Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати мардон зани тоҷикро бечоратар кардааст


Як зани муҳоҷир бо кӯдаконаш дар канори Маскав. Акс аз соли 2011
Як зани муҳоҷир бо кӯдаконаш дар канори Маскав. Акс аз соли 2011

Як пажӯҳиши фарогир таъсири муҳоҷират ва оқибатҳои ин падида бахусус вбарои занони рустоҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Як пажӯҳиши муштараки созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, занони рустоие, ки шавҳарони муҳоҷирашон моҳҳову солҳо онҳоро суроғ намекунанд, дар ҳолати бади равонӣ ба сар мебаранд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, ҳарчанд бахше аз ин «занони таркшуда» омодаанд шавҳарҳои худро дубора бипазиранд, аммо нафрат ба падар ва ҷомеъа дар дили фарзандони бахше аз ин хонаводаҳо боқӣ мемонад.

Пажӯҳиш таҳти унвони "Таъсири муҳоҷирати корӣ ва оқибатҳои он ба занҳои деҳот" аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ, Барномаи занони СММ, Барномаи минтақавӣ дар умури муҳоҷират ва созмони иҷтимоии "Панорама" дар 12 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 26 май то 17 июн анҷом шудааст.

Татяна Бозрикова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Панорама» мегӯяд, қаблан пажӯҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои мусбати муҳоҷирати меҳнатӣ анҷом мешуданд, аммо ин таҳқиқот тарафҳои манфии муҳоҷирати меҳнатиро низ ошкор кардааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ӯ мегӯяд, бо он ки муҳоҷирати корӣ ҷанбаҳои мусбати зиёд ҳам дорад, вале таъсири манфии онро низ набояд кам гирифт. Татяна Бозрикова фоидаву зарари муҳоҷирати коириро 50 ба 50 арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аз як сӯ агар оилаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ хубтар зиндагӣ кунанд, вале аз ҷиҳати равонӣ тамоми хонавода азоб мекашад. Татяна Бозрикова мегӯяд, ба мӯҳлати дурудароз набудани мардҳои қобили меҳнат ва қувваи мардина ба вайроншавии оилаҳо, зиёдшавии "занҳои тарккардашуда", ки бе кӯмаки моддӣ мемонанд, ҷудо аз падар тарбия ёфтани фарзандон, афзоиши шуғли кӯдакони берун аз хона , афзоиши бемориҳо дар байни муҳоҷирон, аз ҷумла ВИЧ СПИД, стресс боис мегардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи ин таҳқиқот, фақат 10 дарсади занони русто маълумоти касбӣ ва ихтисос доранд, ки ин амр онҳоро осебпазир кардааст.

Хонум Бозрикова мегӯяд, қисми зиёди ин занон ба қитъаҳои замин барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди манзил дастрасӣ надоранд. Аз сӯи дигар, сатҳи пасти маълумот ва надоштани ихтисосу собиқаи корӣ боис гаштааст, ки онҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот фаъолият нишон намедиҳанд.

Феълан иқтисоди бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон бар рӯи маблағҳои муҳоҷирони корӣ устувор шудааст ва тибқи ҳисобҳои расмӣ, беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва тайи соли 2013 ба Тоҷикистон аз Русия беш аз 4 миллиард доллар фиристодаанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ибодат Каримова, сокини 28-солаи ноҳияи Фархор мегӯяд, 8 соли пеш ба умеду орзуи зиёд шавҳар кард, вале вақте соҳиби ду фарзанд шуд, ҳамсараш бо ваъдаи бисёр ба Русия рахти сафар баст ва бо ҳамин зиндагии оилавии ӯ низ ба поён расид. Ибодат мегӯяд, «ӯ ба ман ваъда дод, ки ба Русия рафта кор мекунад, омада замин мехарад ва мо манзил бунёд мекунем. Аммо баъд аз рафтанаш на ин ки барои ману фарзандон пул намефиристод, балки ҳатто занг намезад. Хушдоманам ва хоҳаршӯям бо ҳар баҳона бо ман ҷанг мекард. Ҷонам ба лабам омад, маҷбур шудам ба хонаи падару модарам баргаштам. Ҳар боре ки ба чеҳари маъюси фарзандонам нигоҳ мекунам, дилам садпора мешавад. Ҳадди аққал ҷое ҳам таҳсил накардаам, ки дастнигари касе набошам.»

Ибодат мегӯяд, дар рустое, ки ӯ бо хонаводааш зиндагӣ мекунанд, даҳҳо мард ҳамсару фарзандони худро партофта, ба Русия рафтаанд.

Нозирони умур ва созмонҳои байналмилалӣ бар инанд, ки давлат набояд танҳо ба умеди пули муҳоҷирони корӣ бошад ва аз танаввӯъ дар иқтисод даст бишӯяд. Онҳо мегӯянд, ҳукумат бояд мизони фақру бебизоатиро поён бубарад, ҷойи кор эҷод кунад, то батадриҷ бахше аз муҳоҷирон битавонанд дар назди оилаҳои худ кору зиндагӣ кунанд.

Дилором Раҳматова
Дилором Раҳматова

Дилором Раҳматова, таҳлилгари Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, бо он, ки таҳқиқоти мазкур ҷанбаҳои манфии муҳоҷиратро нишон дода ва гурӯҳҳои осебпазир аз ин равандро равшан инъикос мекунад, барои мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳо он мисли як огоҳӣ ва ҳатто бонги изтироб аст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, ҳамаи пули муҳоҷирро мебинанд, вале касе ба ояндаи ӯ фикр намекунад, ки фардо ӯ аз Русия як тани маризеро ба Ватан меорад ва дар вақте бознишаста шуд, ҳатто бе нафақа мемонад, чунки “дар муҳоҷират собиқаи кории онҳо ба назар гирифта намешавад,маблағе ки дар давоми фаъолияти худ онҳо кор мекунанд, барои фонди иҷтимоӣ равона намешавад, аз ин хотир, онҳо танҳо ба гирифтани дараҷаи минималии нафақаи иҷтимоӣ ҳақ доранд. »

Пажӯҳишгарон мегӯянд, афзоиши «занони таркшуда» ё танҳо дар рустоҳо мунҷар ба ин шудааст, ки худи ин занҳо бачаҳоро ба бобову биби вогузор мекунанд ва рӯ ба муҳоҷират меоранд.

Бино бар ин пажӯҳиш, 17 дарсад ё ҳар нафари шашум аз муҳоҷиронро занон ташкил мекунанд ва ин раванд бештар дар вилояти Суғд чашмрас будааст.

XS
SM
MD
LG