Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши босуръати аҳолии Тоҷикистонро "бомбаи соатӣ" унвон кард. САДО


Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои ҳалли мушкили афзоиши аҳолӣ дастрасӣ ба маводи зидди ҳамлро бештар кунад. Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозааш таҳти унвони "Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташхиси маҷмӯии кишвар" навиштааст, афзоиши босуръати аҳолӣ монеи коҳиши фақр дар ҷумҳурӣ мешавад.

Тақрибан се миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони аз 1 то 14-сола ташкил мекунанд.

Чун, ба гуфтаи коршиносони бонк, сарчашмаи даромади бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва оилаи бузург барояшон сарборӣ мешавад.

"Аз ин рӯ, ҳукуматро зарур аст, аз роҳи пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва густариши маводи пешгирикунандаи ҳамл афзоиши аҳолиро ба танзим дарорад", - тавсия додааст Бонки Ҷаҳонӣ.

Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, айни занон шумораи хеле каме аз занҳои қобили таваллуд аз маводи зидди ҳамл истифода мекунанд. "Аз маводи зидди ҳамл фақат 28 дарсади занони синнашон аз 15 то 49-сола истифода мекунанд, ки ин хеле кам аст", - навиштаанд муаллифони тадқиқот.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта шудааст, аз роҳи танзим кардани мизони таваллуд ва густариши маводи зидди ҳамл ваё контрасептивҳо фишори мушкилоти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корро метавон камтар кард.

Дар оилаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шуморааш ҳамеша "атои Худо" ва манъи ҳомиладориро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд. Коршиносон мегӯянд, масъалаи пешгирии ҳамл, таваллуди фарзанд ва танзими оила аз қабили масоили ахлоқӣ аст ва аз ҳамин хотир ҳам ҳассосияти бархе ба ин мавзӯъ ба таври рӯшан эҳсос мешавад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.

Тақрибан се миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони аз 1 то 14-сола ташкил мекунанд. Дар даҳсолаи наздик ин артиши бузург вориди бозори кори кишвар хоҳанд шуд.

Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Моҳи майи соли 2018 дар Тоҷикистон тифле таваллуд шуд, ки аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар расонд.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG