Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат дар Саудӣ: "Ҷасади хонаводаи тоҷик дар меҳмонхона ёфт шуд" ВИДЕО


Шаҳри Мадинаи Мунаввара
Шаҳри Мадинаи Мунаввара

Бахтиёр Додохонов, соҳибкори тоҷик, бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст. Хабари марги Додохонови 35-сола, ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) рӯзи 6-уми март ба наздиконаш расонда шуд. Аъзои хонаводаи Додохоновҳо мегӯянд, ҳодиса рӯзи 5-уми март рух додааст.

Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 7-уми март дар як тамоси катбӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Риёз гуфт, марги хонаводаи соҳибкори тоҷик Додохонов мавриди таҳқиқи сохторҳои дахлдори Арабистони Саудӣ қарор дорад ва баъди анҷоми ташхиси тиббӣ сабаби марги онҳо маълум хоҳад шуд. Ӯ ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи дар кадом ҳолат ошкор шудани ҷасадҳо гуфт, "ҷасадҳо аз дохили утоқи меҳмонхона ёфт шудаанд".

Раҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Саудӣ афзуд, сафорат аз дақиқаҳои аввали расидани ин хабар бо мақомот дар тамос аст ва баробари расидани хабарҳои нав онро дар ихтиёри матбуот хоҳад гузошт. "Мо бо онҳо дар тамоси доимӣ қарор дорем. Аммо доир ба сабабҳо ва ҳолати рух додани ин ҳодисаи нохуш чизе гуфта наметавонем, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиббӣ машғули таҳқиқотанд. Посухи онҳоро интизорем. Баробари расидани хабарҳои нав, хабар хоҳем дод", - гуфт Заробиддин Қосимӣ.​

Фавти як оилаи тоҷик дар Арабистони Саудӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ду фарзияи марги Бахтиёр ва зану кӯдаконаш

Давоми ду рӯзи гузашта дар миёни хешу табор дар бораи сабабҳои марги чаҳор узви ин оила фарзияҳои мухталиф вуҷуд дошт. Аз ҷумла, гуфта мешуд, гӯиё онҳо дар як садамаи автомобилӣ ҷон бохтаанд. Ҳамчунин, ин фарзия садо медод, ки онҳо дар меҳмонхона заҳролуд ё кушта шудаанд. Ниҳодҳои расмии Арабистони Саудӣ дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Сабаби мусофирати охири ин хонавода ба Арабистони Саудӣ, адои Ҳаҷҷи Умра гуфта мешавад. Ба қавли яке аз пайвандон, онҳо тақрибан даҳ рӯз пеш ба Саудӣ рафта, билети баргаштро ҳам доштанд.

Рӯзи 7-уми март манзили Манзурхон Додохонов, раиси пешини идораи "Шарқи Озод" ва падари Бахтиёр Додохонов, ба худ мотам гирифта буд. Аз дирӯз ба ин тараф наздикону дӯстони ин хонавода ба манзили ӯ дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе барои тасаллият меоянд.

Бахтиёр Додохонов писари ягонаи ин хонавода будааст. Аз ӯ як духтари 14-сола бо номи Мадина ба ёдгор мондааст.

Ба қавли наздикон, Бахтиёр Додохонов дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғул буд. Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Додохонов дар Арабистони Саудӣ ҳам шарикони тиҷоратӣ дошт ва дар солҳои мухталиф бо фурӯши атриёт ва телефонҳои мобилӣ машғул буд.

"Онҳо ба Ҳаҷҷи Умра рафта буданд"

Сабаби мусофирати охири онҳо ба Арабистони Саудӣ адои Ҳаҷҷи Умра будааст ва, ба қавли яке аз наздиконаш, онҳо тақрибан даҳ рӯз пеш ба он кишвар парвоз карда, билети баргаштро ҳам доштанд. Наздикони Манзур Додохонов аз қавли ӯ мегӯянд, бори охир рӯзи душанбеи 5-уми март бо писар ва набераҳояш телефонӣ сӯҳбат дошт ва онҳо гуфтаанд, барои рӯзи дигар, яъне 6-уми март тариқи Алмаато билети бозгашт доранд.

Ҳатто яке аз набераҳояш гуфтааст, ки "бобоҷон, бароят тӯҳфа мебарем."

Манзурхон Додохонов гуфтааст, бегоҳи он рӯз беш аз 20 дафъа талош кард, бо Бахтиёр тамос бигирад, аммо аз он тараф садое намеомад ва худашро таскин дод, ки шояд фарзанду набераҳояш савори ҳавопаймо шуданд ва бинобар ҳамин наметавонанд ба зангҳо посух диҳанд.

Падар ба пешвози писару набераҳояш ба фурудгоҳ рафт, вале...

Бахтиёр Додохонов ва аҳли хонаводааш қарор буд соати 11:30-и рӯзи 6-уми март ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расанд. Манзурхон Додохонов гуфтааст, ба ин хотир ба фурудгоҳ рафт, аммо фарзанд ва келину набераҳояш берун наомаданд. Сипас, ба сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе муроҷиат кард ва ба ӯ гуфтаанд, ки писар, келин ва набераҳояш дар он кишвар ҷон бохтаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Мадинаи Мунаввара дафн мешаванд ё ба Душанбе интиқол меёбанд. Дар гузашта зоироне, ки дар ҷараёни адои Ҳаҷ фавт мекарданд, дар қаламрави Арабистони Саудӣ ба хок супурда мешуданд.

XS
SM
MD
LG