Пайвандҳои дастрасӣ

Корти МРТ-и таваллудхонаи Хуҷандро кӣ дуздид?


Мақомоти Суғд санҷишеро ба роҳ мондаанд ва мехоҳанд маълум кунанд, ки плата ё корти электронии дастгоҳи санҷишии МРТ дар таваллудхонаи вилоятиро кӣ дуздидааст.

Ба ҷояш як платаи хеле кӯҳнаву фарсударо гузоштаанд. Моделаш ҳам дигар асту соли бароришаш ҳам маълум нест.

МРТ ё дастгоҳи томографии тасвирбардории резонансу магнитӣ ягона дастгоҳ дар бемористонҳои давлатии шимоли Тоҷикистон аст, ки онро соли 2014 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи ташхисгоҳи таваллудхонаи вилоятӣ тақдим карда буд. Ин дастгоҳ бинобар набуди мутахассис танҳо пас аз ду сол ба кор даромад, вале зуд тақрибан корношоям шуд. Ин ҳолат муштариёнро, ки аз дуру наздик барои ташхиси бемориҳояшон меомаданд, ноумед кард.

Чаро дастгоҳ хароб шуд?

Санҷиши дастгоҳҳои таваллудхонаи вилоятӣ ахиран пас аз боздиди раиси вилояти Суғд аз ин муассиса оғоз шуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни як боздидаш аз таваллудхона дар моҳи апрели имсол суол кард, чаро дар ҳоле ки чунин дастгоҳи нав дар қаламрави вилоят вуҷуд дорад, беморон барои ташхис бо сарфи вақту маблағ ба Душанбеву Тошканд мераванд? Ӯ дастур додааст, сабаби хароб шудани дастгоҳи МРТ маълум ва худи дастгоҳ базудӣ ба кор дароварда шавад.

Сафар Ашӯров, як масъули дастгоҳи раиси вилояти Суғд гуфт, санҷиши мақомот ҳанӯз анҷом наёфта ва баъд аз он низ ҳарфи ниҳоиро мақомоти дигари тафтишкунанда хоҳанд гуфт. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми май гуфт, “ончи дидам ва муайян кардам, ба раҳбарият пешниҳод мекунам. Вале ҳозир ҳаққи аз ин бештар гуфтанро надорам, чунки санҷиш ҳанӯз ба охир нарасидааст.”

"Моделаш дигар, соли бароришаш ҳам маълум нест"

Зафар Ашӯров нагуфт, ки масъулияти санҷиши ин қазия ба дӯши кадом сохтор аст. Аммо муҳандисоне, ки ба таъмири дастгоҳи МРТ-и таваллудхонаи вилояти Суғд оғоз карданд, мегӯянд, як корти МРТ кӯҳнаву фарсуда аст. Як муҳандис ба шарти ошкор нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, қисми муҳими таҷҳизот ба яғмо рафта, онро бо корти кӯҳна иваз кардаанд.

“Ба ҷояш як платаи хеле кӯҳнаву фарсударо гузоштаанд. Моделаш ҳам дигар, соли бароришаш маълум нест. Онро махсус харошида кӯр кардаанд”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мутахассисон, арзиши дастгоҳи МРТ беш аз 1 миллион сомонӣ ва плата ё корте, ки дуздида шудааст, 30 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Моҳира Рабеъҷонова аз охири моҳи феврали имсол сарпизишки таваллудхонаи вилоятӣ аст. Ӯ рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин давра дастгоҳи МРТ-ро чанд дафъа таъмир кардаанд.

“МРТ аз ҳамон давра бо нуқсон кор мекард. Тахминан чаҳор дафъа таъмир шуд. Ҳоло санҷиш ҷараён дорд. Баъди эълони натиҷаҳо метавонем маълумот бидиҳем”, - афзуд ӯ.

Масъулон нагузоштанд, дастгоҳ аксбардорӣ шавад

Рӯзи 16-уми май утоқи МРТ-и назди таваллудхонаи вилоятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд, баста буд. Табибон гуфтанд, ки таҷҳизот хароб шудааст. Масъулон, инчунин, нагузоштанд, ки ин дастгоҳ аз наздик дида ё аксбардорӣ шавад.

Феълан мақомот аз суҳбати муфассал дар бораи сарнавишти таҷҳизоте, ки ҳазорҳо корафтода ба фаъолияти он ниёз доранд, худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи табибони мутахассиси МРТ, ин дастгоҳи замонавӣ барои таваллудхонаи вилоятӣ, ки беморонро аз тамоми гӯшаву канорҳои минтақа қабул мекунад, чун обу ҳаво зарур аст.

Танҳо таваллудхонаи вилоятӣ дорои чунин дастгоҳи ташхис аст. Муассисаҳои дигари давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон ин гуна дастгоҳ надоранд. Нархи ташхиси МРТ, тибқи нархномаи расмӣ, ки дар девор задаанд, 220 сомонӣ аст.

Баъзе ташхисгоҳҳои хусусӣ дар вилояти Суғд МРТ доранд, вале арзиши ташхис дар онҳо назар ба таваллудхонаи вилоятӣ хеле баланд аст. Аз ин рӯ, талабгорони ташхис дар ин ҷо зиёд буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG