Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон вориди ҷанг бо Исроил шуд

Нерӯҳои "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯҳои "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон. Акс аз бойгонӣ.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки мавриди ҳимояти Эрон мебошад, дар вокуниш ба кушта шудани Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон дар ҳамлаҳои Исроил ва Амрико, эълон кард, ки ба Исроил ҳамла кардааст.

Шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ"-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.

Артиши Исроил субҳи 2 март аз партоби чанд мушак аз Лубнон ба тарафи Исроил хабар дод. Партоби ин мушакҳо боиси ба садо даромадани бонги хатар дар бахшҳои гуногуни шимоли Исроил шуд.

Артиши Исроил бо нашри баёнияи дигар аз раҳгирии як партоб хабар дод ва гуфт, ки дигар партобҳо дар фазои боз ва бехатар суқут кардаанд.

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" чанд соат баъд, партоби мушак ва паҳбод ба тарафи Исроилро тасдиқ кард ва онро вокуниш ба кушта шудани Алӣ Хоманаӣ донист.

Ин гурӯҳ пештар ҳушдор дода буд, ки ҳадаф қарор додани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломии Эронро хатти сурхи худ медонад ва дар сурати осеб дидани ӯ, мумкин аст вориди даргириҳо шавад.

Исроил ва Лубнон беш аз як сол пеш бо миёнаравии Амрико ба тавофуқи оташбас даст ёфтанд, ки ҷанги сездаҳмоҳаи Исроил ва ниманизомиёни гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро поён дод.

Аз он замон то кунун ду тараф борҳо якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG