати нафаре ё мақомот ин сафар сурат гирифтааст, асоси воқеӣ надорад. Пас аз Эрон сафари мо ба шаҳри Дубай идома ёфт. Бо як гурӯҳ соҳибкорон, ки ҳавасманди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, як силсила мулоқотҳо анҷом додем, зеро имрӯз ҳолдинги мо фаъолияти серсоҳа дорад. Мо ҳам дар самти туризм фаъолият мекунем, ҳам дар самти сохтмон ва ҳам дар самти нақлиёти мусофирбар. Вақте ки мо мулоқотҳо анҷом медодем, ҳадафамон ин буд, ки фаъолияти ҳамин самтҳо тавсеа бахшида шавад. Дар оянда дар заминаи ҳамин вохӯриҳо, ки дар шаҳри Дубай ва дар сафарҳои ояндае, ки мо дар нақша дорем, мо мехоҳем, ки раванди вуруди техникаву таҷҳизот ба Тоҷикистонро вусъат бахшем.

Озодӣ: Чун Бобакаи Занҷонӣ дар оғоз сармоягузори «Конт Групп Тоҷикистон» буд, ва яке аз ҳамкорони шумо ба шумор мерафт, шумо дар ҷараёни ин сафар дар Теҳрон бо вай мулоқот доштед?

Рустам Саидов: Бо баъзе аз соҳибкорону ҳамкорони мо гуфтушунид сурат гирифт ва нафаре, ки шумо ёдовар шудед, воқеан ҳам мо эътироф мекунем, ки дар саргаҳи таъсиси ширкатҳои марбут ба ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон» оғои Занҷонӣ қарор дошт ва мо ин чизро арҷгузорӣ ҳам мекунем. Вале дар ҷараёни ин сафар ман бо мавсуф дидор, мулоқот ё гуфтугӯ надоштам.

Озодӣ: Ва ҳоло, ки Бобаки Занҷонӣ дар боздошт аст, ҷониби Эрон ба ширкатҳои шумо ягон шикоят надорад, чун тибқи хабарҳо Эрон гуфтааст, ки ба дороиҳои Занҷонӣ дар ҳар кишвар расидагӣ анҷом мегирад?

Рустам Саидов: Мо ин хабарро маротибаи аввал мешунавем. Дар мавриди фаъолияти ширкатҳои марбут ба ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон» бояд бигӯем, ки фаъолияти мо ба таври муназзам ҷараён дорад. Дар ин самт ин ё он мушкили қобили таваҷҷӯҳ ё мушкили зиёд мавҷуд нест ва ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон» барои 10 соли оянда барномарезӣ шудааст ва аз рӯи ин барнома фаъолияти мо пеш меравад.

Озодӣ: Яъне мо гуфта метавонем, ки ҷониби Эрон барои расидагӣ, он гуна, ки дар хабарҳо ҳаст, ба шумо ҳеҷ пешниҳоде накардааст?

Рустам Саидов: Аслан ин хел пешниҳод нест.

Озодӣ: Сарнавишти сармояҳои аввалияе, ки оқои Занҷонӣ дар ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон» гузошта буд, чӣ хоҳад шуд?

Рустам Саидов: Фаъолияти ширкат барои даҳ соли оянда барномарезӣ шудаааст. Сармояҳое, ки то ҳол ҷалб шуда буданд, ба нафъи ҳолдинг ва ба нафъи мардуми тоҷик кор мекунанд. Ин сармояҳо ба ҷое нарафтаанд ва онҳо дар дохили Тоҷикистон дар гардиш ҳастанд. Масалан, он автовокзале, ки мо бунёд кардем, таъмиру таҷдиди онро дар сатҳи бисёр баланд бо усули «Ҳайтек» ба маблағи 250 миллион сомонӣ анҷом додаем. Автобусҳо ва ё таҷҳизоте, ки ворид шудаанд, ҳамаи онҳо мақсаднок истифода мешаванд. Онҳо дар айни замон дар гардишанд.

Озодӣ: Ва фаъолияти ҳолдинги «Конт Групп Тоҷикистон» ҳамон гуна, ки буд, бидуни ягон вақфа идома меёбад ва барномаҳои даҳсолаи худро иҷро мекунад?

Рустам Саидов: Комилан дуруст аст ва ман як нуктаи дигарро мехоҳам ёдовар шавам. Аз он, ки оқои Занҷонӣ дар Эрон мушкил дорад ва оё чунин мушкил мавҷуд аст, ин мушкили як кишвари алоҳида аст. Дар ояндаи наздик мо итминонамон комил аст, ки сохторҳои марбутаи Эрон ба ин мавзӯъ расидагӣ мекунанд ва ба он нуқта мегузоранд. Ин мушкили як шаҳрванд дар дохили кишвари худаш аст.
XS
SM
MD
LG