Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани 25 кӯдаки мубталои HIV (ВИЧ) дар се моҳ


Табибони тоҷик мегӯянд, 25 кӯдаки аз се то даҳсолаи дорои HIV (ВИЧ - норасоии масунияти бадан)-ро ошкор кардаанд, ки то ин вақт аз ташхис нагузашта ва ин "сиррашон" пинҳон мондааст.

Табибони тоҷик мегӯянд, ки дар се моҳи гузашта дар Тоҷикистон 25 кӯдаки дорои HIV - ِВИЧ ё вируси норасоии масунияти баданро ошкор караданд. Ба қавли онҳо, ин кӯдакон аз 3 то 10 сол дошта, ҳанӯз замони таваллуд аз модарони худ ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Модарони ин атфол ҳам ба далели он ки боре дар ин муддат аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, аз вуҷуди ин беморӣ дар ҷисми худ ва фарзандонашон бехабар будаанд.

Зӯҳро Нурляминова, як масъули Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ/СПИД 29 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, модарони ин 25 тифл ҳангоми ҳомиладорӣ аз хизматрасониҳои тиббӣ даст кашидаанд ва кӯдакро 9 моҳ дар батни худ бидуни ягон ташхис нигаҳ доштаву бо ҳамин ҳол ба дунё овардаанд. "Танҳо акнун, дар пайи шикояти модарон аз бемориҳои мухталифи атфолашон онҳоро ошкор кардем. Ҳоло ин кӯдакон ба табобати репродуктивӣ фаро гирифта шудаанд," -- афзуд Нурляминова.

Ошкор шудани 25 кӯдак бо бемории норасоии масунияти бадан дар ҳолест, ки ба гуфтаи табибон, агар зани ҳомила сари вақт ба табобат фаро гирифта шавад, хатари сироятёбии тифли бадани ӯ аз 40 то ба 2 дарсад кам мешавад. Яъне, дар бештар аз 90 дарсади ҳолатҳо зани мубтало ба ВИЧ метавонад кӯдаки солим ба дунё орад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар кишвар 535 тифл бо вируси норасоии масунияти бадан ба сар мебарад. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи масъулони Маркази мубориза бо СПИД дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 385 нафари олуда ба ин вирус ошкор шудааст, ки ин теъдод ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта бештар будааст. Ноогоҳӣ ва адами дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ баъзан боис ба он ҳам мешавад, ки модарон чанд фарзанди худро олуда ба ин вирус таваллуд кунанд.

Зулайхо, зани 30-солаи тоҷик, танҳо баъд аз таваллуди фарзанди дуввум ва вазнин шудани ҳолати тифлаш дар беморхона аз вуҷуди ин вирус дар ҷисми худ ва кӯдакаш огоҳ шудааст. Ӯ мегӯяд, дар деҳа зиндагӣ мекард ва имкони сари вақт гузаштан аз ташхисро надошт ва ҳамин тавр 6 сол бехабар бо ин беморӣ дар ҷисмаш зиндагӣ кардааст. Ҳоло ӯ дар қайди табибон аст ва зиндагиро бо ду тифли бемор дар ҷомеае, ки на ҳама ӯро дарку дастгирӣ мекунад, паси сар мекунад.

"Намехоҳам зиёд бемории худу фарзандонро ошкор кунам, медонам, ки хуб қабул намекунанд моро. Ба ин беморӣ аз шавҳарам сироят ёфтаам ва ҳамин хел шуд, ки бехабар мондем," -- гуфт ӯ.

Ҳоло аз теъдоди умумии 6 ҳазору 944 нафари сироятёфта ба ВИЧ дар Тоҷикистон беш аз 30 дарсадаш занонанд, ки аксарият аз ҷониби шавҳарони нашъаманду муҳоҷир ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва 10 дарсад кӯдакони то 14-сола мебошанд.

XS
SM
MD
LG