Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ман "модари муваққатӣ" шудам? ВИДЕО


Қаҳрамони Радиои Озодӣ пеш аз сӯҳбати видеоӣ каме асабонӣ аст. Ӯ мегӯяд, ошкоро гуфтани саргузаштҳояш барояшон чандон осон нест. Вай яке аз занонест, ки розӣ шуд ҷисми худро барои таваллуди фарзанди бегона истифода кунад. Аз роҳи бордории муваққатӣ ин зан мушкилоти молии худро ҳал кардааст. То куҷо таҷрибаи модарии муваққатӣ, ки бештар бо истилоҳи русӣ ҳамчун “суррогатное материнство” маъруф аст, барои ин зан осон буд ва ин таҷриба чӣ гуна гузашт?

Модарии муваққатӣ ба хотири наҷоти кӯдакон

Шаҳноза (исми мустаор – Радиои Озодӣ) 39 сол дорад ва модари се фарзанд аст. Ӯ аз аввалин модарони муваққатӣ дар Тоҷикистон аст. Ба

Ин танҳо роҳи чашидани лаззати модарӣ мебошад, илми тибби замонавӣ омода аст ба онҳо мусоидат кунад. Ин хости қонунии ҳар зан аст, ки модар шавад

ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад. Панҷ сол пеш ба ӯ пешниҳод шуд, ки барои як ҷуфти бефарзанд кӯдак таваллуд кунад.

“Ман фикр кардаму ин пешниҳодро пазируфтам, - гуфт Шаҳноза. – Панҷ сол пеш, вақте ҳамсарам маро бо се фарзанд бе хонаву пул танҳо гузошта рафт, ман ба ин кор розӣ шудам. Ҳамсарам ба Русия рафту дигар барнагашт. Аслан кӯмак намекард. Дар яке аз зоишгоҳҳои Душанбе санитарка шудан ба кор даромадам. Пулаш кам буд, пул аслан намерасид. Дар ҳамон ҷо як рӯз як духтур омаду пешниҳод кард, ки ба як ҷуфти безурёт аз Украина кӯмак кунам. Онҳо фақат як орзу доштанд, ки рӯи фарзандро бубинанд”.

Шаҳноза гуфт, баъди мулоқот бо ин ҷуфт маълум шуд, ки онҳо мехоҳанд дар як клиникаи Маскав бо истифодаи маводи биологии худашон тухми бордоршудаи тифлро дар батнаш ҷой диҳанд ва ӯ масъулияти парвариши кӯдакро дар давоми нӯҳ моҳ ба ӯҳда гирад. Ба гуфтаи ин зан – тамоми хароҷоти сафар ба Маскав, ҷараёни муолиҷа дар клиникаи махсус, истеъмоли маводи дорувори ҳормонӣ ва дигарро ба дӯши худ гирифтанд. Дар ин ҷараён модари кӯдак ҳамеша ҳамроҳаш будааст. Баъди як ҳафтаи имзои созишномаи модарии муваққатӣ ташхиси тиббӣ ҳомиладор будани Шаҳнозаро нишон дод.

Модари тоҷик тухмдонашро иҷора дод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Баъди ин Шаҳноза ба Душанбе баргашт. Дар муддати ҳомиладорӣ ба хотири фирор аз сару садо ва чашми бегона дар хонаи иҷорае дар канори пойтахт мезист. Ҳафтае як бор духтур омада ӯро дар хона ташхис мекард, ҳатто хӯрокашро дар яхдон дида мерафт, ки маҳсулоти фоидаовар ба хотири рушди кӯдак истеъмол кунад. Баъди таваллуди кӯдак дар Душанбе, созишномаи наве имзо карду духтарчаро ба дасти волидонашон дод. Дигар баъди он на кӯдак ва на волидонашро надид.

Пушаймон нестам

Шаҳноза ошкор мегӯяд, ки аз оғози ин ҳама ҷараён, ҳеҷ гоҳ ба кӯдак бо чашми умед нанигаристааст ва баъди таваллудаш ҳам аз назари маънавӣ зиёд азият нашуд. Вай мегӯяд, дар клиникаи Маскав ба ӯву дигар занон мушаххас гуфта шуд, ки “шумо инкубатор ҳастед. Дар бораи даромадатон фикр кунеду бас”. Шаҳноза мегӯяд, танҳо баъзе лаҳзаҳо аз ин кору сарнавишти кӯдак ва дигар паёмадҳо андеша мекард, вале дар маҷмӯъ мувофиқ ба машваратҳои равонпизишконе кор кард, ки дар клиника вохӯрда буд.

“Вале ман пушаймон нестам, ки ба ин кор рафтам. Барои он ки ман ҷони фарзандони худро наҷот додам, онҳоро бо хона таъмин ва ҳам як оилаи дигарро хушбахт кардам. Агар аз ман пурсанд, ки "боз розӣ мешавӣ ба ин кор даст занӣ?", бидуни андеша мегӯям, бале. Барои осоиши фарзандонам ман омода ҳастам ба ин кор равам. Медонам, ки маро бисёриҳо танқид мекунанд, шояд аз болоям механданд, мисле, ки баъзе ба истилоҳ дугонаҳоям карданд. Вале вақте фарзандони ман аз гуруснагӣ дар азоб буданд, онҳо дар куҷо буданд?”

"Инсон набояд хариду фурӯш шавад"

Онҳое, ки ақидаи Шаҳнозаро қабул надоранд, дар Тоҷикистони аксар мусалмоннишин кам нестанд. Дар ин замина мавқеи рӯҳониён ҳам мушаххас аст. Ҷамолиддин Хомӯшов, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз назари Ислом масоили марбут ба хонавода ва муносибати зану шавҳар бисёр муқаддас аст.

“Фарзанд вақте мешавад, ки аз худи инсон таваллуд мешавад ва ё бо сабаби ширхорагӣ мешавад. Насабӣ ё сабабӣ ҳам мегӯянд. Насабӣ аз худи инсон таваллуд мешавад ва сабабӣ бо сабаби домод ё келин шудан аст. Аз назари шариат, фарзанд онест, ки аз ҳамон шавҳару зан ба дунё омадааст, ғайри инро Ислом манъ мекунад. Фарзанди аслӣ ё қонунӣ маҳсуб намешавад. Вале онҳое, ки фарзанди худро ба дигарон ҳадя медиҳанд, аз назари Ислом эътибор надорад”.

Ин рӯҳонӣ гуфт, инсон наметавонад мисли мол хариду фурӯш шавад. “Инсон шахсият аст, дорои каромат аст, набояд ҳамчун мол хариду фурӯш шавад”. Ӯ гуфт, мавзӯи тарзи таваллуди фарзанд сиррест, ки рӯзе фош мешавад ва боиси хастагиву нороҳатии кӯдак мешавад.

Муллои тоҷик мегӯяд, иҷора додани бачадон ҷоиз нест.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Профессор Қурбонов: Ин амали ғайриахлоқӣ нест

Профессор ва номзади илми тиб Шамсиддин Қурбонов, муассиси маркази “Насл”, ки аввалин шуда дар Тоҷикистон амалиёти бордоркунии сунъиро ба роҳ мондааст, таҷрибаи модарии муваққатиро хилоф бо арзишҳои ахлоқӣ намебинад.

Вай гуфт, танҳо мухолифи бархурди сирф моливу тиҷоратӣ ба ин масъала ва ҳам талоши занон барои ба даст овардани пули зиёд аз ин кор аст. “Вале вақте ин васила барои як ҷуфти ҳамсарон охирин шонси фарзанддоршавӣ аст ва зан ҳам фикр мекунад, ки ин танҳо роҳи чашидани лаззати модарӣ мебошад, илми тиби замонавӣ омода аст ба онҳо мусоидат кунад. Ин хости қонунии ҳар зан аст, ки модар шавад”.

Вай гуфт, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳодисаҳои таваллуди фарзанд аз роҳи бордории сунъӣ ва аз роҳи амалиёти тиббӣ зиёд аст. Илми тиб имкон медиҳад, ки бо ҷой кардани маводи биологии зану мард дар батни зани дигар ба рушди тухми инсон мусоидат кунанд.

100 ҷуфти ташнаи дидори фарзанд

Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, ки талабот ба ин амалиёт дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва танҳо ба маркази “Насл” соле 80 то 100 ҷуфти бефарзанд муроҷиат мекунад. Таъминан 10-15 дарсади онҳо барои модарии муваққатӣ муроҷиат мекунанд.

Ҳамин миқдор шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа чунин амалиётро анҷом медиҳанд. Дар Қазоқистон модарии муваққатӣ бар асоси қонун иҷозат шудааст ва бар асоси созишномаи расмии миёни модари муваққатӣ бо волидони генетикии кӯдак амалиёт анҷом мешавад. Шамсиддин Қурбонов гуфт, ки дар Тоҷикистон қонун ин таҷрибаро манъ намекунад, вале механизми татбиқи онро ҳам зикр накардааст. Дар Қазоқистон баъди таваллуди кӯдак аз модари муваққат бар асоси қонун шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад, ки дар он исми волидони генетикии ӯ навишта шуда тифл якбора ба хонаи волидонаш меравад.

Табиби тоҷик мегӯяд, қонун модари муваққатро иҷоза диҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Модарии муваққатӣ дар Тоҷикистон як мавзӯи мавриди баҳс мемонад. Вале мусаллам аст, ки касе ҳақ надорад волидони ноумедшударо аз шонси ба даст гирифтани фарзанде, ки хуну пӯсти онҳост, маҳрум кунад. Дарди онҳоро бештари вақт худи онҳо эҳсос мекунанд, на дигарҳо.

XS
SM
MD
LG