Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИД -- аз муҳоҷирону "наркоманҳо" ба занону кӯдакон (ВИДЕО)


Ҳарчанд огаҳии мардум аз вируси норасоии масъунияти бадан ё ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон солҳои охир бештар шудааст, як зани бемор мегӯяд, ҳамоно дар бисёр ҳолатҳо ҳуқуқаш поймол мешавад ва ҳатто табибон аз ӯ ҳазар мекунанд.

Зане, ки худро Гулмира муаррифӣ кард, 26 сол дорад. Ӯ аз мавҷудияти вируси норасоии масунияти бадан дар ҷисмаш хеле дер, замоне огоҳ шуд, ки аллакай ду фарзанд дошт ва ҳардуи онҳо ҳам сироят ёфтаанд. Гулмира мегӯяд, сиҳатии фарзандонаш, ҳоло, ки бо доруҳои зидди ретровирусӣ ба сар мебаранд, бад нест, онҳо ҳам мисли дигар ҳамсолонашон ба боғча мераванд, вале модар ҳамеша кӯшиш мекунад, аз ин бемории ӯ ва фарзандонаш ба ҷуз аз аҳли хонавода дигар ҳамсояву атрофиён огоҳ набошанд, то муносибат бо кӯдакон тағйир наёбад: “Агар фаҳманд ту ин бемориро дорӣ, аз ту ҳазар мекунанд. Ҳатто табибон вақте аз бемории ман огоҳ шуданд, кӯдаки маро эм накарданд. Гуфтанд фарзандат солим аст, эм накунӣ ҳам мешавад. Ман фаҳмидам, ки дурӯғ мегӯянд, аммо он вақт, ки ҳуқуҳои худро намедонистам, чизе нагуфтаму рафтам.”

Ин мусоҳиби мо аз шавҳари нашъамандаш, ки 4 сол пеш фавтидааст, сироят ёфта, бо вуҷуди ҳама мушкилоту тамғагузориҳо вай мегӯяд, ба зиндагӣ дилгарм аст ва ба хотири фароҳам овардани шароити хуб ба фарзандони бемораш кӯшиш кардааст, аз худаш, ки ҳатто мактаби миёнаро пурра нахонда, шавҳар кардааст, як зани огоҳу коргар ва донандаи ҳаққу ҳуқуқи худ бисозад. Ҳоло вай дар як созмон, ки оид ба СПИД кор мебарад, фаъолият дорад. Аммо Гулмира, бо ёдоварӣ аз нахустин рӯзҳое, ки аз бемориаш огоҳ шуда буд, мегӯяд он замон воқеан рӯзҳои сахте дошт, чун фикр мекард, тамом, дигар зиндагиаш ҳеҷ маъние надорад: “Ман фақат фикр мекардам, ки чӣ гуноҳ кардам, зани кӯчагард набудам, нашъаманд набудам. То он вақт фикр мекардам, занони танфурӯш ва нашъаманд ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Фикр мекардам ин беморӣ ба ман таҳдид намекунад.”

Бино бар иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан, имрӯз аз ҳисоби занон афроди олуда ба ин вирус бештар мешаванд. Ҳоло аз 6 ҳазор нафари сироятёфта 32 дар сад занонанд, ки аксарият аз ҷониби шавҳарони нашъаманду муҳоҷир ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Афзоиши бемории СПИД дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Зӯҳро Нуралиева, як мутахассиси маркази мазкур мегӯяд, 42 дар сади беморон аз тариқи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд, аммо пажӯҳишҳое, ки онҳо дар миёни гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумла нашъамандону занони танфурӯш доштанд, мушаххас кардааст, ки ба фарқ аз солҳои пеш сатҳи огоҳии онҳо боло рафта, талоши ҷилавгирӣ аз ин бемориро мекунанд. “Бубинед сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар байни нашъамандон аз 13 ба 12,8 дар сад расидааст, ки ин хуб аст. Ва мо ҳамчунин зимни пурсиш миёни занони танфурӯш муайян кардем, ки 50 дар сади онҳо, пешгирӣ мекардаанд, яъне ҳангоми қабули мизоҷон рифола истифода мекунанд. Нисфи дигари занон, ки аз ин роҳ истифода намекарданд, сабабро чунин гуфтанд, ки шарикони онҳо намехостаанд аз рифола истифода кунанд.”

Аммо Севара Комилова раҳбари созмони “Гули Сурх” ки бо занони олуда ба вируси норасоии масунияти бадан кор мебарад мегӯяд, бо вуҷуди каму беш тағйир ёфтани вазъи сироятёфтагон дар Тоҷикистон, онҳо аз нигоҳи молӣ азоб мекашанд ва аз ҷониби давлат кам дастгирӣ мешаванд.“Кумакпӯлие, бо қарори ҳукумат кӯдакони то 18-сола ҳар моҳ мегиранд, аммо мехостем дигар беморон ҳам бигиранд, то дар пешбурдди зиндагӣ азият накашанд. Аз ҷониби дигар то имрӯз созмонҳои ғайридавлатӣ имкон ва маблағе доштанд, ки барои мисол ба занони гирифтори вируси норасоии масунияти бадан барои хариди ширпулӣ кӯмак кунад ва 100 сомон ҳар моҳ мо ба онҳо то яксолагӣ медодем. Солҳои охир созмонҳои байналмиллалӣ ба мо барои ин самт чандон маблағ ҷудо намекунанд. Ҳоло умед дорем, ки аз соли нав 2015 занҳои гирифтори ВИЧ аз тариқи мағозаҳои махсусе, ки аз ҷониби давлат таъсис меёбад, чунин кумак дарёфт хоҳанд кард. ”

Дар як сол қариб то 100 зани бемор тифл ба дунё меоварад ва муайян кардани маризӣ дар ҷисми навзод то чанд моҳ мушкил аст. Ба ин хотир аз ҷониби созмонҳои зирабт пешниҳод шуда буд, ки ҳукумат барои ин атфол то 18-моҳагӣ ширпулӣ муайян кунад.

Ва бар пояи тағйиру иловаҳои ахир ба қонуни Тоҷикистон дар бораи афроди мубтало ба вируси норасоии масъунияти бадан, ки чанд моҳ пеш аз ҷониби раиҷсҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, бояд барои кӯдаконе, ки аз занҳои олуда ба СПИД ба дунё меоянд, то 18-моҳагӣ кӯмакпулӣ муайян шавад ва ҳамчунин дигар ба хориҷиҳое, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, аз ташхиси ВИЧ гузаштан ҳатмӣ нест. Тарҳи қонуни нав, аз сӯи як гурӯҳи корӣ бо шумули намояндагони созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ тайи як соли ахир таҳия шуда, ҳадафаш кам кардани табъиз нисбати афроди олуда ба ВИЧ ва лағви ҳама гуна монеаву маҳдудиятҳо барои ин гурӯҳи одамон аст.

Омори расмӣ, шумори гирифторони вируси норасоии масъунияти баданро каме бештар аз 6 ҳазор нафар баровард мекунад, аммо бино бар нишондодҳои ғайрирасмӣ ин омор ба маротиб бештар буда, ба гуфтаи онҳо, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор нафар дар ҷисми худ ангал ё вируси СПИД-АЙДС доранд.

XS
SM
MD
LG