Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрон: "Парвандаи Занҷонӣ печида аст"


Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Мақомоти Эрон парвандаи Бобаки Занҷониро яке аз парвандаҳои печида хонда ва мегӯянд, ки он дар марҳилаи муқаддамотӣ қарор дорад.

Ғулом Муҳсини Ажаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар сӯҳбат ба шабакаи якуми телевизиони Эрон дар хусуси парвандаи Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, ки ин яке аз парвандаҳои печида аст ва додрас бояд ҷурми аслии ӯро маълум кунад.

Бобаки Занҷонӣ дар авохири моҳи декабри соли гузашта бо дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар ростои мубориза бо касоне, ки аз шароити таҳримҳо сӯиистифода карданд, боздошт шуд. Номи Занҷонӣ дар робита ба фаъолиятҳои молӣ барои коҳиши таъсири таҳримҳои байналалмилалӣ алайҳи Эрон матраҳ шуд.

Ғулом Муҳсини Ажаӣ дар идома гуфтааст, парванди Бобаки Занҷонӣ дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳанӯз муҷрим шинохта нашудааст ва як бахши кораш марбут ба дохил ва бахши дигари он ба хориҷ марбут аст. Ӯ изофа кардааст, иттиҳомот алайҳи Бобаки Занҷонӣ чандто мебошад, аммо тақаллуб ва ворид кардани халал дар низоми пулии Эрон, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, "аммо дар ниҳоят мо мебинем, ки қувваи қазоия чӣ иттиҳомотеро алайҳи ӯ эълон мекунанд, ин парванда ҳанӯз дар марҳилаи муқаддамотӣ аст ва касе мехоҳад дар бораи ин парванда сӯҳбат кунад, дар ҳадди маълумоти худ сӯҳбат кунад."

Ин мақоми эронӣ мегӯяд, бар асоси изҳороти Бобаки Занҷонӣ, дороии ӯ бештар аз он чизе аст, ки бояд бипардозад. Пештар аз ин яке аз мақомоти баландпояи Эрон гуфта буд, ки дороиҳои Бобаки Занҷонӣ камтар аз маблағе мебошад, ки ӯ бояд ба ҳукумати Эрон бипардозад.

Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ҳоло дар кишвараш боздошт шудааст, дар Тоҷикистон миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Ба ҷуз Kont Investment Bank, аз сардамдорони ширкати серсоҳаи «Конт – групп – Тоҷикистон» маҳсуб мешавад ва ҳудуди 1 миллиарду 200 сомонӣ (беш аз 200 миллион доллар) дар иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузоштааст. Ӯ рӯзи 30-юми декабри соли гузашта боздошт шуд. Далели боздошти ӯро 2 миллиарду 460 миллион евро пули нафти Эрон арзёбӣ мекарданд, ки бояд Бобаки Занҷонӣ ба вазорати нафти он кишвар пардохт мекард.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 7 январ хабари матбуоти Эрон дар бораи сафари як ҳайъпати баландпояи Эрон ба Душанбе расман тасдиқ ва ба сурати ғайриаланӣ баррасии қазияи Занҷонӣ дар мулоқотҳои ин ҳайъат бо раҳбарони Бонки миллиро эътироф кард. Абдуғаффор Қурбонов ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳайат таҳти сарварии муовини раиси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон омада, бо раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ин масъаларо бо риояти муқаррароти протоколӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф баррасӣ карда буд, ки мутаассифона, аз сӯи расонаҳои эронӣ, кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.

Сафорати Эрон дар Душанбе ҳам ба дунболи ин моҷаро гуфт, истисно намекунад, ки 2 миллиарду 460 миллион еврои «гумшуда» -и миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бошад.
XS
SM
MD
LG