Пайвандҳои дастрасӣ

Як духтари 24-солаи тоҷик, ки бидуни никоҳ аз ҷавони дӯстдоштааш ҳомиладор шудааст, бо шикоят ба додситонӣ хостори ин шудааст, ки аз ҳуқуқи ӯву фарзанди ояндааш ҳимоят кунад. Ин зани ҷавон, ки то таваллуди тифлаш рӯзҳои башумор мондааст, иддао дорад, ки ҷавон бо ваъдаи издивоҷ ӯро фиреб дода, бо ӯ ҳамзистӣ кардааст ва акнун дар як ҳолати ногувор ватанҳо мондааст.

Шаҳноз Набиева, сокини шаҳри Душанбе рӯзҳои башуморро то таваллуди нахустфарзанди худ интизор аст. Мегӯяд, ҳанӯз як соли пеш тасаввури ӯ аз марҳилаи интизории таваллуди фарзанди нахустин дигар буд -- вай умед дошт, ки ҳосили ишқи зебои волидон як фарзанди хостаниву дӯстдоштанӣ мешавад ва меҳмони навро ҳамагон бохушӣ интизор мешаванд.

Мавориди қабл аз издивоҷ ҳомиладор шудани духтарон дар Тоҷикистон бесобиқа нест. Вале бо далелҳои ахлоқӣ, аксар хонаводаҳо манфиатдор нестанд, ки ин кор ошкор шавад.

Вале моҳҳои охири пеш аз таваллуди Шаҳноз ҳама дар асабонияту дардисар мегузарад: тифли беникоҳи Шаҳноз ҳанӯз таваллуд нашуда, дар санадҳои додситонӣ ёд шудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯву модарро чӣ сарнавиште дар пеш аст. Таваллуди фарзанди беникоҳро аксарият дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон доғе барои модару кӯдак меноманд, дар тамоми умри баъдӣ ҳам кӯдаку модар аз таънаву маломати атрофиён эмин намемонад.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҳолат, Шаҳноз ҳам борҳо хостааст исқоти ҳамл кунад, аммо мегӯяд ӯ, ҳар бор падари тифлаш Муслим ӯро аз ин роҳ бозмедошт ва мегуфт, ки издивоҷ мекунад ва ин тифлро ҳам якҷо бузург хоҳанд кард. “Ҳамдигарро дӯст медоштем. Вақте ҳомила шудам, то 9-моҳагӣ ваъдаҳо кард. «Кӯдакро нарас» гуфт, «ман туро мегирам, ҳамааш хуб мешавад» мегуфт. Русия рафт, гуфт, кор карда меояду издивоҷ мекунем, вале акнун, ки тифл 9-моҳа асту бояд таваллуд шавад, бача гуфт, ман бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам”.

Шаҳноз иддао дорад, ки дар тасмимгирии Муслим бештар хешовандонаш нақши ҳалкунанда бозидаанд, чунки маҳз ҳамонро мухолифи издивоҷи онҳо ва ба хона овардани арӯси кӯдакдор ҳастанд.

Қиссаи зебои ишқ…

Ин ҷавонҳо мегӯянд, ишқи онҳо мисли як кино хеле зебо ва ногаҳонӣ шурӯъ шуд. Шаҳноз Набиева ва Муслим Сафаровро як садамаи тасодуфии нақлиётӣ дар 3 соли пеш бо ҳам шинос кард. Дар яке аз кӯчаҳои Душанбе рӯзе Муслим Шаҳнозро, ки аз хиёбон убур мекард, осеби сабук расонд. Муслим, ки дар ин ҳодиса худро гунаҳгор медонист, чанд рӯз пайиҳам Шаҳнозро ба беморхона бурд ва бо ҳамин ронанда ва мусофири ҷабрдида ба ҳам дил бастанд.

Шаҳноз Набиева.
Шаҳноз Набиева.

Шаҳноз мегӯяд, волидони Муслим ҳам як дафъа ба хонаи онҳо барои хостгории духтар омаданд ва аз издивоҷи фарзандон розӣ буданд. Ҳамин хостгорӣ буд, ки ба гуфтаи Шаҳноз, ӯро ба ояндаи хуб бо Муслим дилпур кард ва ӯ ҳам бо ин ҷавон наздик шуд. Аммо ҳоло ба гуфтаи Шаҳноз, хонаводаи Муслим намехоҳанд, ки духтари таҳсилдида ва ҳомиладорро аз пойтахт ба деҳа келин оваранд. Шаҳноз мегӯяд, дили гарми Муслимро ҳарфҳои носазои хонаводаву хешутабор ба ӯ сард кард ва ҳоло ин ҷавон боз ҳам бо машварати хонавода, бояд бо духтари дигаре арӯсӣ кунад.

