Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Тоҷикистону Амрико ба тамрин омода мешаванд


Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин дар тамрини нерӯҳои Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва барчидани минаҳо кӯмак мекунад.

Сарбозон ва маъмурони амниятии кишвари Осиё ва Амрико ҳафтаи оянда дар Душанбе ва як размоишгоҳи Тоҷикистон шеваҳои мубориза бо терроризм ва усулҳои посдории сулҳ дар кишвари эҳтимолии ҷангзадаро тамрин мекунанд.

Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, нерӯҳои амниятии Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ҳамин моҳ “машқҳои фармондеҳӣ-ситодии бисёрмиллиятӣ”-ро дар чаҳорчӯби Ҳамкориҳои Минтақавӣ - 2017” баргузор мекунанд. Машқҳои 13-рӯза аз 10-ум то 23-уми июн идома меёбанд.

Сафорат мегӯяд, тамринҳо дар чаҳорчӯби Ҳамкориҳои минтақавӣ 2017 “амалиёти намунавии сулҳофариниест, ки ба мандати Созмони Милали Муттаҳид, бо таваҷҷўҳи умда ба мубориза зидди терроризм, амнияти сарҳадӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо барои рафъи офатҳои табиӣ ва баргузории амалиётҳо барои нигаҳдории субот, ҷавобгў мебошад. Ҳар як кишвар баҳри иштирок дар банақшагирии амалиётҳои низомии муштарак намояндагони худро пешниҳод менамояд, ки аз рўи якчанд сенарияҳои эҳтимолӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. “

Амалиёт мандати Созмони Милали Муттаҳид, бо таваҷҷўҳи умда ба мубориза зидди терроризм, амнияти сарҳадӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо барои рафъи офатҳои табиӣ ва баргузории амалиётҳо барои нигаҳдории субот, ҷавобгў мебошад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон баргузории ин тамринҳоро таъйид кард. Раҳбарии тамринҳоро вазорати дифои Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, панҷ кишвар ва беш аз 200 намояндгони кишварҳои узв дар ин машқи низомӣ ширкат хоҳанд мекунанд.

Бар иловаи машқҳои назариявӣ, нерӯҳои Амрикову Тоҷикистон аз 17-ум то 21-уми июл дар наздикии Фахробод машқҳои муштарак баргузор хоҳанд кард. Ба гуфтаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, машқҳои низомии муштарак, “ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ тариқи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубодилаи иттилоот, ба хотири таҳкими ҳамоҳангӣ ва муколама дар минтақа пешкаш менамояд.”

Дар машқҳо таваҷҷўҳи умда ба амалиёт ҷиҳати нигаҳдории субот, амнияти сарҳад, назорати сарҳадӣ, мубориза зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа зоҳир мегардад. Амрико ва бо кишварҳои Осиё аз соли 2001 ба инҷониб чунин тамринҳои низомиро баргузор мекунанд ва машқи охирин дар иёлати Массачусетс аз 16 то 28 сентябри соли 2016 баргузор шуд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар иловаи размоишҳои муштарак ба Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ кӯмак мекунанд.

Кӯмакҳои низомии Амрико ба Тоҷикистон ҳамасола афзоиш ёфтаанд ва дар чанд соли ахир Иёлоти Муттаҳида барои мусаллаҳу муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва воҳидҳои муборизакунанда бо терроризм ва дигар нерӯҳои амниятӣ 260 миллион доллар кӯмак кардааст. Аз ҷумла моҳи май Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон нақлиёт, таҷҳизоти алоқа ва камераҳои гармидиҳӣ ба маблағи 6 миллион доллар кӯмак кард. Сафорати Амрико гуфт, ин кӯмак барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон, истифода бурда мешавад.

Пештар аз ин ва аввали моҳи гузашта дар Тоҷикистон машқҳои муштараки низомӣ бо Русия баргузор шуд ва дар он Русия мушаки “Искандар-М”- ро нахустин бор дар хориҷ аз Сурия ба кор бурд. Дар ин машқҳои зиддитеррористӣ дар маҷмӯъ 4,5 ҳазор афсару сарбоз аз Тоҷикистону Русия ширкат карданд.

Давлати Тоҷикистон, ки аз сирояти ноамнӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишвар нигарон аст, солҳои ахир ҳарчӣ бештар шеваҳои мубориза бо террористон ва муқобила бо гурӯҳҳои харобкорро бештар кардааст. Коршиносон ҳадафи ин машқҳоро омодагӣ ба муқобила ба ноамниҳои эҳтимолӣ ва ҳам тақвияти қудрати нерӯҳои мусаллаҳи кишвар меноманд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG