Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар як ҳамлаи Толибон ба қароргоҳи артиш дар Қандаҳор рӯзи 19 октябр 43 сарбоз кушта ва 9 нафар захмӣ шуданд. Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифоъ гуфт, ки дар паи ин ҳамлаи пурхушунат ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон 6 низомӣ нопадид шудааст. Ба гуфтаи Вазирӣ, дар паи ин ҳамла танҳо ду сарбоз ҳеҷ осебе надиданд. Мақомот гуфтанд, ки 10 ҳамлагар кушта шуд.
Як мақоми амниятии маҳаллӣ гуфт, ки ҳодиса субҳ рух дод ва як ҳамлагари бомбгузор мошини ҳомили маводи таркандаро дар наздикии пойгоҳ мунфаҷир кард. Дар пай афроди мусаллаҳ бо истифода аз силоҳ даст ба куштори сарбозон заданд. Лаҳзае, ки низомиён аз берун ба кӯмаки пойгоҳ шитофтанд, ҷангиён аз макони ҳодиса фирор карданд.
Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба дӯш гирифтанд. Ду рӯз пеш аз ин дар паи ду таркиши маргталабонаи ҷудогона ва ҳамла ба нирӯҳои ҳукуматӣ 80 нафар кушта шуда 300 тани дигар захмӣ гардиданд.