"Худаш гунаҳгор аст"

Муслим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди муносибати маҳрамона бо Шаҳноз дар гузашта ва ҳоло ба баҳси издивоҷ дармондани робитаҳои худро ин духтари аз худаш ду сол бузургро рад намекунад. Вай мегӯяд, Шаҳноз рафтори хеле дағалу нораво дошт ва дар муддати охир ҳамаро дар атрофи ӯ зидди худ шӯронд. Ба гуфтаи Муслим, ӯ омода аст тамоми хароҷоти баъди таваллуди фарзандро ба дӯш бигирад, аммо наметавонад бо Шаҳноз издивоҷ кунад.

“Касе маро барои ин маҷбур надорад, фақат муносибаташро бо тамоми хонаводаи мо бад кард. Ман чӣ хел ӯро мебарам? СМС-ҳои қабеҳ навишт, тамоми дӯстони маро дашному таҳқир кард. Ман ҳоло наметавонам пеши онҳо сарамро бардорам. Масалан, мо бо ҳам ҷанг мешудем, ман телефонро мекуштам. Мегуфт, ҳоло тамошо кун ман чӣ кор мекунам ва дар ҳолати ғазаб ба тамоми шиносу наздиконам занг задаву бо ин роҳ қасд гирифтан мехост. Агар муомилааш хуб мебуд, чаро ман аз ӯ даст мекашидам? Ба ин ҳам худаш сабаб шуд”.

Парванда дар додгоҳ

Аммо хонаводаи Муслим иддаои Шаҳнозро дар бораи ин, ки гӯё маҳз онҳо монеи издивоҷи писарашон бо ӯ ҳастанд, беасос мехонанд. Ҳарчанд мегӯянд, дар воқеъ рафтори Шаҳноз хушашон наомадааст ва ӯ ба писарашон чандон лоиқ нест. Кибриё, модари Муслим мегӯяд, ҳоло дигар замоне нест, ки фарзандонро иҷборӣ ба касе хонадор кунӣ. Ба гуфтаи ӯ, агар писараш ба ин издивоҷ пофишорӣ мекард, аз дасти онҳо ҳам коре намеомад.

Муслим Сафаров.
Муслим Сафаров.

"Вале писарамро пурсидам, ки оё мехоҳӣ бо ӯ зиндагӣ куни? Гуфт, «не бо ӯ зиндагӣ карда намешавад». Модари духтар ҳам гуфт, ки ман ҳам ба ин издивоҷ розӣ нестам. Духтари хуб шабу нимашам ба падару модари писар СМС менависаду апаи писарро дашномҳои қабеҳ мекунад? Ман як бор ба хонаашон рафтам, аммо хостгорӣ не, танҳо ба хотири писарам ва барои шиносоӣ”.

Модари Муслим мегӯяд, аз ҳомиладории Шаҳноз то ҳамин наздикиҳо хабар надошт, вагарна кор шояд кор то ин ҳолат намерасид. Ҳоло шикояти Шаҳноз аз болои Муслим дар Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар додситонӣ ҳам ба мо гуфтанд, ки аризаи шикоятии ин зани ҷавон қабул шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Қонун чӣ мегӯяд?

Агарчи аз нигоҳи ахлоқӣ робитаи маҳрамонаи ду ҷавон ва ҳомиладории зан пеш аз издивоҷ дар ҷомеаи мусалмоннишини Тоҷикистон ғайри қобили қабул шумурда мешавад, қонун дар ин замина аз ҳақи зан дифоъ мекунад.

Матлуба Бобоҷонова, як ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии Лигаи занони ҳуқуқшинос мегӯяд: “Тибқи қонун дар ҳолате, ки ҷавон ва духтари ба балоғатрасида бо ҳам муносибат кунанд ва зан ҳомиладор шавад, агар мард издивоҷ ҳам накунад, зан фақат метавонад барои муқаррар кардани падарӣ ва рӯёндани алимент, ба додгоҳ шикоят барад. Агар далелҳо кофӣ бошанд, суд метавонад ҳалномаи муқаррар кардани алиментро содир кунад”.

Вале Шаҳноз Набиева, ки дар хонаи падарандар зиндагӣ мекунад, мехоҳад, ки баъди барбод рафтани орзуву умедҳояш барои издивоҷу хонадорӣ бо ҷавони дӯстдоштааш, ин хонавода хароҷоти таваллуд ва баъди онро, ба гардан гирад.

Мавориди қабл аз издивоҷ ҳомиладор шудани духтарон дар Тоҷикистон бесобиқ нест. Вале бо далелҳои ахлоқӣ аксар хонаводаҳо манфиатдор нестанд, ки ин кор ошкор шавад. Баъзан чунин ҳомиладориҳо бо мувофиқаи ду ҷониб ба манфиати кӯдак анҷом меёбад, аммо дар ҳолатҳои дигар занон маҷбур мешаванд ба тақдир тан диҳанд ва ҳама сахтиҳоеро, ки аз ин ба баъд ба сараш меояд, ба танҳоӣ таҳаммул кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG