Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти модару кӯдак дар таваллудхона. Додситонӣ таҳқиқ мекунад


Мавлуда Ғоибова. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Мавлуда Ғоибова. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Додситонии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон марги як зани ҳомиларо ҳангоми таваллуд дар зоишгоҳи ин ноҳия тафтиш мекунад. Мавлуда Ғоибова, сокини 35-солаи Ҳамадонӣ, шаби 30-юми июни имсол ҳангоми ҷарроҳӣ фавтидааст ва хешовандонаш иддао доранд, ки беэътиноии пизишкон сабаби марги Мавлудаву фарзандаш шуд.

Ду бор дору доданд, дилаш қабул накард. На кӯдакро наҷот доданд, на хоҳарамро.
Нигина Ғоибова

Бахтовар Раҷабзода, як маъсули Додситонии ноҳия, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шудааст ва ҳоло маълум накардаанд, ки модару кӯдак бинобар беэҳтиётии табибон ваё ба сабабҳои дигаре фавтидаанд.

Пайвандони зан аз ҷумла хоҳараш Нигина Ғоибова иддао доранд, ки "хунукназарии пизишкон" сабаби марги Мавлуда буд. Ӯ рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди дарди зоиш, пизишкон хоҳари ӯро як соат дер қабул карданд ва ҳангоми ҷарроҳӣ ба ӯ ду бор доруи мадҳушкунанда доданд.

"Ду бор дору доданд, дилаш қабул накард. На кӯдакро наҷот доданд, на хоҳарамро. Шаш рӯз шуд, мотам дорем", - гуфт ӯ.

Беэътиноии табибон ё хонавода?

Ноҳияи Ҳамадонӣ
Ноҳияи Ҳамадонӣ

Ба қавли пайвандон, Мавлуда Ғоибова дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард ва як ҳафта пеш аз таваллуд ба зодгоҳаш баргашт. Нигина Ғоибова мегӯяд, Мавлуда ду кӯдакашро дар таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё овардааст ва ин бор ҳам барои таваллуди кӯдаки сеюмаш ба инҷо омад.

Пизишкони таваллудхона иддаои хонаводаи Мавлударо рад карданд. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои наҷоти ин модар ҳар кореро, ки аз дасташон омад, карданд. Ҷӯрахон Маҳлиқоев, мудири шӯъбаи тандурустии ноҳияи Ҳамадонӣ, ки шаби ҷарроҳӣ дар шифохона будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, беэътиноии худи хонавода ба сиҳатии зани ҳомила сабаби фоҷиа шудааст.

“Ин зан ҳамон рӯз кори вазнин мекунад. Ҳамроҳак ҷудо мешавад ва боис ба хунравии шадид мешавад. Наздиконаш ба духтур дер муроҷиат карданд. Вақте ба беморхона оварданд, кӯдак фавтид. Хуни зиёди зан рафта буд”, - гуфт Ҷӯрахон Маҳлиқоев.

"Ҳеҷ кас намехост, чунин ҳодиса шавад"

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳатто аз парасторони шифохона хун гирифта, ба бемор рехтаанд, вале талошҳояшон натиҷа надодааст. “Мо хун рехтем ва ҳама талошро кардем, вале дер шуда буд. Ҳеҷ кас намехост, чунин ҳодиса шавад”, - гуфт ӯ.

Мавлуда Ғоибова дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардааст. Нигина Ғоибова мегӯяд, хоҳараш ду кӯдакашро дар таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд карда буд ва барои кӯдаки сеюмаш ҳам ба инҷо омад.

Пизишкони ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, Мавлуда ҳамчун зани ҳомила дар таваллудхонаи зери назарашон сабт нашуда буд, вале бо вуҷуди ин тамоми талошашонро барои наҷоти ҷони ӯву кудакаш анҷом доданд. Дар Тоҷикистон бар асоси муқаррарот бояд занони ҳомила дар маҳалли иқоматашон сабти ном шаванд ва ҳадди ақал моҳе ду дафъа дар назди табиб ва ё парастор муоина шаванд.

Нигаронии додситонӣ

Мақомот мегӯянд, ки баъзе аз бонувон бахусус аз манотиқи дурдаст ин муқарраротро ба инобат намегиранд. Занон мегӯянд, ба сабаби дур будани бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳар вақт талаб кардани пул аз тарафи кормандони тиббӣ намехоҳанд, худу кӯдаки батнашонро муоина кунанд.

Ҳабибулло Воҳидов
Ҳабибулло Воҳидов

Айни замон мақомот иштибоҳ дар кори табибонро ҳам эътироф мекунанд. Аввали ҳамин сол мақомоти Суғд гуфтанд, ки 15 пизишки тоҷик барои риоя накардани қоидаҳои “буриши қайсарӣ” ё таваллуд аз роҳи ҷарроҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳабибулло Воҳидов – додситони вилояти Суғд – рӯзи 5-уми январи имсол дар ҷаласаи ҷамъбасти як соли фаъолияти ниҳодаш гуфт, “алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуд”.

Як фарди огоҳ аз ин қазия дар аввали соли 2018 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додситони Суғд дар як ҷаласа аз он нигаронӣ кардааст, ки ташхису табобати занони ҳомила ба таври зарурӣ сурат намегирад. “Бештари вақт дар давраи ҳомилагии модарон дар муассисаҳои тиббӣ... камхунӣ ва бемориҳои дигари онҳо муайян намешавад. Дар таваллудхонаҳо муоинаи пурраи онҳо сурат намегирад. Баъзан бе асос буриши қайсарӣ мегузаронанд ва, баръакс, дар ҳолати зарурӣ ин амалиёт гузаронда намешавад”, - гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Тоҷикистон аз назари маргу мири модару кӯдак дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст ва солҳост талош дорад, то ҷони теъдоди ҳарчӣ бештари модарону кудаконро наҷот бидиҳад.

Бино бар омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар Тоҷикистон аз ҳар 100 000 модар дар сол 65 нафар ва аз ҳар 100 000 кӯдаки то 5-сола 43 тифл ба иллатҳои мухталиф мефавтанд.

XS
SM
MD
LG