Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал писар, дувум писар... баъд духтар? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми мартро ба нишони қадрдонӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи зан рӯзи модар ва рӯзи истироҳат эълон кардаанд, вале дар кишвар ин ақида вуҷуд дорад, ки зан ё духтар ба истилоҳ "моли мардум" аст ва шарт нест, ки ӯ таҳсил кунаду соҳиби мақому мартаба шавад.

Коршиносон мегӯянд, ин суннатҳои қадима чаҳорчӯбаи зиндагӣ ва кори занонро танг карда ва дар умум нақши онҳо дар ҷомеаро камранг сохтаасту як сабаби ақибмондагии иқтисод ҳам ҳаст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Чаро дар оилаи тоҷик қадри писар аз духтар болотар аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

"Агар писар шавад..."

Ҷумъагул Файзуллоева, як сокини Душанбе, духтари дувумашро ба дунё овардааст ва орзу дорад, ки тифли севуми ӯ писар шавад. Вай рӯзи 8 март дар таваллудхонаи рақами яки пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд касе маҷбур намекунад, писар ба дунё орад, аммо мехоҳад ба қавли худаш дар оянда пушту паноҳу дастгири дигаре дошта бошад. Ба мисли Ҷумъагул дар таваллудхонаҳои шаҳр кам нестанд модароне, ки орзуи таваллуди писарро доранд. Табибони таваллудхонаи рақами яки пойтахт борҳо шоҳиди ҳодисаҳое шудаанд, ки модарон ва наздикони онҳо аз таваллуди духтари дувуму севум ғамгин шуда ва гиря кардаанд.

Мардон роҳатро аз даст додан намехоҳанд. Зан вақте баробарҳуқуқии хешро дар ҷомеа ва хонавода дарк кунад, барои шавҳар мушкил эҷод мекунад.

Умеда Мавлонова, як ҳамшираи шафқат, гуфт, писар ба дунё овардан аксаран тақозои мардон будааст. Ба қавли ӯ, «мо аз занҳо савол мекунем, ки чаро писар мехоҳед ва духтар не? Мегӯянд, шавҳарони мо бештар писарро интизор ҳастанд ва мегӯянд, ки духтар моли мардум аст. Вақте писар таваллуд кардем, оянда моро писаронамон нигоҳубин мекунанд.»

Афзалияти таваллуди писар дар оилаҳои ҷавонро ҳатто гулфурӯши назди даромадгоҳи таваллудхонаи рақами як низ дарк кардааст. Афзалшоҳ Қодиров, гулфурӯши назди зоишгоҳ, мегӯяд, таваллуд шудани писар ё духтарро аксаран аз интихоб ва андозаи гулдаста мефаҳмад. «Агар писардор шаванд, беҳтарин гулдастаҳоро интихоб мекунанд, вале агар соҳиби духтар шаванд, фарқ надорад, кадомеаш пеш омад, гирифта мераванд», - гуфт ӯ.

Чаро духтари соҳиби медал ба таҳсилаш идома надод?

Коршиносон мегӯянд, бетаваҷҷӯҳии хонавода нисбат ба духтарон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аз вақти таввалуд, балоғат, ҷавонӣ, миёнсолӣ мушоҳида мешавад. Онҳо мегӯянд, то ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон ақидаи «оиларо мард таъмин мекунад» пойбарҷо буда ва аз ин хотир волидон низ кӯшиш мекунанд, ба таҳсили фарзандон таваҷҷӯҳи бештар кунанд. Омори расмӣ низ гувоҳи он аст, ки дар кишвар ба таҳсили писарон авлавият дода мешавад. Дар нахустин соли фаъолияти Маркази миллии тестӣ аз 50 ҳазор довталаб танҳо ҳудуди 16 ҳазори онҳо духтарон будаанду бас.

А.М., ки бо дархости волидон номаш ифшо нашуд, мактабро бо медали тилло хатм кардааст. Иншои ӯ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар чор соли пеш Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистонро ба ҳайрат оварда буд, вале хонавода аз идомаи таҳсили ӯ дида, ба шавҳар додани ӯро афзал донистаанд. Онҳо гуфтанд, ҳарчӣ зудтар бо обрӯи баланд хонадор кардани духтарон давлат аст ва онҳо нахостанд, ин фурстаро аз даст диҳанд.

“Ман бояд дар паҳлӯи шавҳарам бошам, на дар пушти ӯ”

Муҳайё Нозимова
Муҳайё Нозимова

Дар ҷомеаи Тоҷикистон мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи занон бештар аз ҳама дар маросими арӯсӣ ва зиндагии якҷоя бо шавҳар ва хонаводаи ӯ эҳсос мешавад. Тибқи расму оини аксар минтақаҳои кишвар замони келин шуда ба хонаи шавҳар омадани духтар ӯ «вазифадор» мешавад, ба ҳама хешу ақрабои ҳамсар сари таъзим фуруд орад. Вақте зану шавҳар бегоҳ аз кор ба хона бармегарданд, барои мард фурсати фароғат ва болои зан бори сангини нигоҳубини фарзандон, пӯхтани ғизо ва корҳои дигари хона меафтад. Аммо ҳастанд нафароне, ки ин суннатҳоро шикаста ва тавонистанд дар баробари мард дар оила мавқеъ пайдо кунанд.

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷик аз ҷумлаи нафароне аст, ки мегӯяд, шавҳараш дар иҷрои корҳои мушкил ба ӯ ёрӣ мерасонад. «Ман пеш аз оиладоршавӣ ба шавҳарам гуфта будам, ки бояд дар бари шавҳарам бошам, на дар пушташ. Намехоҳам як зина поён бошам», - мегӯяд ӯ.

Коршиносон мегӯянд, чанд андешаи ғалат ҳанӯз дар зеҳни асосан мардон боқӣ мондааст, ки ба нақзи ҳуқуқи занону духтарон дар хона сабаб мегардад. Ҳуриннисо Ализода, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили гендерӣ, гуфт, ҳарчанд зану мард шахсият ҳастанд, вале мардон намехоҳанд шахсият будани занҳоро эътироф ва мувофиқ ба он рафтор кунанд. "Маҳдудиятҳое, ки мардон барои занон дар хонавода ва ҷомеа мегузоранд, барояшон роҳат меорад. Мардон ҳамин роҳатро аз даст додан намехоҳанд. Зан вақте баробарҳуқуқии хешро дар ҷомеа ва хонавода дарк кунад, барои шавҳар мушкил эҷод мекунад", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG