Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корҳои мардонаи Таманно дар мардикорӣ


Таманно Мирзоева ҳангоми кор дар сохтмон.

Мушкили дарёфти ҷои кор дар Русия ҷавондухтари тоҷикро аз як духтари нозпарвар ба «писар»-и мардикор табдил додааст.

Як духтари тоҷик ба хотири дарёфти кори сердаромад на танҳо либосҳои писарона ба бар кард, балки исмашро ҳам, албатта, на расман, аз Таманно ба «Тоха» иваз кардаву дар Русия корҳои мардонаро анҷом медиҳад.

Таманно Мирзоева, ки се сол пеш дар ҷустуҷӯи кор ба Екатеринбурги Русия муҳоҷир шуд, мегӯяд, дар аввал барояш пешаҳое мисли шустушӯи либос ва хӯрокпазӣ пешниҳод шуд, ки музди ночиз дошт. Аммо ӯ эҳсос мекард, ки метавонад, аз бархе ҷавонписарони муҳоҷир дар сохтмон хубтар кор кунад ва маоши зиёдтар гирад. Ҳарчанд, дар аввал корфармоён ба ҷалби ӯ дар сохтмон зид баромаданд, вале пас аз чанд рӯзи корӣ ва дидани хиштчинии ӯ розӣ шуданд, то Таманно устои хиштчин боқӣ бимонад.

Таманно бо ёди он рӯзҳо гуфт, «бори аввал гуфтам, ки кори маро бинед, агар натавонистам, дигар намекунам. Вақте диданд, ки аз ӯҳдаи кор ба хубӣ мебароям, боз шубҳа карданд, ки ту духтар нестӣ, балки писарӣ. Бо либоси писарона ба кор мебаромадам. Мегуфтанд, ки ту ба он хотир худатро духтар нишон медиҳӣ, ки мо туро эҳтиром кунем ва аз дигарон камтар кор фармоем. Русҳо чунин мегуфтанд ва ҳатто тоҷикон ҳам мегуфтанд, ки мо бовар надорем, ки як духтар ин қадар кори вазнин кунанд. Худам танҳо сақфи хона (потолок) насб мекардам, ҳама ҳайрон мешуданд.»

Ин ҷавондухтар мегӯяд, то одат карданаш ба кори мардона хеле азоб кашид, аммо ба хотири музди хуб ва таъмини рӯзгори пайвандонаш дар Тоҷикистон, тамоми мушкилиҳоро таҳаммул кард.
Ҳоло, пас аз се соли кор, Таманно ба устоди касби худ табдил ёфтааст ва дар Екатеринбург тақрибан бекор намемонад. Агар дар бунёди биноҳо банд набошад, ба тармими хонаи сокинони ин шаҳр ва атрофи он машғул мешавад.

Соле пеш вақте ба беҳтарин шакл хонаи Надя Закирова, яке аз тотортаборони сокини Екатеринбургро бозсозӣ кард, кори Таманно ба зан он қадар писанд афтод, ки ӯро духтархонд гирифт.

Надя Закирова, ки замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Таманно ситоиш кард. Ин хонум гуфт, фарзандонаш аз ӯ дур зиндагӣ мекунанд ва ҳоло ягона муттакояш ин духтари тоҷик бо либоси мардона шудааст. Хонум Надя гуфт, ба ин ҷавондухтари тоҷик эътимод дорад ва бо ӯ на камтар аз як фарзанд муносибат мекунад.
Ҳамроҳ бо Таманно, инчунин бародараш ҳам дар ин шаҳри Русия муҳоҷир аст. Манучеҳр Мирзоев, бародари Таманно мегӯяд, дар аввал шуғли хоҳарашро бо кори мардона он қадар қабул надошт, аммо ҳоло дигар ба ӯ эътимод дорад ва ҳунару зарфияташро эҳтиром мекунад.

Назарбегим Ризоева, модари Таманно, сокини деҳаи Панҷосиёби ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб мегӯяд, то кунун ҳеҷ ҳарфи баде дар атрофи номи духтараш нашунидааст ва ҳар ҷое, ки ӯ меравад, мавриди эҳтиром қарор дорад. Ин зан мегӯяд, ба даҳҳо хостгори Таманно ҷавоби рад додааст, зеро чунин андеша дорад, ки домодҳои пешниҳодӣ арзиши духтарашро надоштаанд.

Вай афзуд, «сад бачаро баробар кунанд, ман духтарамро намедиҳам. Ба ӯ сахт бовар дорам. Ахлоқи хуб дорад ва то ҳол ягон кори бадашро нашунидаем. Дар аввал розӣ набудам, кори вазнин кунанд, вале ҳоло чун мебинам, ки мушкилаш намеафтад, зид нестам. Дар миёни фарзандонам аз ҳама зиёдтар ӯро дӯст медорам. Чанд бор хостгор омад, аммо чун ҳунар надоштанд, Таманно онҳоро нахост.»
Таманно низ мегӯяд, аксари хостгорҳояш ҷавонони беҳунаранд ва агар ягон ҷавони хушахлоқи боҳунар пайдо шуд, ҳатман бо ӯ издивоҷ хоҳад кард.

Зимнан, Таманно аз ангуштшумор ҷавондухтарони муҳоҷири тоҷик аст, ки дар Русия корҳои мардонаро анҷом медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест ки тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, аз ҳар 7 муҳоҷири тоҷик дар Русия якеаш зан аст ва алакай шумораи занони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз сад ҳазор нафар бештар шудааст. Ин ҳам, албатта, ба омори расмӣ.

Дар ҳамин ҳол, Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографии Оҷонси омори Тоҷикистон дар як сӯҳбати чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ҳоли ҳозир, бештар аз 100 ҳазор ва ё ҳудуди 13 дарсади кулли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро занон ташкил медиҳанд: «Аз теъдоди умумии занҳои муҳоҷир дар Русия 41 ҳазор нафарашон занҳои аз 18 то 29-сола ва боқимонда занҳои аз 40-сола боло ҳастанд.»

Занони тоҷик дар Русия бештар дар мағозаҳо ба ҳайси фурӯшанда, дар фермаҳо говдӯш ё кишоварз ва шумораи каме, ки забони русӣ медонанд, ҳамчун доя дар хонаҳо фарзандони русҳоро тарбия мекунанд. Бархи дигар барои муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, ошпазӣ ва либосшӯӣ мекунанд. Коре ки Таманно бар дӯш нагирифт ва ҳоло аз ин қарори худ ифтихор мекунад.

Шарҳҳоро бинед (24)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG