Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Магар давлат ба касе ҳақ додааст, ки одамонро шиканҷа кунанд?" ВИДЕО


Искандар мегӯяд, то кунун гӯшаш сиҳат нашудааст.
Искандар мегӯяд, то кунун гӯшаш сиҳат нашудааст.

Як сокини ноҳияи Муъминобод ба додситонии вилояти Хатлон расман шикоят бурдааст, ки маъмурони милисаи ноҳия фарзанди ӯро лату кӯб ва сахт маҷрӯҳ кардаанд. Сафармоҳ Зарифова, сокини кӯчаи Румӣ, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони милиса моҳи марти имсол Искандар Аврангов, писари 33-солаашро сархуш боздошт карда, дар шӯъбаи умури дохилӣ ба ҳадде задаанд, ки то кунун аз гӯшаш хун меравад.

Ҳар рӯз меравад, гӯшашро тоза карда меояд, аз гӯшаш хун меравад

“Дар миёни фарзандон ҳамин писарам ба Русия мераваду пул меорад ва зиндагиамонро таъмин мекунад. Падараш дар хона бемор аст, кор карда наметавонад. Ҳар рӯз меравад, гӯшашро тоза карда меояд, аз гӯшаш хун меравад”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Сафармоҳ Зарифова гуфт, азбаски дар мақомоти интизомии ноҳияи Мӯъминобод “касе арзу додашонро” нашунид, то ба Додситонии кулл ба шаҳри Душанбе омад ва дар инҷо ба ӯ гуфтанд, ки расман ба додситонии вилояти Хатлон муроҷиат кунанд.

Баъди ин аризаи шикоятии модари Искандар Авранговро дар додситонӣ қабул кардаанд. Дар додситонии Хатлон рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ аризаи сокини Сафармо Зарифоваро қабул карданд ва айни замон "ариза дар истеҳсолот қарор дорад", яъне баррасӣ мешавад.

Магар ба онҳо вазифа доданд, ки одамонро азоб диҳанд?

Дар аризаи Сафармо Зарифова, ки нусхае аз онро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, омадааст, ки “Прокурори мӯҳтарам аз Шумо пурсон мешавам, ки магар дар мақомоти умури дохилӣ, мақомоти қудратӣ ва дар вақти корӣ чунин азобу шиканҷа додан мумкин аст? Магар давлат ба онҳо либоси низомӣ, маош, вазифа ва ҳуқуқ додааст, ки дар пайи шиканҷаи одамон бошанд?”

"Магар давлат ба касе ҳақ додааст, ки одамонро шиканҷа кунанд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Худи Искандар Аврангов имрӯз ҳодисаро ба Радиои Озодӣ нақл кард ва иддао кард, ки маъмурони милиса ӯро бе ҳеҷ асосе латукӯб кардаанд. Вай гуфт, сабаби ба шӯъбаи милиса афтоданаш сархушиаш буд, ҳарчанд ба қавли Искандар вай кори ғайриқонуние накардааст. Ба қавли Искандар, мақомоти милиса ӯро баъди ҷанҷоли лафзӣ бо ду сокини ноҳия боздошт карда ба шӯъбаи умури дохилӣ оварданд ва бе ҳеҷ сабаб ба таҳқиру дашном шурӯъ карданд.

Сафармоҳ Зарифова
Сафармоҳ Зарифова

“Бо пойи худам омадам. Ду корманди милиса, ки якеаш Сафар ном дошт, маро ба шӯъба оварданду бо ҳақорату дашном латту кӯбро сар карданд. Онҳо мехостанд, маро барои сархушӣ ҷарима кунанд. Баъди гирифтани баёнот ба таҳхонаи бинои шӯъба бурда шиканҷа карданд.”

Ба иддаои Искандар Аврангов ду маъмури милиса ва ду нафари дигар ки либоси мулкӣ доштанд, ба номи модару ҳамсар ва хоҳараш дашномҳои қабеҳ медоданд ва ӯро ба ҳадде задаанд, ки аз гӯшаш хун омадааст.

“Пешонаам аз зарби мушт сиёҳ шуда буд, то ҳол аз гӯшам хун меравад. Аз соати 2 и рӯз то соати 11 шаб маро заданд ва баъд ба бародарам занг заданд, ки омада маро барад. Ман дигар аз ҳуш рафта будам”, - мегӯяд ӯ. Искандар гуфт, ки баъди ин ҳодиса ба Маркази ташхиси суди тиббӣ рафтааст ва натиҷаҳои ташхиси тиббии марказ ва санади шифохонаи Кулобро ҳам дар даст дорад.

Сӯрохи пардаи гӯш ва ларзиши мағзи сар

Табибони марказ ҳам баъди ташхис ба ин натиҷа расидаанд, ки осори ҷароҳатҳо нишон медиҳад, “онҳо аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд пайдо шудаанд. Хулосаи ташхис ҳам нишон медиҳад, ки дар натиҷаи латукӯб, “пардаи табли гӯши рости Искандар Аврангов сӯрох шуда ва мази сараш ларзидааст.

Дар инҷо 10 рӯз табобат гирифтам вале ҳанӯз ҳам гӯшам сиҳат нашудааст

Искандар Аврангов мегӯяд, бародараш ӯро як рӯз баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳи шӯъбаи умури дохилӣ ба шифохонаи марказии марказии шаҳри Кӯлоб барои муолиҷа овардааст.

“Дар инҷо 10 рӯз табобат гирифтам вале ҳанӯз ҳам гӯшам сиҳат нашудааст” – гуфт ӯ.

Ҳамааш дурӯғ аст, касе ӯро назадааст

Идораи милисаи ноҳияи Муъминобод
Идораи милисаи ноҳияи Муъминобод

Аммо мақомоти милисаи ноҳияи Мӯъминобод, иддаои Искандар Аврангов ва хешовандони ӯро қотеона рад карданд. Саидҷалол Одинаев аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте ба шӯъбаи мо занг заданд, кормандони мо рафта диданд, ки дар даруни ҷӯйбор беҳуш афтодааст. Ҳеҷ касе ӯро назадааст, дурӯғ мегӯяд."

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, аз шӯъбаи амнияти корҳои дохилии минтақа барои таҳқиқи иддаои Искандар Аврангов омаданд ва бо ӯ сӯҳбат карданд, ки “дар ҳақиқат латукӯб шудааст, ё не. Ҳеҷ чиз наёфтанд, рафтанд. Вале онҳо аз корманди шӯъба Сафар Нуров шикоят доранд, ки гӯё ӯро зада бошад”.

Вақте ба шӯъбаи мо занг заданд, кормандони мо рафтанд ва диданд, ки дар даруни ҷӯйбор беҳуш афтодааст. Ҳеҷ касе ӯро назадааст, дурӯғ мегӯяд.

Амрулло Аврангов, падари Искандар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ онҳоро ба Шӯъбаи амнияти раёсати корҳои дохилӣ даъват карда, баёнот гирифтанд ва дигар ором шуданду “суроғ накарданд.”

Ба қавли хонаводаи Искандар Аврангов, азбаски дар мақомоти интизомии минтақа муроҷиатҳои онҳоро ба инобат нагирифтанд, онҳо маҷбур шуданд, то ба додситони кулл бираванд. Ҳоло мунтазиранд, ки додситонии вилояти Хатлон аризаи шикоятии онҳоро чӣ гуна баррасӣ мекунанд.

Усулҳои шиканҷа: Овехтан аз олати таносул

Искандар Аврангов
Искандар Аврангов

Дар Тоҷикистон бадрафтории маъмурони милиса ва ё латту кӯби боздоштшудагон ба мушоҳида мерасад ва ба гуфтаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон танҳо дар се моҳи гузашта ба онҳо 16 нафар аз рафтори мақомоти интизомӣ ва бахусус маъмурони милиса шикоят кардаанд. Дар байни онҳо ду нафар зан ҳам будаанд.

Ба гуфтаи масъулони Эътилоф, 14 шикоят аз рафтори кормандони Вазорати умури дохилӣ ва ду шикоят аз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ будааст. Дар ҳисоботи эътилоф дар бораи се моҳи фаъолияташон омадааст, ки бадрафторӣ ҳангоми бозпурсӣ рух додаанд ва усулҳои ваҳштанокеро ба кор бурдаанд.

Гузоштани барқ ба нӯги ангуштон, ё аъзои таносули мардон, овехтани зарфҳои пластикии пур аз хок ба узви мардонаи таносул.

"Чунин усулҳои шиканҷаро ба кор бурдаанд: Ба аъзои гуногуни бадан задан, аз ҷумла бо калтаки резинӣ, гузоштани барқ ба нӯги ангуштон, ё аъзои таносули мардон, овехтани зарфҳои пластикии пур аз хок ба узви мардонаи таносул, сӯзан задан, ба зери ангуштон, фишори равонӣ, вонамуд кардани таҷовузи ҷинсӣ, нигаҳ доштан дар оби хунук аз 1 то 2 рӯз, андохтани ниқоби муҳофизат аз газ, сӯзондани бадан бо сигор, бастани даҳон бо скоч.”

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла се муттаҳамро маҷбур кардаанд, ки бо тамоми қувва ба рӯи якдигар шаппотӣ бизананд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта чунин иттиҳомотро пайваста рад кардаанд, ҳарчанд гуфтаанд, ки чандин маъмури милиса барои бадрафторӣ ва ё истифодаи шиканҷа танбеҳ гирифта, ба зиндон ҳам маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG