Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои ду масҷид дар Афғонистон 89 кушта бар ҷо гузошт. ВИДЕО


Дар ду ҳамлаи ҷудогона болои намозгузорон дар масҷиди “Имоми замон”-и шаҳри Кобул ва вилояти Ғӯри Афғонистон 89 нафар кушта шуданд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки масҷиди “Имоми замон”, воқеъ дар ноҳияи Дашти Барчии Кобул, маҳалли намозгузории пайравони шиа ва масҷиди маркази вилояти Ғур аз сунниҳо буд. Ин ҳамлаҳо бегоҳи ҷумъа сурат гирифта, гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 21-уми октябр иддао кард, ки ҳамла ба масҷиди Кобулро яке аз ҷангҷӯёнаш анҷом дод. То ҳол масъулияти ҳамла ба масҷиди маркзаи вилояти Ғурро касе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Ҳамлаи интиҳорӣ болои масҷиди Кобул ҳаёти даҳҳо нафарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Ҳамлаҳои маргбор болои намозгузорон дар ду масҷиди Афғонистон баъди як рӯзи кушта шудани 43 сарбоз дар як пойгоҳи артиши Афғонистон дар вилояти Қандаҳор рух дод. Дар он ҳамла, ки масъулияташро Толибон бар уҳда гирифтааст, нӯҳ нафари дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтанд, ки дар ҳамлаи масҷиди "Имоми замон" дар Кобул 56 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти вазорат гуфтанд, ҳамлакунандаи интиҳорӣ маводи таркандаи баста дар баданашро бегоҳи 20-уми октябр, ҳангоми адои намоз, ба кор даровард.

Дар таркиши дувум дар масҷиди маркази вилояти Ғур 33 нафар кушта, даҳ тани дигар маҷруҳ шуданд. Аҳмадҳусейн Донишёр, раиси ноҳияи Дулайнаи вилояти Ғур гуфт, Фазл Аҳад, яке аз фармондеҳони ҷанг алайҳи Толибон, ҳангоми инфиҷор дар масҷид буд ва кушта шуд. То ҳол масъулияти ин ҳамларо касе ё гуруҳе бар дӯш нагирифтааст.

Абдулҳодӣ Хатибӣ, сухангӯи волии Ғур, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намозгузорони ин масҷид аҳли тасаннун буданд. "Бегоҳи ҷумъа ҳини адои намози аср дар рустои Хоҷагони ноҳияи Дулайнаи вилояти Ғур ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифт. Мардум барои намоз саф кашида буданд ва дар ҳамин вақт интиҳоркунанда худро расонд ва маводро ба кор даровард. Ин мардум аҳли тасаннун ҳастанд ва аввалин бор аст, ки дар вилояти Ғур чунин як амале сурат мегирад", - афзуд ӯ.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон дар як эъломия ин ҳамлаҳоро маҳкум кард ва гуфт, ҳадаф қарор додани мардум дар маконҳои муқаддас ва дар ҳар ҷое дигар ҷинояти зидди инсонӣ ва мухолиф бо тамоми арзишҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар аст. Раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳаргиз ба ҳадафҳои шуми худ, аз ҷумла барои эҷоди тафриқа муваффақ намешаванд ва ба зудӣ аз тарафи нирӯҳои амнияти ва дифоии Афғонистон саркӯб ва нобуд хоҳанд шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, низ дар саҳифаи расмии худ дар Твиттер навишт, “онҳое, ки намозгузоронро дар масҷиди Кобул ва Ғур куштанд, сазовори сулҳ ва раҳм нестанд”.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ҳамлаҳои рӯзи 20-уми октябор дар Афғонистнро ба шиддат маҳкум кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико дар як баёния гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар паҳлӯи мардуми Афғонистон аст ва ба ҳимояташ барои ба даст омадани сулҳу субот дар он кишвар идома медиҳад.

Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориш гуфт, ки соли равон дар масҷиду маросими пайравони шиа дар Афғонистон беш аз ҳаштод нафар кушта шуда, тақрибан 200 нафари дигар маҷруҳ гардиданд. Ҳудуди нафар дарсади аҳолии Афғонистон пайравони аҳли суннату ҷамоат ҳастанд.

XS
SM
MD
LG