Пайвандҳои дастрасӣ

Табибон "қайсарӣ"-ро дӯст медоранд, ё занҳо зоиданро фаромӯш кардаанд?


“Буриши қайсарӣ ё таваллуд аз роҳи ҷарроҳӣ - воситаи тиҷорат аст ё занони тоҷик дигар қобилияти мустақилона таваллудкуниро аз даст додаанд?”

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳафтае пеш дар як мулоқоташ бо табибони маҳаллӣ ин саволро матраҳ кард. Қодирӣ бо интиқод аз зиёд шудани ҳодисаҳои буриши қайсарӣ гуфт, маълумоте дорад, ки табибон ин корро ба хотири маблағ анҷом медиҳанд, дар ҳоле

1-2 фоиз кӯдак чаппа меояд ё гапи дигар мешавад, лекин 18-20 фоиз не ку. Ин хел накунед. Боз ман дигар гапҳое шунидагӣ. А.Қодирӣ

ки буриши қайсарӣ амалиётест, дар ҳолати маризиву нотавонии зан барои таваллуди табиӣ ба роҳ монда мешавад. Қодирӣ дар бораи ҳаққи хидмати табибон барои анҷоми чунин амалиёт чизе нагуфт, вале занҳое, ки аз ин амалиёт гузаштаанд ваё журналистоне, ки мавзӯъро таҳқиқ кардаанд, мегӯянд, бархе табибон ба гузарондани буриши қайсарӣ манфиатдоранд, зеро аз ин ҳисоб маблағи зиёдтар ба ҷайби онҳо меравад.

Аз рӯи муқаррарот, буриши қайсарӣ бо тасмими табибон, ризоияти зану хешовандонаш ва дар ҳолате анҷом мешавад, ки аз рӯи пешбиниҳои мутахассисон, таваллуди табиӣ барои зан оқибатҳои ногувор дошта бошад. Дар ҷарроҳӣ аз роҳи буридани қисмати поёни шиками зан тифл берун оварда мешавад. Ҳадафи амалиёт – таваллуди солими кӯдак ва ҳифзи ҷони модар аст. замони Шӯравӣ барои анҷоми чунин амалиёт назорат шадид буд ва танҳо баъди ҳукми сардухтур амри анҷоми ингуна амалиёт дода мешуд.

“Ба дарди миён гирифтор шудам”

Холисамо Қодирова, сокини 29-солаи вилояти Суғд чанд сол аст, ки аз дарди миён ранҷ мебарад. Ӯ мегӯяд, баъди таваллуди кӯдак бо роҳи ҷарроҳӣ ба ин дард гирифтор шуд ва бо гузашти қариб се сол то ҳол шифо наёфтааст.

Холисамо мегӯяд, “дар вақти таваллуди тифли якумам зиёд азоб кашидам ва ба пешниҳоди духтурон дар бораи ҷарроҳӣ ё буриши қайсарӣ розӣ шудам. Онҳо барои ҳис накардани дард ба миёнам доруи карахткунанда гузаронданд. Аммо дар нисфи ҷарроҳӣ таъсири дору тамом шуд ва ман дардҳо ҳис кардам. Онҳо маҷбур шуданд боз дору гузаронанд. Хулоса тифл солим ба дунё омад, вале ман пас аз ин таваллуд ба дарди миён гирифтор шудам.”

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, баъди ин ҳодиса шавҳараш хост аз болои кори духтурон ба мақомот шикоят кунанд. Аммо духтурон ба онҳо гуфтаанд, ки харҷи беморхонаро аз Холисамо ва шавҳараш намеситонанд ва бо ин роҳ онҳо ба созиш расиданд, ки ахирӣ аз болои кори табибон ба мақомот шикоят накунад.

“Агар одами пулдор бошад...”

Баҳси буриши қайсарӣ ва нигаронӣ аз зиёд шудани он тоза аз забони як мақомдори Тоҷикистон садо медиҳад.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо табибон аз он нигаронӣ кард, ки аз ҳар 5 таваллуд дар вилоят як таваллуд бо роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Қодирӣ гуфт, аз рӯи маълумоти ӯ, масъулини таваллудхонаҳо «ба хотири маблағ» ин корро анҷом медиҳанд ва «мувофиқ ба сару либоси наздикони бемор муайян мекунанд, ки зани ҳомиларо ҷарроҳӣ намоянд ё не».

“1-2 фоиз кӯдак чаппа меояд ё гапи дигар мешавад, лекин 18-20 фоиз не ку. Ин хел накунед. Боз ман дигар гапҳое шунидагӣ, оҳиста пеши роҳашро гирифтем. Барои пул ин корро мекардаанд. Духтурон ба шавҳари зан нигоҳ мекунанд, ки кӣ аст. Аз чеҳра ва либосҳо мефаҳмидаанд, ки одами пулдор аст, оҳиста рафта дар шӯро маслиҳат карда, зани сиҳатро ҷарроҳӣ мекунанд,” - гуфтааст раиси вилояти Суғд.

Абдураҳмон Қодирӣ аз кори табибони вилоят ба шиддат интиқод кард ва гуфт агар афзоиши бамаротиби буриши қайсарӣ омилҳои табиӣ дорад, пас бояд ин мушкили таҳқиқ ва ҳалли худро пайдо кунад.

“Сардухтур барои буриши қайсарӣ барканор шуд ё...”

Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқоташ бо табибони вилояти Суғд ишора кард, ки ба хотири зиёд шудани ҷарроҳиҳо бо роҳи буриши қайсарӣ сардухтури таваллудхонаи вилоятиро аз мақомаш барканор кардаанд. “Аз пушти ин корҳо сардухутари таваллудхонаи вилоятиро гирифтем. Зидди қонунҳои табиат баромадани инсон умуман мумкин нест», - гуфт раиси вилоят.

Аммо Санавбар Азизова, сардухтури барканоршудаи таваллудхонаи вилоятии Суғд дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ барои ин кор барканор шуданашро рад кард ва онро “тамоман гапи дурӯғ” хонд. Хонум Азизова мегӯяд, ӯро на ба хотири зиёд шудани таваллуд тариқи ҷарроҳӣ, барои хусумати роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят аз мақом сабукдӯш кардаанд. Азизова, ки ҳоло ҳамчун табиби қаторӣ кор мекунад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «табибон бе асос ягон зани ҳомиларо ҷарроҳӣ намекунанд».

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, “омилҳо барои зиёд шудани чоки қайсарӣ зиёд буданд, касе беҳуда чоки қайсарӣ намекунад. Маро собиқ роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд маҷбур карданд, ки номаи истеъфо нависам. Мазмуни ариза «бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ» буд, чунки фишороварӣ хеле зиёд шуд. Тафтиши ғайринавбатӣ гуфта, 25 нафар омада таваллудхонаро тафтиш карданд. Ба гӯши худам шунидам, ки мегуфтанд: «фақат бад нависед», «инро озод кунед.”

Азизова гуфт, сабаби зиёд шудани бемориҳои қайсариро ба Абдураҳмон Қодирӣ нодуруст фаҳмондаанд. Чун, ба гуфтаи хонум ӯ, бисёр бемориҳое ҳастанд, ки барои мустақилона таваллуд кардани зан имкон намедиҳанд.

“Ҷарроҳӣ накунед, худаш таваллуд мекунад”

Нигарониҳои роҳбарияти вилояти Суғд аз зиёд шудани буриши қайсарӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки огоҳон мегӯянд, қаблан ҳолатҳоеро мушоҳида кардаанд, ки табибон беморонро ба буриши қайсарӣ водор мекарданд.

Ҷамшеди Маъруф, рӯзноманигори тоҷик, ки дар ин бора тадқиқоти журналистӣ анҷом додааст мегӯяд, худаш шоҳиди он шуд, ки табибон талош мекарданд занеро ҷарроҳӣ кунанд, дар ҳоле наздиконаш ба он розӣ набуданд.

Ҷамшеди Маъруф
Ҷамшеди Маъруф

Ҷамшеди Маъруф се сол қабл дар бораи вазъи таваллудхонаҳо ва ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ дар таваллудхонаҳои вилояти Суғд тадқиқот анҷом дода буд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз таҷрибааш гуфт, “шабона вақте дар таваллудхонаи шаҳри Истаравшан будем, бевосита муомилаҳои дағалонаи табибонро мушоҳида кардем. Ҳолатҳое буд, ки табибон ба наздикони як зани ҳомила мегуфтанд, ки ӯ таваллуд карда наметавонад, бояд ҷарроҳӣ шавад.

Аммо наздикони зан гуфтанд, ки пеш аз ин ӯ 3 фарзанд таваллуд кардааст ва чорумашро ҳам худаш таваллуд мекунад. Се маротиба ягон бор буриши қайсарӣ накард, чаро имрӯз ӯ бояд буриши қайсарӣ кунад? - мегуфт падари он зан. Баъд он зан бе буриши қайсарӣ таваллуд кард.”

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, нигаронии Абдураҳмон Қодирӣ нишон медиҳад, ки дар се соли ахир вазъ дар ин самт зиёд тағйир накардааст.

Таваллуд ройгон аст, аммо...

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, таваллуд ройгон аст ва таваллуд аз роҳи амалиёт аз рӯи нархномаи расмӣ 622 сомонӣ муқаррар шудааст. Муассисаҳои тиббӣ мегӯянд, ин хароҷот барои доруву дармон, маводи тиббӣ, аз ҷумла доруҳои мадҳушкунанда масраф мешавад. Вале таҳқиқоти масоили коррупсияи Оҷонсии зиддифасод муқаррар кардааст, ки бемористонҳо аз назари мардум орӣ аз фасод нестанд ва дар бисёр ҳолатҳо аз онҳо "ҳамчун ҳақи духтуру ҳамшира" ҳам маблағи ғайрирасмӣ ситонида мешавад.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳамасола аз 6 то 8 дарсади занони тоҷик тифлони худро тариқи ҷарроҳӣ ба дунё меоранд. Масъулини Вазорат мегӯянд, зиёда аз 60-70 фоизи ҷарроҳиҳо фаврӣ ҳастанд ва дар ҳоле анҷом дода мешаванд, ки ба ҳаёти зан ё кӯдак хатар таҳдид намояд. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, солҳои ахир дар робита ба таваллудҳои бо роҳӣ ҷарроҳӣ аз сокинон шикоят дарёфт накардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG