Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи таҷдиди назар зидди фармони Трамп раъй дод


Додгоҳи таҷдиди назар дар Сан-Франсиско алайҳи фармони президент Доналд Трамп дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвар ба хоки Амрико раъй дод. Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, шӯъбаи 9-уми додгоҳи таҷдиди назар дар Сан-Франсиско гуфтааст, "ҳукумат натавонист ҳеҷ санад ва ҳуҷҷате нишон диҳад, ки шаҳрвандони ин ҳафт кишвар барои анҷом додани амалиёти террористӣ дар хоки Амрико омодагӣ мегиранд." Ин қарори додгоҳи таҷдиди назар 9 феврал содир шуд.

Вазорати адлияи Амрико эълон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир раъйи додгоҳи таҷдиди назарро баррасӣ менамояд.

Қаблан, Вазорати адлияи Амрико аз додгоҳи таҷдиди назар хоста буд, ки фармони иҷроии Доналд Трампро ба ҳоли худ монад. Аммо се додрас ба ин дархост посухи рад доданд. Раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ҳукми додгоҳи таҷдиди назар дар Твиттери худ навишт, "дидор дар додгоҳ, амнияти кишварамон дар хатар аст".

Доналд Трамп, инчунин, дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфтааст, "ин як тасмими сиёсӣ аст, мо онҳоро дар додгоҳ хоҳем дид. Ман муштоқона мунтазири ин кор ҳастам". Вай афзудааст, "ин тасмиме буд, ки ба назарам, мо хеле осон пирӯз хоҳем шуд."

Дар вокуниш ба раъйи додгоҳи таҷдиди назар дар Сан-Франсиско, додситони кулли аёлати Вашингтон гуфтааст, "ин ҳукм як пирӯзии бузург барои аёлати Вашингтон аст". Ба гузориши Fox News, вай афзудааст, "мо миллати қонун ҳастем, қонун дар кишвари мо шомили ҳама мешавад, аз ҷумла президент". Додситони кулли аёлати Вашингтон дар вокуниш ба навиштаи Доналд Трамп дар Твиттер гуфтааст, ки "мо то кунун ду бор дар додгоҳ рӯбарӯ шудаем. Акнун Қонуни асосии мо дар хатар аст."

Аз тарафи дигар, Вазорати адлияи Амрико эълон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир раъйи додгоҳи таҷдиди назарро баррасӣ менамояд. Дар ҳамин замин, як мушовири баландпояи Доналд Трамп пешбинӣ кардааст, ки раиси ҷумҳури Амрико дар ниҳоят дар додгоҳ ба осонӣ пирӯз хоҳад шуд. Ба гузориши Fox News, пештар мақомҳои ҳукумати Доналд Трамп таъкид карда буданд, ки омодаанд дар сурати зарурат, масъалаи иҷрои фармони президентро дар Додгоҳи олии ин кишвар матраҳ кунанд.

Додгоҳи таҷдиди назар дар Сан-Франсиско рӯзи 9 феврал алайҳи фармони Доналд Трамп дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвар ба хоки ИМА раъй дод.

Донад Трамп ду ҳафта қабл бо имзои як фармон вуруди шаҳрвандони Эрон, Сурия, Либия, Яман, Сомалия, Ироқ ва Судонро ба хоки Амрико ба муддати 900 рӯз мамнӯъ кард. Вуруди муҳоҷирон низ ба муддати 120 рӯз ва вуруди паноҷӯёни суриягӣ низ ба таври "номаҳдуд" мамнӯъ шудааст.

Ин ҳукми Доналд Трамп дар оғоз норӯшаниҳои зиёде дар бораи вазъияти дорандагони виза ва корти сабз (грин-корт) бо худ дошт ва дар миёни мусофирон дар саросари ҷаҳон сардаргумиҳоро ба миён овард. Дар пайи ин фармон, вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, ки 60 ҳазор виза бекор шудааст.

Фармони Доналд Трамп як ҳафта баъд бо ҳукми як додраси додгоҳе дар Сиэтли иёлати Вашингтон ба таври муваққат ба ҳоли таъхир даромад. Вале вакилони дифои ҳукумати Амрико ба ин эътироз карда ва хостори барқарории фаврии фармони раиси ҷумҳур шуданд.

Бо ин вуҷуд, додгоҳи шӯъбаи 9-уми таҷдиди назар дар Сан-Франсиско рӯзи якшанбеи гузашта дархости фаврии вакилони дифои ҳукуматро рад карда ва аз ҷонибҳо хост, ки то бегоҳи рӯзи душанбе санадҳои худро ба додгоҳ пешниҳод кунанд. Пеш аз ин қарор буд, ки рӯзи сешанбе ҳукми додгоҳи таҷдиди назар эълон шавад, вале эълони он то рӯзи панҷшанбе ба таъхир афтод.

Фармони раиси ҷумҳури Амрико, дар ду ҳафтаи гузашта бо эътирозҳои густурда дар Амрико ва дигар кишварҳо рӯбарӯ шудааст. 97 ширкати амрикоӣ ва ду иёлати ин кишвар ба додгоҳ шикоят бурда ва хостори лағви ин фармон шуданд. Аз сӯи дигар, тазоҳуроти зиёде дар шаҳрҳои мухталифи Амрико баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG