Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таваллуд хатарноктар аз ҷанг аст". ВИДЕО


Зани ҳомиларо соати 9:30 ба таваллудхона оварданд. Соати 9:35 таваллуд кард. Чунин ҳолатҳои хатарнок дар як шифохонае дар шимоли шарқи Афғонистон зиёд рух медиҳанд. Дар шифохонае, ки ба ҳисоби миёна онҷо рӯзона 60 кӯдак ба дунё меояд ва шояд аз пурғавғотарин таваллудхона дар ҷаҳон бошад.

  • Ин шифохонаи таъсисдодаи муассисаи фаронсавии “Табибони Бидуни Марз” дар вилояти Хусти Афғонистонро “корхонаи кӯдаксозӣ” меноманд. Дар наздикии марзи Покистон воқеъ аст ва Толибон онҷо фаъоланд.
Аз миёни ҳар 100 000 ҳазор зан дар Афғонистон 1291 нафари онҳо ҷон медодаанд.

Баъди 6 соат ҷавоб медиҳанд​

Асмад Фаҳрии 25-соларо аз ин вилоят нимашаб дарди зодан гирифт, вале ба далели хатарнок будани роҳҳо то бомдод сабр кард ва рӯзона ба шифохонаи “Табибони Бидуни Марз” расид.

Толеъаш баландӣ кард, ки ба шифохона расид ва ҳоло кӯдаки навзодаш рӯи зонуҳояш хоб аст. Дар ин шифохона занонро 6 соат баъд аз таваллуд ҷавоб медиҳанд, вале ӯ баъди се соат хост, ки ӯро ҷавоб бидиҳанд, то ҳаво торик нашуда ба хона бирасад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Таваллуд хатарноктар аз ҷанг
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Таваллуди 24 ҳазор кӯдак дар як бемористон

Баъзе аз занонеро, ки хунрезӣ мешаванду дарди зодан доранд, дар хару ароба ва ҳар нақлиёти дигар ба таваллудхона меоранд.

Таваллудхонаро соли 2012 дар Афғонистон боз карданд, ки баландтарин сатҳи маргу мири кӯдакон дар ҷаҳонро дорад. Танҳо дар соли соли 2013 дар шифохона 12 000 кӯдак ба дунё омад, яъне дар як рӯз 32 кӯдак. Соли 2017 теъдоди заноне, ки ба инҷо омаданд як баробар афзуд ва инҷо 23 ҳазор кӯдак таваллуд шуд.

Раша Хурӣ, табиби занон дар таваллудхона мегӯяд, имсол мумкин аст, шумораи кӯдаконе ки инҷо ба дунё меоянд, аз 24 ҳазор нафар ҳам бигзарад. Дар ин сурат шифохонаи “Табибони Бидуни Марз” мисли таваллудхонаи бузургтарин дар аёлати Атлантаи Амрико мешавад, ки дар соли 2017 дар онҷо 27 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст.

"Сари фарзанд мераванд"

"Мо дар инҷо ройгон зиндагии инсонҳоро аз марг наҷот медиҳем", - мегӯяд Сафия Хон, парастори шифохона. Дар айни сӯҳбат бо хабарнигори "Франс Пресс" модари дугонике аз байни либосҳо андаке пул мекашад ва ба ӯ дароз мекунад. Аммо Сафия Хон бо эҳтиром дасти ӯро ақиб мегардонад ва мегӯяд, "инҷо пул гирифтан мамнуъ аст".

Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, ки солона дар Афғонистон аз ҳар 100 000 ҳазор модар 396 нафари онҳо ҳангоми таваллуд мемиранд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин рақам дуруст нест, зеро мумкин нест, ки дар 12 соли гузашта маргумири модарон дар Афғонистон ба таври чашмгир поин омада бошад. Дар соли 2002 аз миёни 100 000 зан 1600 нафари онҳо ба таъбири тоҷикон “сари фарзанд мерафтаанд”.

Қоидаҳои “Паштунволӣ”

Дигар сабаб камбизоатӣ ва надоштани пули роҳ аст, то ба шифохона бираванд. Ё бояд мунтазир бошанд, ки марди хона биёяд ва онҳоро то ба бемористон ҳамроҳӣ кунад.

Муаллифони як пажӯҳиш, ки соли 2017 дар маҷаллаи мӯътабари “Лансет” чоп шуд, гуфтаанд, ки аз миёни ҳар 100 000 ҳазор зан дар Афғонистон 1291 нафари онҳо ҷон медодаанд. Ба гуфтаи онҳо, хатари марг ҳангоми таваллуд барои занон назар ба хатари ҷанг 5 маротиба зиёдтар аст.

Раша Хурӣ, мегӯяд, барои коҳиши маргу мир дар вилояти Хуст, ки якуним миллион нафар аҳолӣ дорад, “се шифохонае ба мисли таваллудхонаи Табибони Бидуни Марз зарур аст”.

Айни замон омилҳои дигар аз ҷумла қоидаҳои “Паштунволӣ”, ки барои занҳо маҳдудияти зиёд сохтааст, сабаби маргу мири модарон мешавад. Бисёре аз занон аз шарм ё тарс аз шавҳар ба шифохона намераванд ва дар хона таваллуд мекунанд. Дигар сабаб камбизоатӣ ва надоштани пули роҳ аст, то ба шифохона бираванд, ё бояд мунтазир бошанд, ки марди хона биёянд ва онҳоро то ба бемористон ҳамроҳӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG