Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи се хешованди Гулмурод Ҳалимовро ба анҷом расондааст, ки барои кӯшиши фирор ба Афғонистон бо ҳадафи пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд. Дар ин бора рӯзи 9-уми сентябр як манбаи Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, “парванда аз ҷониби як гурӯҳи махсуси Додситонии кул тафтиш шуд”.
Дар як соли ахир Гулмурод Ҳалимов паёми видеоӣ намефиристод ва аз ин рӯ, барои мақомот мушкил буд, ки муайян кунанд, аз он тараф дақиқан Ҳалимов сӯҳбат мекунад ё каси дигар бо супориши ӯ.
Гулмурод Ҳалимов, раҳбари пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ду соли пеш ба Сурияву Ироқ фирор карда, баъдан то мартабаи “вазири ҷанги ДИИШ” расидааст. Зимнан, рӯзи 8-уми сентябр Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар як бомбаборони ахир дар Сурия Ҳалимов шадидан захмӣ шудааст.
Мақомот гуфтанд, аъзои хонаводаи Ҳалимов рӯзи 4-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ боздошт шуданд. Алӣ Ҳалимов - бародарзода, Комил ва Назир Ҳалимовҳо - бародарони Гулмурод Ҳалимов бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, “зархаридӣ”, яъне талоши пайвастан ба гурӯҳи террористӣ, қасди “ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ” ва “муқобилият ба корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ” айбдор мешаванд.
Ин се нафар дар ҳоле боздошт шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, бо чаҳор тан аз наздикони дигари Гулмурод Ҳалимов қасд доштанд, ба Афғонистон бираванд. Мақомот мегӯянд, дар пайи муқобилият бо пулис чаҳор нафари онҳо - Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов – бародарони Гулмурод Ҳалимов ва Афзал Абдурашидов - бародарзодаи Ҳалимов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов - додарарӯси Саидмурод Ҳалимов кушта шудаанд. Анвар Ҳусейнов, корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ин амалиёт захмӣ шуда буд.
То ҳол мавқеи худи боздоштшудаҳову гумонбарон ба ин қазия маълум нест ва тасдиқи дурустии иттиҳоми зидди онҳо ҳам имкон надорад. Ҳамаи гумонбарон аз лаҳзаи аввали боздошт дар ҳабс ба сар мебаранд. Хешовандони дигари Ҳалимов дар зодгоҳаш Дараи Фонии Варзоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардони хона он рӯз ду мошин шуда барои мардикорӣ ба ноҳияи Ҳисор рафтанд. Онҳо гуфтанд, ки дар бораи тамосашон бо Ҳалимов иттилое надоранд.
Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти набурдани номаш рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни тафтиш маълум шуд, ки Гулмурод Ҳалимов пас аз пайвастан ба сафи ДИИШ бо бародараш Назир Ҳалимов бо роҳи гуногун тамос доштааст, вале ин тамосҳоро ӯ аз мақомот пинҳон мекард. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, пас аз боздошти Беҳрӯзи Гулмурод, писари Ҳалимов дар моҳи апрели соли равон мақомот ба Назир Ҳалимов шубҳа кард. Ӯ тамосҳояшро бо Гулмурод Ҳалимов тариқи Наим Раҳмонов, додарарӯси Ҳалимов, ба роҳ монда будааст.
“Бо ин ду нафар, шахсе, ки худро Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекард, тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ сӯҳбати катбӣ мекард. Ба Назир Ҳалимов нигоҳубини хонаводаашро таъкид карда ва мегуфтааст, ки вақте ӯ супориш дод, аҳли оилаашро ба “вилояти Хуросон” (ҷангҷӯёни ДИИШ Афғонистонро чунин ном мебаранд) интиқол диҳанд. Дар як соли ахир ӯ паёми видеоӣ намефиристод, аз ин рӯ, барои мақомот мушкил буд, ки муайян кунанд, аз он тараф дақиқан Ҳалимов сӯҳбат мекунад ё каси дигаре бо супориши ӯ”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, мақомоти тоҷик ба кушта шудани ӯ бовар намекарданд ва ҳамзамон зинда будани ӯро низ наметавонанд тасдиқ кунанд. Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 20-уми июл дар шарҳи боздошт ва кушта шудани наздикони Ҳалимов гуфт: “Ҳадаф чӣ буд? Ба ҳама маълум аст. Аз роҳи убури ғарйиқонунии сарҳад ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”. Тарафдорони собиқ корманди мо Гулмурод Ҳалимов хешу таборонаш буданд. Бе ягон фикр ҳеҷ гоҳ ба хонаи ҳамсоя намеравед.”
Ӯ гуфта буд, ки ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот, на ҳамаи ҷузъиёти парванда ошкор мешавад, вале таъкид кард, ки мақсади ин гурӯҳ «маълум буд»: «Ин якрӯза кор набуд. Чандин моҳ нақша кашиданд. Лекин кори бад ба мақсад намерасад».
Хушвақт Машрабзода, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки “ҳангоми муқобилият ба кормандони милиса чаҳор тан аз наздикони Ҳалимов кушта шуда ва се тан аз онҳо боздошт шудаанд”. Чаҳор хеши кушташудаи Ҳалимов рӯзи10-уми июл дар Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба хок супурда шуданд. Ҷасади онҳоро субҳи барвақт мақомот ба хешовандонашон супурданд.
Тафтиши парвандаи хешони Ҳалимов дар ҳоле ба охир расид, ки 8-уми сентябр Вазорати дифои Русия хабар дод, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар минтақаи Дайр-уз-Зор Гулмурод Ҳалимов “ҷароҳати маргбор” бардоштааст. Аз замони тарки Тоҷикистон кардаву пайвастанаш ба ДИИШ Ҳалимов мавриди пайгарди мақомоти тоҷик буд ва дар як изҳороти ҳукумати ИМА ҳам ин шахс ба унвони як гумонбари хатарнок мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Ҳукумати Амрико барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ваъда кард, вале зоҳиран ин ҷустуҷӯ ҳам натиҷа надод.
Дар як ҳодисаи соли 2016 ҳамсари дуюми Ҳалимов бо 4 фарзанд ба назди ӯ ба Сурия рафту дигар бо хешовандонаш дар Тоҷикистон дар тамос нашуд.