Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайх Салмон Халифа раҳбари нави футболи Осиё шуд


Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа

Раиси Созмони футболи Баҳрайн Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа раиси нави Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) интихоб шуд.

Имрӯз, 2-юми май дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур кунгураи ғайринавбатии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуд. Ба иттилои сомонаи AFC дар ин кунгура Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 43-соларо раиси нави футболи қораи Осиё интихоб намуданд. Ба тарфдории ӯ аз 46 нафар 33 кас раъй доданд. Рақибонаш – намояндаи Таиланд Ворами Макуди 7 овоз ва Юсуф Ал- Серкал аз Имороти Муттаҳидаи Араб 6 овоз гирифтаанд.

Шайх Салмон ҳамчунин узви кумитаи иҷроияи ФИФА аз Осиё интихоб гардид. Вай аз 46 овоз 28 овоз гирифт. 18 овози дигар ба тарафдории раҳбари кумитаи тадорукоти мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 Ҳасан Ал-Тавадии қатарӣ дода шуд.

Шайх Салмон то соли 2015 вазифаи раиси AFC-ро бар ӯҳда мегирад, зеро ки ин конгресси ғайринавбатӣ буд. Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси собиқи AFC, соли 2011 ба иллати даст доштан дар фасод аз ҷониби FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) барканор шуда буд.

Ёдовар мешавем, Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Созмони футболи Баҳрайн, ки ахиран бо сафари корӣ ба Душанбе омада, рӯзи 19-уми апрел бо Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, мулоқот кард.
Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳо байни созмонҳои футболи ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Роҳбарони федератсияҳои миллии ҳарду кишвар барои баргузории ду бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон тирамоҳи соли равон дар Душанбе ва Манама ба мувофиқа расиданд.
XS
SM
MD
LG