Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии низомиёни тоҷик ба "ҷанги рӯбарӯ бо душмани хориҷӣ"


Рӯзи ҷумъаи 29-уми сентябр дар размоишгоҳи "Фахробод" воқеъ дар 30-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, тамрини низомии нерӯҳои қудратии Тоҷикистон поён меёбад. Ин размоиш аз панҷ рӯз қабл оғоз ёфта буд ва дар он низомиёни вазоратҳои дифоъ ва умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва нерӯҳои захиравӣ, ширкат доранд.

Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз ин тамрини низомии панҷрӯза, омодагии тамоми ҷузъутомҳои кишвар шурӯъ аз ниҳодҳои қудратӣ то нерӯҳои захиравӣ, дар баробари ҳуҷумҳои ногаҳонии душмани хориҷӣ мебошад.​

Давлати Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии 1400-километрӣ дорад, аз “сирояти” ноамнӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишвар нигарон аст.

Фаридун Маҳмадализода, сардори дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин машқи низомӣ 10 ҳавопаймову чархболҳои ҳарбӣ, 300 зиреҳпӯш, 150 техникаи артиллерия, 1200 мошинҳои низомӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, истифода шуданд. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадализода, ин размоиши фарогир дар ҳудуди пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ таҳти унвони "омодагӣ ба ҳамлаи душман аз хориҷ", бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор нафар ва дар се марҳила баргузор шуд.

Вай афзуд, дар марҳилаи аввал душман аз берун ҳамла намудааст ва нерӯҳои Тоҷикистон бо омодагӣ дар баробари он қарор гирифтанд. Дар марҳилаи дуввум "ҷамъомади дифои ҳудудӣ" сурат гирифт, ки дар чаҳорчӯби он, ноҳияҳо ҳар захирае шурӯъ аз трактор то силоҳи шикориву захоири ғизоие доштанд, танзим намуда ва ба нерӯҳои ҷангӣ, ки бо душман дар набард ҳастанд, ирсол медоранд. Дар марҳилаи низомӣ, ки имрӯз, 29-уми сентябр дар размоишгоҳи “Фахробод" баргузор мешавад, бо истифода аз техникаи артиллерӣ ва тирпаронӣ, саҳнаҳои ҷанг ба намоиш гузошта мешаванд.

Давоми соли ҷорӣ барои бори чандум аст, ки нерӯҳои қудратии Тоҷикистон тамринҳои низомӣ баргузор мекунанд. Дар нимаи дувуми моҳи июл дусад нерӯи амниятии Тоҷикистону Амрико, Қирғизистон, Муғулистон ва Покистон дар размоишгоҳи Фахробод, 25-километрии шаҳри Душанбе, тамрини муштарак баргузор карда буданд.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Дар оғози моҳи июн дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои зиддитеррористии кишварҳои муштаракулманофеъ зери номи "Душанбе-Антитеррор-2017” баргузор шуда буд. Қабл аз он, дар чаҳорчӯби тамрини мубориза бо террористон, нерӯҳои қудратии Тоҷикистон гурӯҳи террористони шартиро, ки телевизиони давлатии кишварро муҳосира карда буданд, нобуд карданд.

Размоиши низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешаванд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрда, бино ба хабарҳо, гӯё баъзе аз аъзои он ба Афғонистон роҳ ёфтаанд. Давлати Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии 1400-километрӣ дорад, аз “сирояти” ноамнӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишвар нигарон аст. Ба ин далел Тоҷикистон солҳои ахир ҳарчӣ бештар шеваҳои мубориза бо террористон ва муқобила бо гурӯҳҳои харобкорро бештар кардааст.

Коршиносон ҳадафи баргузории машқҳои низомӣ бо кишварҳои мухталифро як навъ омодагӣ барои муқобила ба ноамниҳои эҳтимолӣ ва ҳам тақвияти қудрати нерӯҳои мусаллаҳи кишвар арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG