Пайвандҳои дастрасӣ

Ошно шавед: Насиба - тифле, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 9 миллион нафар расонд. ВИДЕО


Номи тифлро Насиба гузоштанд

Аҳолии Тоҷикистон расман ба 9 миллион нафар расид. Тифли хушбахт субҳи 26-уми май дар яке аз таваллудхонаҳои Душанбе ба дунё омад ва ҷамъияти Тоҷикистонро ба 9 миллион расонд.

Назира Муллоҷонова, модари духтар, 28 сол дошта, донишгоҳро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст ва корманди Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Ӯ рӯзи 26-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте субҳ ба ӯ ин хабарро расонданд, нахуст бовараш наомад.

Назира Муллоҷонова
Назира Муллоҷонова

“Дар ягон гӯшаи хаёлам набуд, ки фарзанди ман шаҳрванди 9-миллионаи кишвар мешавад. Ман ҳатто намедонистам, ки аҳолии Тоҷикистон ба қарибӣ 9 миллион мешавад. Бар болои хурсандии ба дунё омадани тифл ин хурсандӣ зам шуд”, - гуфт модари тифли хушбахт.

Духтаре, ки ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллион расонд, фарзанди дуюми Назира Муллоҷонова мебошад. Ин модари хушбахт мегӯяд, пас аз рухсатӣ шудан аз таваллудхона ба хонаи наве, ки ба онҳо туҳфа шудааст мекӯчанд. Назира ба қавли худаш то ҳол ҳамроҳи хушдоманаш мезист ва акнун бо ду фарзанд ва шавҳараш ба манзили нав мекӯчанд.

Волидони тифл исми ӯро Насиба гузоштаанд. Назира Муллоҷонова гуфт, сабаби интихоби номи Насиба барои духтари хурдсолаш ин аст, ки ӯ бо насибаи бузург ба дунё омад.

“Мақомдорон ба табрики духтари хушбахт омаданд”

Ба духтарчае, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба 9 миллион расонд феълан ном нагузоштаанд. Рӯзи 26 май барои табрики ӯ ва волидайнаш ба таваллудхонаи рақами 1-и Душанбе мақомдорони ҳукуматӣ ва шаҳрдори Душанбе омада буданд.

Фирӯз Латипов
Фирӯз Латипов

Фирӯз Латипов, падари духтарча мегӯяд, аз қабл мехостанд фарзанди дуюмашон духтар бошад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, субҳ вақте ҳамсарашро ба таваллудхона меовард гумон ҳам надошт, ки чунин хурсандӣ онҳоро интизор аст.

“Саҳар тахминан соатҳои 5:30 ҳамсарамро ба таваллудхона овардам ва пас аз як соат тифл солим ба дунё омад. Вақте ба хона рафтем аз таваллудхона ба мо занг зада гуфтанд, ки фарзанди шумо шаҳрванди 9-миллионаи Тоҷикистон аст. Ба мо аз маркази шаҳр хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми таҷҳизоташ туҳфа карданд,”-мегӯяд падари духтари хушбахт.

Фирӯз Латипов 32-сол дошта, дар Маркази савдои “Ёвар” ба ҳайси маъмури фурӯш кор мекунад.

Табибон вазъи тифл ва модарашро хуб арзёбӣ мекунанд. Духтаре, ки теъдоди ҷамъияти Тоҷикистонро ба 9 миллион расонд 3 киллограму 600 грамм вазн дошта, қадаш 51 сантиметр будааст.

“Эмомалӣ Раҳмон таваллуди тифлро табрик гуфт”

Хабаргузории "Ховар" навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон волидони тифлро табрик гуфта, ба раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки оилаи тифлро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.

Рустами Эмомалӣ раиси шаҳр низ қарор дар бораи бо хонаи сеҳуҷрагӣ таъмин кардани Назира Муллоҷоноваро имзо кардааст.

Ба гуфтаи Ховар Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистонро ба муносибати ба 9 миллион нафар расидани аҳолии кишвар табрик кардааст.

Бовар надоштем, ки духтари мо 9 "миллионӣ" мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:49 0:00

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар минтақа дар ҷои аввал аст. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.

Тақрибан се миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони аз 1 то 14-соларо ташкил мекунанд. Дар даҳсолаи наздик ин артиши бузург вориди бозори кори кишвар хоҳанд шуд.

Бори охир дар Тоҷикистон нуфусшуморӣ соли 2010 сурат гирифт, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 417 ҳазор нафар иборат буд. Нуфусшумори навбатӣ дар Тоҷикистон соли 2020-ум сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG