Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Амрико


Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои вазорати дифои Амрико машқҳои касбӣ мегузаронанд. Рӯзи 20 март аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки машқҳои нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Амрико аз рӯзи 27 март то 7 апрел идома карда ва дар он 150 намояндаи Амрико ва 100 нафар аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ин машқҳо аз ҷониби Фармондеҳии марказии Амрико дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатии ИМА ва ҳукумати Тоҷикистон гузаронида мешаванд. "Машқҳо ба тадбирҳои зиддибӯҳронӣ бахшида шуда, иборат аз сенарияҳои шабеҳсозишуда барои мусоидат ба фаъолияти мутобиқшудаи шарикон дар мубориза бар зидди терроризми трансмиллӣ мебошанд",-омадааст дар хабарномаи сафорати Амрико.

Ин тамринҳо дар тамрингоҳҳои ҳарбӣ дар саросари Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва бархе аз онҳо дар ҷойҳои дигари аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқшуда, доир хоҳанд шуд. Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо, тақвияти амният ва субот дар минтақа, гуфта шудааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии худро ҷашн гирифтанд. Давоми ин муддат Амрико ба Тоҷикистон аз 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG